22:51:36 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СӮҲРОБ ҚУРБОНОВ: “МЕХОҲАНД МАРО НОБУД СОЗАНД”

 

Сӯҳроб Қурбонов, раиси Иттиҳодияи наққошони Тоҷикистон аз симати худ истеъфо дод. То замони баргузории анҷумани ғайринавбатӣ Ҷамшед Юнусов вакили раиси ин иттиҳодияи ҳунарӣ таъйин шудааст.

suhrob_qurbanovИн дар ҳолест, ки додситонии Тоҷикистон таҳқиқи фаъолияти Сӯҳроб Қурбонов дар ин симатро оғоз кардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, гурӯҳе аз наққошони тоҷик бо ирсоли номае ба мақомоти кишвар аз вуҷуди фасод ва тақаллуб дар фаъъолияти Иттиҳодияи наққошони Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Аз ҷумла, иддаъо шудааст, ки оқои Қурбонов бо ҷонибдорони худ дар моҳи августи соли гузашта анҷумани ин иттиҳодияро баргузро карда ва ба сурати ғайриқонунӣ раиси ин ниҳод интихоб шудааст. Иттиҳоми дигари мухолифони оқои Қурбонов ба хусусисозии бӯстонсаро ва сохтмони Иттиҳодияи наққошон марбут аст.

Сӯҳроб Қурбонов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин иддаъоҳоро бепоя хонд. Ба гуфтаи вай, Иттиҳодияи наққошон як созмони ҷамъиятист, ки аз сӯйи давлат сармоягузорӣ намешавад. Ҳарчанд дар замони шӯравӣ давлати вақт ба фаъъолияти ин ниҳод таваҷҷуҳ дошт ва барои рушди фаъъолияти наққошон ҳамасола маболиғи ҳангуфте ихтисос медод.

Оқои Қурбонов гуфт: “Ҳоло фаъъолияти мо аз сӯйи додситонӣ таҳқиқ мешавад ва мушкили ҷиддие ошкор нашудааст. Танҳо иддаъо меашвад, ки баргузори анҷумани соли гузашта ғайриқонунӣ аст. Ҳарчанд, мо чунин иддаъоро қабул надорем, зеро бештаре аз мухолифони мо дар кори ин анҷуман ширкат дошта ва раъй доданд.”

Ин наққоши саршиноси тоҷик афзуд, ки 9 сол қабл вай бӯстонсарои Иттиҳодияи наққошонро хусусӣ карда буд ва маблағи он ба суратҳисоби ин ниҳод ворид шудааст. Оқои Қурбонов мегӯяд, ки дар тӯли ин солҳо фаъъолияти Иттиҳодияи наққошон се маротиба аз сӯйи додситонӣ ва Ожонси мубориза бо фасод бозрасӣ шуда ва мушкиле ошкор нашудааст.

Сӯҳроб Қурбонов гуфт: “Ҳамчунин иддаъоҳо шудааст, ки ман як табақаи сохтмони Иттиҳодияи наққошонро хусусӣ кардам. Ин дуруст аст ва маблағи ин сохтмонро ман пардохт кардаам. Дар ин сохтмон ман намоишгоҳи наққошони тоҷикро бунёд карда ва ҳамасола то 10 намоиши ихтисосии онҳоро баргузор мекунам.”

Вале, ба гуфтаи оқои Қурбонов, мухолифонаш, ки аз ҷумлаи кормандони Сандуқи ҳунарӣ ё “Худфонд” мебошанд, пофишорӣ доранд, ки вай аз симаташ биравад. “Ман ариза навишта ва аз ваколати раиси Иттиҳодияи наққошон даст кашидам. Раёсати иттиҳодия Ҷамшед Юнусов, як наққоши ҷавони тоҷикро вакили раиси Иттиҳодияи наққошон таъйин кард.”

Дар ҳамин ҳол Вафо Назаров, наққоши тоҷик, ки бархеҳо ӯро аз мухолифони оқои Қурбонов медонанд, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин қазия чандон огоҳ нест, зеро санади расмие дар даст надорад.

Абдураҳим Назирматов, наққоши дигари тоҷик мегӯяд, ки дар бораи вазъи феълии Иттиҳодияи наққошон иттилоъ надорад. “Соли гузашта анҷумани ин иттиҳодия баргузор шуд, вале маро даъват накарданд. Ҳатто, намедонам, ки то ҳол узви ин ниҳод ҳастам ё на. Шунидам, ки додситонӣ фаъъолияти Иттиҳодияи наққошонро бозрасӣ мекунад, вале ҷузъиёташро намедонам.”

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Қурбонов муътақид аст, ки алайҳаш корзори густурда рӯйи даст гирифта шудааст ва ҳадафи мухолифонаш “нобуд кардани ӯст.” Вай гуфт: “Ман ҳарос надорам. Ҳатто агар зиндониам кунанд, ба шуғли худ содиқ мемонам.”

Зимнан, Сӯҳроб Қурбонов, ки феълан 66-сола аст, аз наққошони саршиноси муъосири тоҷик аст ва осори вай пайваста дар кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi