06:53:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КИШОВАРЗОНИ ТОЧИКРО ҲУКУМАТИ ИМА ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Хонум Сера Пенхюн, муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон дар намоишгоҳи кишоварзии ноҳияи Хатлони Тоҷикистон ширкат варзид. Намоишгоҳ аз ҷониби Барномаи USAID ва Ҳайати шафқат оид ба таҳкими субот дар Тоҷикистон (БТСТ) ташкил карда шуд.

usaid-kishovarziНамоишгоҳ деҳқонони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хисравро бо фурӯшандагони маводҳои баландсифати сертификатсияшудаи кишоварзӣ, аз ҷумлаи нуриҳо, тухмӣ ва пестисидҳо шинос намуд. Дар намоишгоҳ шарикони USAID инчунин таҷрибаҳои бомуваффақияти кишоварзӣ, аз он ҷумла тарзи дурусти истифодаи маводҳои кишоварзӣ ва технологияҳои навро муаррифӣ намуданд.

«Муваффақияти соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои ҳамаи мо, аз он ҷумла деҳқонон, соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ, масъулини давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ муҳим аст», - дар суханронии хеш қайд намуд хонум Пенхюн.

Дар айни ҳол деҳқонони вилояти Хатлон барои муваффақ гардонидани хоҷагиҳои худ ба маҳсулоти баландсифат дастрасӣ надоранд, ва наметавонанд зироатҳои худро ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бурда фурӯшанд. Намоишгоҳ деҳқонон, фурушандагони маводҳои кишоварзӣ, муассисаҳои хурди молиявӣ (МХМ) ва созмонҳои ҷомеъаи шаҳрвандиро барои мусоидат ба фурӯш ва истифодаи маводҳои кишоварзии баландсифати сертификатсияшуда ҷамъ овард.

Чорабинии мазкур 18 феврал дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ гузаронида шуд ва намоишгоҳи дигар 6 апрели соли 2012 дар ноҳияи Ғарми водии Рашт гузаронида мешавад. Намоишгоҳҳои мазкур дар доираи Барномаи калони таҳкими субот дар Тоҷикистон ки ба густариши робита байни деҳқонон, таъминотчиён, фурӯшандагон ва интиқолдиҳандагон равона шудааст, баргузор мегарданд.

БТСТ таваҷҷӯҳи асосиро ба таҳкими субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути мусоидат ба идоракунии беҳтар ва ҷалби гурӯҳҳои «таҳти хавф қарор дошта» ва дар канормонда ба раванди фаъолгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зоҳир менамояд. БТСТ бо аҳли 63 ҷомеаҳои деҳоти Вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт ва Тавилдараи водии  Рашт ва қисмати ҷанубии Вилояти Хатлон ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо кор мекунад.

БТСТ аз ҷониби созмони Ҳайати Шафқат амалӣ шуда истодааст, ки бо ҷомеъаҳои Тоҷикистон аз соли 1994 фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Барномаи таҳкими субот дар Тоҷикистон, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дастгирӣ мешаванд. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 милион доллар маблағгузорӣ намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi