00:57:31 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

БАРОДАРИ БАПОЙИҚАДАМ РАФТ…

Ин субҳ бо дӯсте телефонӣ сӯҳбат доштам. Нохост он дӯст оҳе кашиду гуфт: «Ҳозир аз Чоркӯҳ занг зада гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Саъдуллоҳи Мӯсо, ки бо тахаллуси «Сонӣ» эҷод мекарданд, аз олам гузаштаанд…»

sadullo-musoМиёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар мактаби маҳаллаи Чакалаки деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муддати кӯтоҳ омӯзгор будам ва дар дарси англисӣ бачаи дӯстрӯе дар бар пероҳани сафед дар синф яке аз фаъолон буд. Номашро пӯрсидам, Саъдуллоҳ гуфт…

Аз ҳамон замон то дирӯз бо ӯ ҳам устоду шогирд, ҳам дӯсту бародар ва ҳам ҳамкасб будем… Се рӯз пеш дар Фейсбук бароям як паёмаке фиристода буд басе ширин ва самимӣ… Солҳои зиёд Ҳоҷӣ Саъдуллоҳ дар хизмати Исломи азиз буд.  Бо мадади ӯ ба садҳо нафар мардуми деҳа ва берун аз он зиёрати хонаи Худо муяссар гардид.

Махсусан, солҳои охир бо навиштаҳои пурмазмун, кӯтоҳ, нотарсона ва нишонрас аз дарди ҷомеа мегуфт. Шодравон инсони кушод, бериё, шуҷоъ ва ошкорсухан буд. Солҳои қабл чун ба Душанбе меомад, меҳмон мешуд. Як тасодуфи аҷибе буд; ҳар  боре дар манзили мо меҳмон мешуд, мо чизе ба хона мехаридем. Агар як сол бо омадани Ҳоҷӣ Саъдуллоҳ телевизор харида бошем, дар меҳмонии дигар сол ҷевон харида будем, бинобарин гоҳе дар оила ҳазл ҳам мекардем, ки кош, Саъдуллоҳи бапойиқадам оянду ба хона чизи наве харем.

Афсӯс, умр ба дӯсту бародари мо вафо накард, аммо умедворем, кӯлбори ишон аз амалҳои нек пур аст ва дар роҳи охират чароғи равшан хоҳад шуд.

Бархе аз чакидаҳои хомаи марҳум Саъдуллоҳ Мӯсо

Дар ғами "соли нав" афтон миллати пуриллатам

"Соли нав" гуён ду ҳафта банд чанд авлоди мост,

Баҳри таҷлилаш фараҳвар хотири ношоди мост.

Ай, ки мегуи ба мо: Ин ҷашни милоди Масеҳ,

Боз ҳам таҳвил кун, кам донишу иршоди мост.

****

Бар Расули ҳақ- Бар Исо мо ҳам имон оварем,

Баски бовар бар расулон рукни эътиқоди мост.

Не ҳалол аз аҳли Исломем, не кофар ба зот,

Ай мабодо, ки махони к-ин ғалат дар зоти мост.

****

Мо мусалмонзоҳиронему дарун кофармиҷоз,

Омили худношиносӣ мушкили афроди мост.

Не Муҳаммадро шиносему на Асҳоби киром-ш,

Даъвии "мо хам мусалмон.." гуӣ бар имдоди мост.

****

Ҷумлаи гумроҳи дин дорад ба дунё пешрафт,

Мо ки дар гирдоби ҷаҳлем, оҳу воҳ эҷоди мост.

Бӯ набурда атри Қуръон, мехурам бо он қасам,

Эътиқоди ман чаро чун? Айб дар илҳоди мост.

****

Идҳо дорем: Идайн намедонем чист?

Даъвиҳои мо риёӣ, ҷилва дар фарёди мост.

Сониё, хомӯш бошу дам маафкан беш аз ин,

К-ин ҳама манкурти миллат дар ситоди доди мост.

 

Бар ҳади мо хам ҷамолатро фурузон, офтоб!

Баски чашми интизориҳои мардум хом буд,

Маҷлиси миллат ба мисли соли пор анҷом шуд.

Чашмдоро, сарвазири мо ҳамон сон пеш монд,

Пир аз аҳли шимолимон ба ҷои хеш монд.

****

Бори дигар аз назар афтон каси дарвеш монд,

Қалбҳои содалавҳон з-ин гирумон реш монд.

Дилзанак мавсим бе қурбонӣ бигзашт, ай азиз!

Му(й)сафеде чанд побарҷо бимонд ин бор низ.

****

Ҷои гарми шон ба фасли дай накардандӣ хунук,

Фасли гармо, шоядо, созанд ишонро сабук.

Ҳар баҳорон мешавад барфу яхи атроф об,

Дар ҳади  зулмонии мо ку ҷамолат офтоб?!

Муҳибуллоҳи Қурбон, «Наҳзат»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi