06:12:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚОЧОҚИ НАВБАТИИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ БА АФҒОНИСТОН

Шанбеи гузашта қариб 2 ҳазор нафар сокинони Бадахшони Тоҷикистон дар бозори марзии ноҳияи Ишокошим ба мақсади тиҷорат ҷамъ омаданд, аммо бар хилофи интизори мардум бозор баргузор нашуд. Сабабро тоҷирони махалӣ пеш аз ҳама монеа аз тарафи марзбонони кишвари хамсоя мешумурданд.

/images/stories/2012/01/01_badakhshan-afghanistan_2012.jpgАммо бар акси ҳол ба воридшавии тоҷирони афғон ба бозори марзии нохияи Ишкошим марзбонон ва сардорати идораи гумруки вилоят монеъ шуданд. Муовини прокурори гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ Хуршед Мустафоқулов қайд кард, ки манъи вуруди тоҷирони афғон ба бозор пас аз пурзӯр намудани тартиботи тафтишотии марзбонон ва кормандони гумруки вилоят дар гузаргоҳи марзи сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ишкошим Акрамшо Кӯчакшоев пас аз қочоқи духтари ноболиғ тавассути гузаргоҳи марзии ноҳияи Ишкошим вуруд ба бозори марзӣ аз ҳар ду тараф зери тафтишот ва назорати қавӣ гирифта шудааст. Тоҷирони афғон бошанд амали тафтишгаронро монеаи тиҷорати худ шумурда, аз ташкили бозори шанбегӣ худдорӣ намуданд.

Хуршед Мустафоқулов гуфта дод, ки тибқи натиҷаи тафтишот маълум гардид, дар ҳақиқат, духтари ноболиғ, ки сокини ноҳияи Варзоб буд ва 17 сол дошт, рӯзи баргузории бозори шанбегӣ дар бозори марзии ноҳияи Ишкошим ғайриқонунӣ тариқи гузаргоҳи мазкур ба Афғонистон гузаронда шуд.

Вай афзуд, ки интиқоли шаҳрванди ноболиғи тоҷик бо роҳи фиреб ва ба даст овардани ризоияташ сурат гирифтааст. Марди миёнсоли афғон, ки ба сифати гуреза аз соли 2008 дар Тоҷикистон кору фаъолият дошт ва ҳатто оила бунёд намудааст, бо роҳи фиреб розигии хоҳарзанашро соҳиб шуда, ӯро ба Афғонистон бурда, ҳамчун зани дуюм ба никоҳи худ даровардааст.

Ӯ ба рӯи духтари ноболиғ фаранҷӣ кашида ӯро гузаронд ва марзбонони тоҷик вақте хабар ёфтанд, ки бо анҷоми бозор ҳуҷҷати шаҳрвандиашро дар дасти назоратчиёни дари вуруди бозор ёфтанд. Ҳоло бошад шаҳрванди ноболиғи тоҷик орзуи бозгашт ба ватанро дорад.

Бозорҳои марзӣ ба мақсади паст намудани сатҳи камбизоатии мардуми деҳоти ҳар ду тараф ташкил шудаанд ва имрӯз дар густариши муносибатҳои тиҷоратӣ саҳми бузург доранд, қайд намуд раиси ноҳияи Ишкошим.

Ба гуфтаи ӯ ҳоло ҷониби вулусволии Ишкошими Афғонистон аз раёсати ноҳияи Ишкошим дархостааст, то фаъолияти бозори марзиро дар гузаргохи Ишкошим ҷоннок кунанд. Аммо минбаъд барои пешгирии қочоқ тасмим аст, ки низоми тафтишот дар гузаргоҳ пурзӯртар карда шавад.

То ҳол дар ВМКБ 4 бозори марзӣ, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва маҳалли Теми Хоруғ фаъолият намуда, бозори марзии Ишкошим калонтарини онҳо ба шумор меравад.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруг



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi