04:23:38 20-уми Майи 2025 сол

ШАҲРДОРӢ БОЗОРҲОИ АРЗОНИ МАВОДДИ ҒИЗОӢ ТАШКИЛ КАРДААСТ

Бино ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе аз рӯзи 28 то 31-уми декабр дар манотиқи мухталифи пойтахти Тоҷикистон бозори макораи маводди ғизоии арзон баргузор мешавад.

/images/stories/2011/12/28_saidov_281211.jpgШавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, ин иқдоми шаҳрдорӣ дар ҳамкорӣ бо бархе аз сохторҳо ва муассисоти давлатии масъул ба амнияти ғизоӣ дар кишвар ба муносибати фаросарии соли нави мелодӣ сурат мегирад. Вай гуфт: “Ин тасмим ба хотири он гирифта шуд, ки дастурхонҳои мардуми пойтахт дар рӯзҳои ҷашни соли нави мелодӣ пур бошад.”

Ба ин хотир қиммати маводди ғизоӣ дар бозорҳои макора поинтар хоҳанд буд. Ба гуфтаи оқои Саидов маҳсулоти аслие, ки дар ин бозорҳо ба фурӯш гузошта мешаванд ин гӯшт, биринҷ, сабзиҷоту меваҷот, тухми мурғ ва шаккар будааст.

Тибқи нархномаи таъйидшуда гӯшти гов дар ин бозорҳо бо қимати 27 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 28 сомонӣ, картошкаву пиёз 1.7 сомонӣ, карам 1.3 сомонӣ биринҷ то 7 сомонӣ, сабзӣ - як сомонӣ ва тухми мурғ 65 дирам бошад.

Ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ ин бозорҳои макора бо кумаки муассисаҳои захоири маводди ғизоӣ, “Тоҷикматлубот”, ва бархе аз муассисаҳои кишоварзӣ ташкил шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдорӣ чунин бозорҳои вижаи қабл аз соли навӣ аз ҷумла дар назди бозорҳои “Саховат”, "Деҳқон", “Шоҳмансур”, “Қараи Боло” ва наздикии боғи ба номи “С. Айнӣ” фаъол ҳастанд.

Шаҳрдорӣ борҳо дар остонаи ҷашнҳои мухталиф барои ташкили фурғши арзони маводди ғизоӣ талош кардааст. Аммо коршиносон мегӯянд, қиммати маводи ғизоӣ дар чунин бозорҳо ба таври куллӣ аз қимати бозорҳои маъмулӣ фарқ надоштаанд.

Сокинони шаҳр ҳамчунин шоҳиди ба таври иҷборӣ поин фаровардани қиммати гӯшт дар бозорҳои гӯшти шаҳри Душанбе шуда ва аз ин иқдом низ интиқод кардаанд. Зеро гузориш шуда буд, вақте шаҳрдорӣ гӯштфурӯшиҳоро маҷбур кардааст, қимати гӯштро поин баранд, аксари гӯштфурӯшиҳо баста шуда ва ё бархе дигар гӯшти бадро ба бозор баровардаанд.

Дар ҳамин ҳол Обида, фурӯшанбаи тухми мурғ дар бозори Шоҳмансур аз ин гела дорад, ки масъулони бозор онҳоро маҷбур месозанд тухми мурғро арзон фурӯшанд, дар ҳоле, ки ба дасти онҳо ин маводд бо қимати маъмулӣ омадааст.

Обида мегӯяд: "Ба мо гуфтанд, агар арзон намефурӯшед, равед дам гиред. Мо агар дам гирем дар соли нав кудаконамон чӣ хӯранд? Охир маҳсулотро ба мо арзон биёранд, мо арзон мефурӯшем. Аммо наоварданд-ку. Ҳар ҷашн инҳо моро ҳамин тавр азият мекунанд!"

Бозорҳои макораи арзон дар шаҳри Душанбе, дар ҳоле ташкил мешаванд, ки нархи маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон дар зарфи як соли охир борҳо афзоиш ёфтааст. Созмонҳои байналмилалӣ мукарраран аз таъсири ногувори бӯҳрони қимати маводди ғизоӣ дар ҷаҳон ба зиндагии мардуми кишварҳои умдатан воридкунанда ба мисли Тоҷикистон ҳушдор додаанд.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли ҷорӣ як ниҳоди нав барои таъмини амнияти ғизоӣ таъсис дода буд. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳадафи аслии ин ниҳод чораандешӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳо дар заминаи таъмини амнияти ғизоӣ ва рафъи мушкилоти мавҷуд дар ин арса, бавижа дар шароити бӯҳронӣ, будааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ