02:29:09 01-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РУСТАМ ХОЛИҚОВ: “МУМКИН АСТ ТЕРМИНАЛРО ХУДАМОН СОЗЕМ”

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтанд, ки ҷониби Фаронса тааҳҳудоти худ мабнӣ бар бунёди терминали (поёна) ҷадидро иҷро накардаанд. Гуфта мешавад, мувофиқатнома дар бораи бунёди поёнаи (терминали) ҷадид дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар 6 апрели соли 2009 аз ҷониби ҳайъатҳои давлатҳои Тоҷикистон ва Фаронса имзо шуда, аммо то ҳол корҳои сохтмонии ин тарҳ оғоз нашудааст.

Рустам ХоликовРустам Холиқов, мудири кулли Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, рӯзи душанбеи 23 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, қарор аст дар авохири моҳи ҷорӣ як гурӯҳи корӣ ба манзури баррасии масъалаи сохтмони поёнаи ҷадид аз Фаронса вориди Тоҷикистон шавад. Оқои Холиқов гуфт: “Агар масъалаи сохтмони терминал ҳалл нашавад мо худамон ба дастури Ҷаноби олӣ онро месозем. Фурудгоҳи Душанбе барои анҷоми ин кор имконоти молӣ дорад.”

Бар асоси тавофуқи миёни давлатҳои Фаронса ва Тоҷикистон қарор буд, ҳазинаи аслии ин тарҳ, яъне 27 милюн юруи поёнаро ҷониби Фаронса пардохт кунад. Саҳмияи Тоҷикистон 7 милюн юру муқаррар шуда буд. Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтанд, дар моҳи октябри соли 2009 ҷониби Тоҷикистон 5 милюн юруи саҳми худро пардохт карда ва майдони сохтмонро дар маҳалли фурӯдгоҳи парвозҳои дохилӣ омода кард. Ҳамчунин, 86 пояи бинои терминал ҳам бунёд шудааст.

Аммо то ба ҳол, ҷониби Фаронса ба истилоҳи масъулони фурӯдгоҳи Душанбе “бо баҳонаҳои мухталиф” корҳои сохтмониро дар поёнаи ҷадид шурӯъ накардааст. Ҳамзамон, Рустам Холиқов, мудири кулли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз шарҳи ҷузъиёти “ин баҳонаҳо” худдорӣ карда ва танҳо гуфт, ки дар зарфи ду соли ахир қимати масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти фаннӣ афзоиш ёфта ва бар асоси бароварди коршиносони фаронсавӣ бар ҳазинаи умумии сохтмони поёнаи ҷадид 8,5 милюн юруи дигар зам шудааст.

Ин дар ҳолест, рӯзи 5 июни соли 2010 дар ҳузури Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳайъати давлати Фаронса ҷадвал ё барномаи корҳои сохтмонӣ ҳамоҳанг шуда буд. Аз сӯйи дигар, Эмрӣ де Мунтескю, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Фаронса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи марти соли 2010 гуфта буд, ки кишвараш то моҳи сентябри соли 2011, ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, поёнаи ҷадиди фурӯдгоҳи Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад дод.

Феълан дар фурӯдгоҳи Душанбе поёнаи қадимии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ фаъъол буда ва ин поёна дар соли гузашта ба 7207 масири парвоз ё ба беш аз 1 милюну 200 ҳазор мусофир хидмат расондааст.

Зимнан, дар чорчӯби ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Эътилофи байналмилалии мубориза бо террурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико аз соли 2001 дар фурӯдгоҳи Душанбе нерӯҳои Фаронса мустақар ҳастанд. Ин нерӯҳо, ки аз беш аз 100 низомӣ ва чанд фарванд ҳавопаймоҳои низомию ҷангандаҳо мураккаб аст, интиқоли маводу муҳиммоти ҷангӣ ба нерӯҳои НОТУ дар Афғонистонро ба уҳда дорад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi