18:36:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАЪМИНИ БАРҚ ЗИМИСТОН МАҲДУД НАМЕШАВАД

Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон пешниҳоде ба давлат ироа кардааст, ки тибқи он дар фасли сармои оянда интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон ба сурати шабонарӯзӣ сурат хоҳад гирифт ва маҳдудияте дар ин замина эъмол нахоҳад шуд.

Масъулони ин вазоратхона бар ин назаранд, ки дар соли ҷорӣ системи энержии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба фаровонии захоири об дар нерӯгоҳҳо аз шароити беҳтари таъмини нерӯи барқ барои сокинон бархурдор аст. Абдулло Қурбонов, раиси бахши сиёсати энержии Вазорати энержии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар тарҳи пешниҳодии ин ниҳод ба ҳукумати кишвар, ду шеваи интиқоли нерӯи барқ ба манозили мардум дар фасли сармои оянда пешбинӣ шудааст.

Шеваи аввал ин амрро дар мадди назар дорад, ки куллияи масрафкунандаҳо ба сурати шабонарӯзӣ аз шароити истифода аз нерӯи барқ бархурдор хоҳанд буд. Дар ин шароит камбуди нерӯи барқ дар тӯли ин муддат ҳудуди як милёрду 500 милюн килувот соъат пешбинӣ мешавад. Абдулло Қурбонов мегӯяд, ки қарор аст аз ин миқдор як милёрду дусад милюн килувот соъат нерӯи барқ аз Туркманистон харидорӣ шавад ва мавзӯъи ҷуброни сесад милюн килувот соъати дигар ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Шеваи дигари таъмини барқ ин аст, ки танҳо шаҳрҳо ва марокизи навоҳии кишвар ба сурати шабонарӯзӣ аз нерӯи барқ бархурдор хоҳанд шуд. Аммо сокинони рустоҳо дар ин шароит дар шабонарӯз танҳо 10 соъат метавонанд аз барқ истифода кунанд. Оқои Қурбонов мегӯяд, ки бо дарназардошти харидории барқ аз Туркманистон камбуди барқ дар Тоҷикистон ҷиддан эҳсос нахоҳад шуд. Вай афзуд, ки ҳоло масъулони давлати Тоҷикистон ин ду пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Зимнан, тайи чанд соли ахир камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон хеле маҳсус буд ва давлат ночор будааст, ки ҳатто дар шаҳри Душанбе интиқоли барқро маҳдуд кунад. Бисёре аз манотиқи рустоӣ аз истифода аз нерӯи барқ барои ҳафтаҳо комилан маҳрум шудаанд. Дар посух ба ин суол, ки ба чи далел имсол беҳбуди вазъ дар ин арсаро метавон чашм дошт, оқои Қурбонов гуфт, ки дар соли ҷорӣ захоири об дар обанбори Норак, бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар Тоҷикистон, дар муқоиса бо солҳои гузашта ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст.

Мавриди истифодаи комил қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аз омилҳои дигари хушбинии мақомҳои Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон нисбат ба мавзӯъи таъмини барқ унвон мешавад. Ба гуфтаи оқои Қурбонов, ин нерӯгоҳ дар як моҳи зимистон метавонад то 170 милюн килувот соъат нерӯи барқ тавлид кунад.

Омили дигар барои беҳбуд ёфтани вазъи таъмини барқ барои сокинон коҳиши мизони тавлидоти олуминиюм дар ширкати Талко арзёбӣ мешавад. Оқои Қурбонов хабар дод, ки агар дар гузашта Талко дар шабонарӯз то 22 милюн килувот соъат барқ масраф мекард, ҳоло ин рақам то 18,5 милюн коҳиш ёфтааст.

Сабаби ин пойин рафтани баҳои олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ унвон мешавад. Вале, агар қимати олуминиюм, колои аслии содиротии Тоҷикистон, дар бозорҳо боло равад, пас мизони тавлидоти он низ афзоиш хоҳад ёфт ва мутаносибан масрафи барқи ин ширкат низ дубора зиёд хоҳад шуд. Дар ин сурат, коршиносон иҷрои комили пешниҳоди Вазорати энержӣ ва саноеъ дар заминаи таъмини барқро баъид медонанд.

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати “Барқи тоҷик”, низ бо такя ба чунин авомил мегӯяд, ки ҳоло наметавонад мушаххасан бигӯяд, ки сокинони Тоҷикистон дар фасли зимистон чи андоза нерӯи барқ дарёфт хоҳанд кард. Вай афзуд, ки ин амр ба вазъи ҳаво дар фасли сармо бастагӣ дорад, зеро агар сардиҳои шадиде монанди ду сол пеш дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвандад, масрафи барқ афзоиш ва мизони тавлидоти он коҳиш меёбад.

Абдулло Қодиров ба навбаи худ мегӯяд, ки ин эҳтимол воқеъан вуҷуд дорад, вале бар асоси пешгӯйиҳои ҳавошиносони тоҷик, интизор меравад зимистони оянда муътадил бошад. Аз сӯйи дигар, Рашид Гулов бар ин назар аст, ки таъмини муассири барқ барои сокинони кишвар ба харидории бамавқеъи барқ аз Туркманистон бастагӣ дорад. Вай афзуд, ки ҳоло бо Ӯзбакистон дар бораи тронзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавофуқи ниҳоӣ имзо нашудааст.

Ба гуфтаи оқои Қодиров, музокирот миёни мақомҳои энержии ду кишвар идома дорад ва масъулони Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон ба натоиҷи он хушбин ҳастанд. Вай афзуд, ки ҳарчанд имсол Тоҷикистон тасмим дорад, ки аз Ӯзбакистон барқ харидорӣ накунад, вале аз ин имкон наметавон комилан сарфи назар кард.

Гузашта аз ин, Ӯзбакистон дар пайи табодули нерӯи барқе, ки дар баҳору тобистони имсол сурат гирифт, аз ширкати “Барқи тоҷик” боз 50 милюн килувот соъат нерӯи барқ бидеҳкор будааст. Бо ин вуҷуд, Рашид Гулов низ мутмаин аст, ки дар зимистони имсол таъмини нерӯи барқ ба таври қобили мулоҳизае беҳтар хоҳад шуд. Вай афзуд, ки дар солҳои оянда ин раванд идома хоҳад дошт.

Ба гуфтаи вай, қарор аст то як соли дигар сохтмони марҳилаи нахусти Маркази тавлиди нерӯи барқ ва гармии “Душанбе-2”, ки эҳдоси он рӯзи ҷумъаи 4 сентябр аз сӯйи ширкати чинии Tebian Electric Apparatus (ТВЕА) оғоз ёфт, ба итмом бирасад. Бахши нахусти ин нерӯгоҳ метавонад як сад меговот барқ тавлид кунад. Дар сурати мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ, зарфияти он ду баробар афзоиш меёбад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi