15:06:14 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗИРИ КИШВАРИ ТОҶИКИСТОН БО ШИКАНҶА ЭЪЛОНИ ҶАНГ КАРД

 

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки тасмим гирифтааст алайҳи шиканҷа дар суфуфи пулис мубориза кунад. Дар ин бора Рамазон Раҳимов дар нишасти матбуъотии рӯзи ҷумъаи 20 январ эълом дошт ва афзуд, ки ба ин манзур чанд бахши пулисро бо дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз ва “телефуни боварӣ”–ро роҳандозӣ кардааст.

afega_torturadaВай аз сокинони кишвар хост, ки дар мавриди нақзи ҳуқуқашон тавассути телефуни 221-21-21 ба сурати шабонарӯзӣ ба мақомоти пулиси Тоҷикистон хабар диҳанд. Оқои Раҳимов афзуд: “Ба ман ҳар субҳ аз ҳама гуна муроҷиъати шаҳрвандон гузориш медиҳанд. Умедворам, ки тавассути ин амр мо бо қонуншиканӣ дар фаъъолияти умури дохила метавонем мубориза барем.”

Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар чаҳор бахши пулиси навоҳии шаҳри Душанбе ва дар сохтмони вазорати умури дохила дурбинҳои назоратӣ насб шудаанд, ки ин амр низ ба мубориза бо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мусоъидат хоҳад кард.

Рамазон Раҳимов гуфт: “Тавассути ин дурбинҳо мо метавонем тамоми ҳодисаҳое, ки дар ин бахшҳо рух медиҳанд, назорат кунем. Аз ҷумла, метавонем ошкор созем, ки афроди мазнун дар чи ҳол вориди ин бахшҳои пулис шудаанд.”

Вале ба гуфтаи Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва шиканҷаи афроди мазнун маъмулан дар утоқи бозрасон сурат мегирад ва ба ин далел, вай дар гузашта пешниҳод карда буд, ки утоқи бозрасон бо дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шаванд. Дар посух ба ин суол, ки оё пулис омода аст, ки дар утоқи бозрасон чунин дурбинҳоро насб кунад, Рамазон Раҳимов гуфт, ки онҳо ба ин кор алоқаманд ҳастанд, вале камбуди маблағ аз иҷрои ин амр монеъ мешавад.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки бо кумаки созмонҳои имдоди хориҷӣ ва ҳуқуқи башар чунин дурбинҳо на танҳо дар утоқи бозрасон, балки дар хиёбонҳо низ насб мешаванд ва дар ин сурат бо ришваситонии маъмурони пулис ва пулиси роҳ мубориза кардан мумкин аст.

ramazon-rahimovОқои Раҳимов гуфт, ки талошаш барои мубориза бо шиканҷа қавӣ аст. Вай афзуд: “Соли гузашта ман дар Женева узви ҳайъати давлати Тоҷикистон будам, ки барои СММ дар бораи шиканҷа гузориш медод. Ба ин далел, яке аз нахустин иқдомоти ман дар раъси вазорати умури дохила риъояти ҳуқуқи инсон аст. Ва мутмаин ҳастам, ки мо муброиза бо шиканҷа дар суфуфи пулисро тақвият медиҳем.”

Вай гуфт, ки ҳоло дар гузоришҳои пулиси Тоҷикистон дар бораи вазъи ҷароим дар кишвар банди вижае дар бораи муқобала бо шиканҷа шомил карда шудааст. Гузашта аз ин, ба иттилоъи вай, ҳоло порлумони Тоҷикистон мавзӯъи изофа кардани моддаи вижа дар бораи шиканҷа ба қонуни кайфариро баррасӣ мекунад. Зимнан, фаъъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста аз давлати ин кившар барои инкори мавориди шиканҷа дар фаъъолияти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ интиқод мекарданд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон, дар гузашта борҳо изҳор дошта буд, ки дар кишвар мавориди шиканҷа ошкор нашуда ва танҳо мавориди “сӯиистифода аз мақоми хидматӣ” мушоҳида шудааст. Вай ин назари худро ба набуди мафҳуми шиканҷа дар қавонини Тоҷикистон марбут медонист.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои гурӯҳӣ танҳо дар соли гузашта аз чандин мавриди шиканҷа алайҳи афроди боздоштшуда дар боздоштгоҳҳои пулиси Тоҷикистон ва дар пайи ин амр ҷон додани афроди мазнун гузориш додаанд. Дар як ё ду соли ахир мавориди ба додгоҳ кашидани руӯзноманигорон ва расонаҳо ба далели нашри гузоришҳо дар бораи шиканҷа низ иттифоқ уфтодааст.

Масалан, қазияи додгоҳии Анвар Тағоймуродов, масъули собиқи бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати кишвар, бо нашрияи "ASIA-Plus" ба гузоришҳои ин нашрия дар бораи вуҷуди мавориди шиканҷа дар ниҳодҳои пулиси Суғд иртибот дошт. Дар ҳоле ки пулиси Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад мекард, созмони Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон гузориш дода, ки аз соли 2007 то соли 2010 танҳо ба ин ниҳод 176 шикояти мабнӣ бар шиканҷа ворид шуда ва 50 маврид аз онҳо таъйид шудаанд.

Гуфта мешавад, ки истифода аз шиканҷа дар фаъъолияти пулис, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2011 танҳо 26 шикояти сокинон дар ин бора дарёфт шуда ва панҷ мавриди он тасдиқи худро ёфта, гунаҳкорон муҷозот шуданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi