22:58:42 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАВРОТИ ҚАДИМА БА ЯҒМО РАФТ?

Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони он ба ҷустуҷӯи нусхае бисёр қадимӣ аз китоби муқаддаси яҳудиён, Таврот, машғуланд. Масъулони ин идора рӯзи сешанбеи 1 сентябр гуфтанд, ки бар асоси шикояти Муҳиддин Шарбатов, сокини шаҳри Душанбе, нусхаи китоби муқаддаси Таврот, ки Панҷкитоб низ унвон дорад ва ба ин шаҳрванд таъаллуқ доштааст, ба сирқат бурда шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон низ гуфт аз шикояти Муҳиддин Шарбатов чунин бар меояд, ки ба таърихи 28 август як фарди шиносаш бо номи Хуршед Каримов, ба манзури ба даст овардани китоби муқаддаси Таврот дар худраваш, гулӯи ӯро фишурдааст. Сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфт, ки оқои Шарбатов тавонистааст аз дасти Хуршед Каримов раҳо шавад ва аз маҳалли ҳодиса фирор кунад.

Ҳамакнун, ба гуфтаи масъулони Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвари Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод иқдомот барои дастгир кардани Хуршед Каримов ва пайдо намудани китоби муқаддаси Тавротро рӯйи даст гирифтаанд.

Манобеъи пулис аз қавли оқои Шарбатов мегӯянд, ки китоби рабудашудаи Таврот дар канори нусхаи муқаддас будан, асаре нодир ва бисёр қадимист, ки арзиши гаронбаҳое доштааст. Аммо ин манобеъ нагуфтанд, ки ин китоб дақиқан ба кадом давра мутаъаллиқ аст.

Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти пулис ба кашфи ин асар ва сориқи он, чунин ба назар мерасад, ки ин асар аз арзише таърихӣ ва фарҳангӣ бархурдор будааст. Аммо рӯшан нест, ки дар сурати пайдо шудани нусхаи китоби муқаддаси Таврот, ин асар дубора ба соҳибаш супурда хоҳад шуд ва ё ба осорхонае таҳвил хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи масъулони пулис, соҳиби асар дар номааш таъкид кардааст, ки ӯ қасд дошта ин нусхаро ба яке аз осорхонаҳои Тоҷикистон бидиҳад.

Таврот китоби панҷгонаи Мусо, пайғомбари яҳудиён аст, ки панҷ китоби нахусти Инҷил дониста мешавад. Тибқи бархе пажӯҳишҳо, Таврот дар қарнҳои нӯҳ ва ҳафти то милод таълиф шуда ва охирин таҳрир ва нахустин китобати ин асари муқаддас дар қарни панҷи то милод дар Байтулмуқаддас сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, ин барои бори нахуст аст, ки як нусхаи китоби муқаддаси яҳудиён - Таврот дар шаҳри Душанбе мавриди сирқат қарор мегирад.

Ҳарчанд тибқи иттилоъи масъулони вазорати фарҳанг, мавориди ба сирқат бурдани осори нодири таърихӣ ва фарҳангӣ аз қаламрави ин кишвар, бахусус осорхонаҳо, дар муддати чанд соли ахир ба мушоҳида расидааст. Гузоришҳо ҳокист, ки танҳо дар соли гузашта дар посгоҳҳои гумрукии Панҷи Поён ва Турсунзодаи Тоҷикистон аз беш аз 100 мавориди қочоқи осори таърихию фарҳангӣ ҷилавгирӣ шудааст.

Ҳамзамон Музаффар Азизӣ, раиси Идораи ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, ки дар чанд соли ахир аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод даҳҳо ашёи таърихӣ, назири танга ё сиккаҳо ва як мусаввараи қарни 19 рабуда шудааст.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи вазорати фарҳанг, ду сол қабл дар осорхонаи Қалъаи Ҳисор, воқеъ дар 35-килуметрии ғарби шаҳри Душанбе, 42 ашёи нуқраии ороиши занона нопадид гардидааст. Ҳамакнун, вазорати фарҳанг аз тариқи Интерпол ё Пулиси байналмилал ин ашёро ҷустуҷӯ мекунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi