00:23:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЛОШҲОИ ДИЛГАРМӢ. ТОҶИКИСТОН ХУБ АСТ Ё УЗБАКИСТОН?

 

Ба деҳкадаҳои наздимарзии Платина ва Горний дар ноҳияи Спитамен, ки тақрибан ду моҳ комилан бе нерӯи барқ ба сар мебурданд, аз ҷониби шаҳри Бекобод барқ омад. Узбакистон дар ҳоле ин маҳалҳоро дубора ба шабакаи барқи худ васл кард, ки Тоҷикистон бо хоҳиши сокинон мехост, ин маҳалҳоро аз шабакаи барқи кишвари ҳамсоя ҷудо ва ба шабакаи худ пайваст кунад.

Uzbakiston TojikistonШавкат Қодиров, раиси ҷамоати Қуштегирмони ноҳияи Спитамен ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тоҷик дар ин бора ҳукумати шаҳри Бекободи Узбакистонро дар ҷараён гузоштанд, аммо дар посух, ҷониби Узбакистон интиқоли барқро аз сар гирифт. Вай афзуд, кормандони ширкати барқи Узбакистон аҳолиро огоҳ кардаанд, ки аз корбурди асбобҳои барқии дастисохт худдорӣ кунанд. Аммо интиқоли гази табиӣ аз сар гирифта нашудааст.

Деҳкадаҳои наздимарзии Платина (Сарбанд) ва Горний (Кӯҳдоман), воқеъ дар канори обанбори Фарҳод аз нигоҳи маъмурӣ ҷузъи Тоҷикистон, аммо васл бо Узбакистонанд ва он ҷо шаҳрвандони тоҷику узбак канори ҳам зиндагӣ мекунанд.

Дар ин мавзеъ ҳанӯз хатти марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон муайян ва нишонгузорӣ нашудааст. Солҳои ахир мақомоти ҳар ду кишвар талош доранд, дили сокинони ин маҳалҳои «баҳснок»-ро ба худ "гарм" ва шаҳрвандии кишвари худро ба онҳо тақдим кунанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки тахминан ду моҳ қабл ҳудуди 30 шаҳрванди узбак барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ ба мақомоти ноҳияи Спитамен муроҷиат карданд ва фардои он рӯз ҳам интиқоли нерӯи барқ, газ ва оби нӯшокӣ аз ҷониби Узбакистон қатъ гардид. Ба гуфтаи бархе сокинон, эҳтимол ин иқдоми сокинон, мақомоти Тошкандро  ба хашм овард ва қудрати худро бо қатъ кардани барқ ба намоиш гузоштанд. Узбакистон ҳамзамон, барои шаҳрвандони худ 20 мошин маводи ғизоӣ фиристод.

Тоҷикистон ба навбати худ ба бунёди мактабу кӯдакистон ва фурӯшгоҳ барои сокинони деҳкадаҳои Платинаву Горний оғоз кардааст. Ҳафизӣ Умед Ҳайдарзода, муовини раиси ноҳияи Спитамен ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сохтмони ин иншооти зербиноӣ дар соли таҳсили 2012 – 2013 ба анҷом хоҳад расид. Аммо ба гуфтаи Шавкат Қодиров, раиси ҷамоати Қуштегирмони ноҳияи Спитамен, ҷониби Узбакистон интитқоли барқро ба ин минтақа пас аз як садама дар неругоҳи хурди маҳаллӣ қатъ карда, ин иқдом ангезаи сиёсӣ надоштааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi