16:25:38 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГӮШАЕ ДАР ҒАРМ АМРИКОӢ ШУД

 

Сафири ИМА Кен Гросс дар ифтитоҳи шашумин гӯшаи амрикоӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғарм ҷойгир шудааст, иштирок намуд. Сафир Гросс ба ҳукумати маҳаллии Ғарм, ширкати Тоҷиктелеком, ташкилоти ғайридавлатии "Маърифатнокӣ" ва Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар кушодани ин гӯша изҳори ташаккур намуд.

Сафири АмрикоСафорати ИМА биноро бо максади истифодаи ройгони аз ҷониби мактаббачагон, муаллимон ва муттахасисон таъмир намуда, ҳашт адад компютер бо пайвасти шабакаи интернетии босуръат , садҳо китоб ва DVD дискхоро бо забони англисӣ таъмин намуд. Маблағи умумӣ барои таъмир, ҷиҳоз, таҷҳизот ва маводҳо бо забони англисӣ зиеда аз 30 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маросим Муовини раиси ноҳияи Ғарм Тошалӣ Муқимов ва намояндагони Тоҷиктелеком, ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, муаллимон ва мактаббачагон иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳӣ Сафир Гросс қайд намуд: «Гӯшаҳои амрикоӣ бо шабакаи интернетӣ, китобҳо ва ДВД-ҳои ройгон таъмин менамоянд. Онҳо дар бораи фарҳанг, арзишҳои амрикоӣ ва барномаҳои Сафорати ИМА маълумот медиханд. Вале мақсади гӯша бо ин маҳдуд нест. Он имкониятҳоро барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва таҳаммулпазирӣ пешниҳод мекунад. Мо умедворем, ки гӯшаи амрикоӣ ба мардум дар шинохти Амрико ва ҷаҳон кӯмак мерасонад».

Сафорати ИМА ҳамоҳангсози доимиро барои кӯмак ба истифодабарандагон, ташкили маросимҳо ва барномаҳои иловагӣ оид ба омӯзиши забони англисӣ таъмин менамояд. Инчунин, танзимгар маълумотро дар бораи барномаҳои табодули ҳукумати ИМА ва низоми супурдани хуччатхоро ба донишгоҳҳои амрикоӣ таъмин менамояд.

Ҳоло Сафорати ИМА гӯшаҳои амрикоиро дар Душанбе, Кулоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд дастгирӣ менамояд. Ҳар як гӯшаи амрикоӣ бо шабакаи интернетии ройгон, маводҳои таълимӣ бо забони англисӣ намоиши барномаҳои ҳукумати Амрико, машварат оиди таҳсил, клубҳо, муаррифномаҳо ва вебчатҳо оид ба фарҳанг ва арзишҳои амрикоӣ таъмин менамояд. Гӯшаҳои амрикоӣ ин яке аз роҳҳои мухталифи дастгирии ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико мебошад, омадааст дар баёнияи матбуотии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi