08:42:59 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАҲМАН РОҲҲOИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД ВА ДАРВОЗ - ХОРУҒРО МАСДУД КАРД

Кумитаи умури изтирори Тоҷикистон аз масдуд шудани ҳаракати васоили нақлия дар шоҳроҳи Душанбе–Суғд ва масири Дарвоз-Хоруғ хабар дод. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин кумита, рӯзи душанбеи 20 феврал, ба сабаби хатароти ношӣ аз резиши баҳман (тарма) ва зери он уфтодани мусофирону худравҳо, ҳаракати васоили нақлия дар ин масирҳо муввақатан қатъ шудааст.

avalancheroadsОриф Нозимов, сухангӯйи ин кумита, мегӯяд, ки ҳамчунин дар қисмати ин роҳ дар ноҳияи Майхӯра ҳангоми резиши баҳман кормандони поксозии роҳҳо ва масъулони ин кумита машғули поксозии роҳ будаанд. Оқои Нозимов афзуд: “Ҳамчунин 20 феврал дар килуметри 408-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар рустои Шодаки ноҳияи Дарвози Бадахшон низ баҳман пойин омад ва ҳаракат дар роҳро аз Дарвоз ба Рӯшон масдуд кард.”

Ба гуфтаи вай, маъмулан дар ин фасли сол хатароти резиши баҳман ва ярч (тиккаи замин, ки бо баҳман мерезад) тамоми роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистонро таҳдид мекунад. Оқои Нозимов афзуд: “Масъулони кумита дар навоҳии кӯҳистонӣ, сокинон ва ба вижа ронандагонро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳаракат дар манотиқи ноамн ҳушёр бошанд.”

Масъулони кумитаи изтирорӣ мегӯянд, ки дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон дар рустои Вазнав низ баҳман ҷилави ҳаракати худравҳоро гирифтааст. Ҳамакунун ҳаракати васоили мусофирбарӣ ва комюнҳои борбар аз Рӯшон ба Хоруғ, маркази Бадахшони Тоҷикистон, то иттилоъи сонавӣ қатъ шудааст.

Ҳарчанд масъулони кумита ва кормандони роҳҳои утумубилгард мегӯянд, ки машғули поксозии роҳҳо аз барф ҳастанд, вале ба гуфтаи бархе аз ронандагоне, ки умдатан бо масирҳои роҳҳои мошингарди манотиқи кӯҳистонӣ ҳаракат мекунанд, имсол онҳо шоҳид он будаанд, ки роҳҳо бамавқеъ аз барф поксозӣ намешудааст.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин ронандагон, бархе авқот онҳо маҷбур мешаванд, ки соъоти дарозе то пок шудани роҳҳо дар мошинҳояшон мунтазир бимонанд. Гуфта мешавад, ки шумори васоили вижаи мудерн барои наҷоти ронандагон ва берун овардани худравҳо аз муҳосираи барф дар ихтиёри кумитаи изтирорӣ ва кормандони роҳҳо дар Тоҷикистон андак будааст.

Аз сӯйи дигар, бархе аз ронандагони собиқадор бо ишора ба бориши барфи зиёд мегӯянд, ки хатароти резиши баҳман ва сел дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон дар фасли баҳори имсол дар муқоиса ба солҳҳои қабл бештар хоҳад буд.

Ҳамасола резиши баҳман ва сел дар Тоҷикистон мунҷар ба хисороти молӣ ва ҷонӣ дар ин кишвар мешавад. Дар фасли баҳори соли 2010 резиши баҳман дар минтақаи кӯҳистонии Майхӯра, дар 74-килуметрии шимоли шаҳри Душанбе, пойтахт, ҷони ҳафт нафар, аз ҷумла мусофирони худрав ва афродеро, ки кӯшиши кумак ба онҳоро карда будаанд, рабуд.

Бар асоси иттилоъи расмӣ дар соли 2011 беш аз 130 нафар аз сокинон дар ҳаводиси табиъии мухталиф, аз ҷумла ғарқшавӣ, обхезӣ, резиши баҳман ва сел, ҷонҳои худро аз даст додаанд. Дар соли ҷорӣ дар ин кишвар танҳо як ҳодисаи зери баҳман уфтодани сокинон дар водии Рашт сабт шудааст.

Дар моҳи январ Зикруллои Наботзодаи 17 сола дар мавзеъе ба номи Чапдараи води Рашт дар зери баҳман кушта шуд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони бузургсоли водии Рашт мегӯянд, ки бориши барф дар кӯҳистони ин минтақа дар соли ҷорӣ аз соли 1969 бадин-сӯ собиқа надоштааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi