10:56:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИИКИСТОН ДАР РУСИЯ

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба ҳангоми талоши кӯдакфурӯшӣ боздошт шудааст. Манобеъи умури интизомӣ дар Маскав мегӯянд, кормандони пулис дар ин ноҳия дар бораи ин, ки фарде дар ҷустуҷӯйи харидор барои кӯдаке ширхора аст, иттилоъ ёфта ва амалиёти вижаеро барои баррасии саломат доштани ин хабар анҷом додаанд. 

Кормандони пулис дар чаҳорчӯби ин амалиёт худро харидор муъаррифӣ карда ва бо шаҳрванди тоҷик тамос гирифтаанд. Ин фард, ки пулис номашро махфӣ медорад, бар ивази кӯдак аз “харидорон” 100 ҳазор рубли русӣ тақозо кардааст. Дар натиҷаи ин амалиёт шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда ва дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Манобеъи интизомии Русия дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқи қазия ҳастанд ва сойти "Вести.ру" хабар дода, ки ҳувияти модари ин кӯдак мушаххас шудааст.

Тибқи ин хабар, модари кӯдак ҳоло дар Тоҷикистон ба сар мебарад ва интизор меравад базудӣ барои гувоҳӣ додан ба Русия бозгардад. Намояндагони Вазорати кишвари Тоҷикистон дар Русия ин хабарро таъйид ё такзиб накарданд.

Ин аз мавориди нодир аст, ки аз талоши кӯдакфурӯшии як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия гузориш мешавад, Аммо аз мавориди кӯдакфурӯшӣ дар дохили ин кишвар дар гузашта гузоришҳое шуда буд. Ба гуфтаи коршиносон, чунин маворид умдатан ба фақри шадид дар Тоҷикистон ва радди кӯдакони "номашрӯъ" аз сӯйи модарон ба далели фишорҳои иҷтимоъӣ марбут аст.


Фарзандони "номашрӯъ"

Ҷомеъашиносон қазоёи хариду фурӯши атфол дар Тоҷикистонро ғайритабиъӣ намедонанд. Фарзанди “изофӣ” барои бархе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки 54 дарсади ҷамъияти ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебарад, мушкилзост.

Аз сӯйи дигар, занони тоҷике низ ҳастанд, ки бидуни никоҳи расмӣ ва ё мазҳабӣ бордор шуда ва аз бими маҳкумияти худ дар ҷомеъа ё доғи нанг, аз фарзандони худ даст мекашанд - онҳоро дар зоишгоҳ раҳо мекунанд ва ё ба пайвандонашон медиҳанд. Зебо Шарипова, масъули созмони ғайридавлатии “Анҷумани занҳои ҳуқуқдон”, мегӯяд дар замони Шӯравӣ дар муқоиса бо замони имрӯз шумори занҳое, ки бидуни издивоҷ фарзанддор шуда ва фарзандро батанҳоӣ бузург мекарданд, зиёдтар буд.

Ба гуфтаи вай, ин амр ба вазъи беҳтари иқтисодӣ ва иҷтимоъии занон дар замони Шӯравӣ марбут буд ва вай меафзояд, ки "зеҳнияти мардум низ он замон монанди имрӯз хеле суннатгароёна набуд". Хонум Шарипова мегӯяд: “Ба ақидаи шахсии ман, иртиботи ҷинсӣ доштани як зан бо мард дар синни булуғ табиъист ва набояд аз ин фоҷеъа сохт, аммо дар ҷомеъаи мо ин амр маҳкум мешавад.”

Ин масъули Анҷумани занони ҳуқуқдон афзуд: “Муттаассифона, агар зани тоҷик бихоҳад фарзанди номашруъи худро бо кумаки молии падари кӯдак бузург кунад ва аммо мард фарзандашро эътироф намекунад, дар чунин ҳолат дар мо имтиҳони генетикӣ барои собит кардани падар будани ин ё он шахс вуҷуд надорад.”

Додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо дар сурати вуҷуди шоҳидон падарии фардро бар кӯдаке собит мекунанд. Дар ҳамин ҳол, манобеъи пулис омори ҷудогонае дар бораи мизони кӯдакфурӯшӣ сабт намекунанд, вале гуфта мешавад дар соли 2007 кормандони интизомии ин кишвар аз 13 мавриди кӯдакфурӯшӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Омори ду соли ахир дар даст нест.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi