08:41:51 29-уми Апрели 2025 сол

ОШНОИИ КОМИССИЯИ ҲУКУМАТӢ БО ВАЗЪИ ЗИНДОНИЁН

Раёсати муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мегӯяд, як комиссияи ҳукуматӣ барои ошноии бештар бо вазъи зиндониён вориди маҳбаси №1 шуд. Дар ҳайати ин комиссияи ҳукуматӣ намояндагони Додситонии кулл, Вазорати адлия ва мушовири ҳуқуқии президент шомил мебошанд.

bozdoshtgohБа қавли намояндаи Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, ҳадафи аслӣ ошноии бештар бо вазъи иҷтимоии зиндониён буда, вазъи молии маҳбасҳо дар соли гузашта санҷида низ мешавад. Имкон дорад, бар асоси таҳқиқи ин комиссия, буҷаи маҳбасҳо бозбинӣ шавад. Ҳамчунин, намояндагони ин комиссия дар мавриди парвандаҳои маҳбусоне, ки ба Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар мавриди бозбинии парвандаҳояшон муроҷиат кардаанд, суҳбату машваратҳо доир хоҳанд кард.

Садриддин Тошев, яке аз маҳбусони зиндони рақами аввал буд, ки тибқи хабари вакили мудофеаш Бузургмеҳри Равшан, мувофиқи қарори афви соли 2011 мебоист ба озодӣ мебаромад. Вале бинобар норӯшанӣ дар баъзе асноди парвандааш, то кунун дар маҳбас ба сар мебарад.

Ба қавли вакили мудофеъ Бузургмеҳри Равшан, қаблан Садриддин Тошев ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар мавриди бозбинии парвандааш муроҷиат карда буд. Вай мефзояд, шояд ҳайати ҳукуматӣ имрӯз бо санадҳои Тошев низ аз наздик шинос шавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар аз вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаронӣ карда буданд.

Аз ҷумла, Созмони Афви Байналмилал дар моҳи сентябри соли гузашта гуфта буд, махсусан айбдоршавандагони тундгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон дар давраи боздошти ибтидоӣ ва пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

Аз сӯи дигар, ба навиштаи созмони Афви Байнулмилал, аксари шикоятҳои марбут ба шиканҷа дар Тоҷикистон ба давраи аввали боздошти афрод рост меояд. Аз шиканҷа дар чунин ҳолатҳо бештар барои он кор гирифта мешавад, ки боздоштшуда иттиҳомро бипазирад ва иқрор кунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ