18:14:54 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУТТАҲАМ ШУДАНИ АФСАРИ ПУЛИС БА ШИКАНҶА

Додситонӣ дар вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи як афсари пулиси ин минтақаро ба иттиҳоми шиканҷа ба итмом расонда ва барои муҳокима ба додгоҳ ироа кардааст.

Раҷабалӣ Тиронов, муъовини додситони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, рӯзи чаҳоршанбеи 2 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт: “Бозрасии додситонӣ собит кард, ки сарвон (капитан) Абдусалом Кенҷаев, нозири минтақаии идораи пулиси ноҳия, дар иртикоби шиканҷаи як фарди мазнун даст доштааст.” Ба гуфтаи оқои Тиронов, натиҷаи бозрасии додситонӣ ҳокист, ки оқои Кенҷаев фарди мазнунро, ки расман боздошт нашудааст, берун аз бинои пулис дар дафтари бозрасиҳои фаврӣ мавриди лату кӯб қарор додааст.

Вай гуфт муъоянаи пизишки додгоҳӣ низ мавриди шиканҷа қарор гирифтани фарди мазнун тавассути Абдусалом Кенҷаевро собит кардааст. Ба ин тартиб, бозрасии парвандаи ҷиноии оқои Кенҷаев ба анҷом расида ва додгоҳ ин қазияро баррасӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки додситонии минтақаи Кӯлоб муҷаввиз барои боздошти Абдусалом Кенҷаевро содир карда ва парвандаи ҷиноӣ тибқи банди 316–и қонуни ҷазо ё кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми тахаллуф аз ваколатҳои хидматӣ аз сӯйи додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ боз шудааст. Дар ҳоле ки додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ба муҳокимаи аъмоли оқои Кенҷаев оғоз накардааст, аммо бар асоси қонуни ҷазо ё кайфарии Тоҷикистон дар сурати таъйиди иттиҳомот алайҳи ин маъмури пулис, вай ба муддати 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум хоҳад шуд.

Иттиҳоми шиканҷа алайҳи як маъмури пулис дар ҷануби Тоҷикистон дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мукарраран аз мавориди истифода з шиканҷа тавассути кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва ҳамчунин вуҷуди ин гуна маворид дар зиндонҳои ин кишвар башиддат интиқод кардаанд.

Паём Фуруғӣ, масъули умури ҳуқуқи башари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар шаҳри Душанбе, вуҷуди мавориди шиканҷаро аз мушкилоти аслии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон медонад. Аммо ба гуфтаи оқои Фуруғӣ, иллати аслии ошкор нашудани мавориди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоштани намояндагони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, бахусус Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ба зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, ҳатто Ӯзбакистон, ки аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мешавад, ба созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ иҷозаи дидор аз зиндонҳояшро додааст, вале дар Тоҷикистон ин созмон то ҳол ба касби иҷозаи мақомот муваффақ нашудааст.

Ҳарчанд, тибқи гузоришҳо, дар соли 2004 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқат карда буд, то созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ бо вазъи зиндонҳои ин кишвар ошно шавад. Бар асоси оморҳои расмӣ, дар муддати се соли ахир алайҳи 117 корманди ниҳодҳои интизомӣ ва бозрасӣ ба иттиҳоми кор гирифтан аз шиканҷа алайҳи афроди мазнун ва зиндониён парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва 264 нафари дигар муҷозоти идорӣ шудаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi