13:00:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

“ВАЗОРАТИ ОБ “БАРҚИ ТОҶИК”-РО ВАРШИКАСТА МЕКУНАД”

 

Вазорати обу обёрии Тоҷикистон аз бузургтарин бидеҳкорони ширкати “Барқи тоҷик” маҳсуб шуда ва мизони бидеҳиҳои он болиғ ба 180 милюн сомониро ташкил медиҳад.

babakalonovАз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 18 январ дар ҷаласаи ҳайъати давлат ба бидеҳиҳои бузурги Вазорати обу обёрӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” ишора карда ва гуфтааст, ки “Вазорати об ширкати “Барқи тоҷик”-ро банкрот (варшикаста) мекунад."

Ҳамзамон, Президент Раҳмон ба масъулони ин вазорат дастур додааст, ки барои пардохти сареъи бидеҳиҳои худ ҷиддан талош кунанд. Раҳмат Бобокалонов, вазири обу обёрии Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё муҷтамаъҳои кишоварзӣ аз масрафкунандагони аслии об буда, ба миқдори 207 милюн сомонӣ ба ин вазорат ҳаққи хидмати обрасониро пардохт накардаанд.

Оқои Бобокалонов гуфт: “Бар асоси қарори (мусаввабаи) давлати Тоҷикистон, вазорати мо дар мавсими обёрӣ ҳаққи қатъи интиқоли об ба хоҷагиҳои кишоварзиро надорад. Ин хоҷагиҳо аз ин вазъият истифода карда, қарзҳои худ барои истифодаи обро пардохт намекунанд.”

Ба гуфтаи ӯ, ба ин далел Вазорати обу обёрӣ на танҳо аз ширкати “Барқи тоҷик” бидеҳкор аст, балки ба сандуқи пардохти маъош низ 3,4 милюн сомонӣ, ба Сандуқи ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ 12 милюн сомонӣ ва ба ниҳодҳои молиётӣ ба миқдори 30 милюн сомонӣ пардохт накардааст. Бино ба гузориши ин вазорат, 48 дар сади мазореъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд ва ин рақам дар вилояти Суғд болиғ ба 80 дар сад будааст.

Аз ин лиҳоз, дар мавсими обёрӣ барои фаъолияти ин пойгоҳҳо миқдори зиёди нерӯи барқ лозим аст. Масалан, дар соли гузашта ба ин манзур 1,6 милёрд килувот/соъат нерӯи барқ масраф шудааст. Зимнан, бар асоси мусаввабаи давлати Тоҷикистон, соли гузашта қимати 1 килувот/соъат нерӯи барқ барои истгоҳҳои обкашӣ 1,6 дирам муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ҳудуди 4 баробар арзонтар аст.

Бар асоси бароварди масъулони Вазорати обу обёрии Тоҷикистон, барои обёрии 1 ҳектор замин 100 ҳазор метри мураббаъ об сарф мешавад ва ҳаққи пардохти ин миқдор об 100 сомонӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин тартиб, қимати 1 метри мураббаъ об 1 дирам хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қимати ин миқдор оби обёрӣ дар кишварҳои урупоӣ аз 60 сент то ба 1 дулорро ташкил медиҳад. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон об дар ин кишвар ройгон буда ва танҳо ҳаққи хидмати обрасонӣ пардохт мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi