07:07:41 29-уми Апрели 2025 сол

НАРХИ ЗАНГҲО АЗ ТЕЛЕФОНИ ХОНАГӢ БА МОБИЛ АФЗУД

"Тоҷиктелеком" нархи зангҳо аз телефони хонагӣ ба муштариёни ширкатҳои мобилиро 70 дарсад афзудааст. Бино ба нархгузории нави ширкати “Тоҷиктелеком” акнун арзиши як дақиқаи гуфтугӯ аз телефони хонагӣ бо телефонҳои мобил 4 дирам муқаррар шудааст. Дар ҳоле ки дар ду соли ахир ҳамагӣ 2,5 дирам қимат дошт.

mobileТо кунун "Тоҷиктелеком" далели боло бурдани нархи зангҳо аз телефони хонагӣ ба телефонҳои ҳамроҳро шарҳ надодааст. Бо ин вуҷуд, як намояндаи ин ширкат гуфта, ки "ба иллати зиёд шудани хароҷот" арзиши тамоси муштариёни "Тоҷиктелеком" ба шумораҳои танзимгарони дигари алоқаи Тоҷикистон низ афзудааст.

Ин манбаъ илова карда, ки аммо қимати зангҳо миёни телефонҳои хонагӣ мисли пешин, яъне 2 дирам боқӣ мондааст.

Ин болоравии нархи гуфтугӯи муштариёни "Тоҷиктелеком" бо муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар ҳолест, ки дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Хадамоти алоқаи кишвар Бег Зуҳуров амр дод, ки то Наврӯзи соли ҷорӣ як миллион хонаводаро бо телефонҳои хонагӣ ё шаҳрӣ таъмин намояд.

Раисиҷумҳур дар ин ҷаласа, ки моҳи январ баргузор шуд, гуфта буд, ин хонаводаҳо бояд барои моҳи нахустини истифода аз ин телефонҳо пул пардохт накунанд.

Аз ин пеш, раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар бораи зиёни телефонҳои мобил ва харҷи зиёди мардум барои гуфтугӯ бо ин телефонҳо таъкид карда буд.

Тайи чанд соли ахир рақобат миёни ширкати "Тоҷиктелеком" ва ширкатҳои мобилӣ афзудааст. Агар дар ин муддат ширкатҳои мобилӣ ҳудуди шаш миллион сим-корти худро ба шаҳрвандон фурӯхтаанд, аммо дар 15 соли гузашта "Тоҷиктелеком" ҳамагӣ 260 ҳазор муштарӣ ҷамъ кардааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон солҳои ахир кӯшиш дорад, ки тамоми ширкатҳои мобилиро таҳти як марказ қарор бидиҳад. Аммо раҳбарони ширкатҳои мобилӣ борҳо мухолифати худ ба ин талошҳои Хадамоти алоқаро баён дошта, онро бар зиёни кор хондаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ