СОХТОРИ НАВИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР ШАҲРИ САРБАНД
Муовини сардори намояндагии ИМА дар Тоҷикистон хонум Сара Пенхюн, ва Сардори идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Миёна хонум Эрин Макки бо ҳамроҳии шаҳрвандони Сарбанд дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ дар шаҳри Сарбанд ширкат варзиданд.
Шаҳрвандон барои ҷашнгирии ин рӯзи муҳим ҷамъ омадаанд. Бояд гуфт, ки системаи обтаъминкунии барқароршуда 14,921 нафар шаҳрванди Сарбандро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳад кард. Дар ин маросим аз ҷониби мактаббачагон намоиши таълимию тарбиявӣ дар мавзӯи аҳамияти оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт барои ҳаёти солим пешниҳод гардид.
“Бисёрии деҳаҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва Ҳукумати ИМА барои расонидани кӯмаки худ дар ҳалли ин мушкилот хеле хушҳол аст. Дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар якҷоягӣ бо риоя кардани меъёрҳои беҳдошт ва тозагӣ барои пешгирии бемориҳои сироятии тавассути об гузаранда, ки сабабгори фавти одамон шуда метавонад, хеле муҳим аст. Баъди маъракаи имрӯза корҳои зиёд боқӣ мемонанд. Системаи обтаъминкунии аз нав барқароршуда нигоҳубини мунтазам ва ҳамкории зичро миёни сокинони маҳалла ва мақомоти маҳаллӣ талаб мекунад” – дар суханронии хеш қайд намуд хонум Сара Пенхюн.
Қаблан, сокинони шаҳри Сарбанд, ба монанди сокинони дигар бисту панҷ (25) маҳаллаҳои шарике, ки аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” барои таъмини оби тозаи нӯшокӣ дастгирӣ карда мешаванд, аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Ин сабабгори гирифтори касалиҳои сироятии тавассути обгузаранда байни аҳолӣ, алахусус кӯдакон гардид.
Дар айни ҳол 14, 921 нафар шаҳрванди Сарбанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани як қатор омӯзишҳо дар доираи фаъолияти ин лоиҳа, одат ва рафтори шумораи зиёди сокинон, аз он ҷумла кӯдакон дар робита бо масоили саломатӣ ва беҳдоштӣ, тағйир гардид.
Лоиҳаи USAID "Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон" дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри зиёд намудани таъминот мунтазам бо оби тозаи нӯшокӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони маҳалии тиб, роҳбарони ҷомеаҳо ва намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати тағйир додани одат ва рафтори манфиатбарандагон дар робита бо масоили саломатӣ ва беҳдошт амалӣ мегардад.
То ба ҳол, бо кӯмаки бевоситаи лоиҳа, бисту панҷ маҳалла, яъне нӯҳто ноҳияи интихобгардида бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардидаанд. То ба анҷом расидани ин лоиҳаи сесола, USAID тасмим гирифтааст, ки 100,000 нафар соқинони манотиқи деҳотро дар қаламрави Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд. Барои ба ин ҳадаф расидан, USAID интизори ҳамкории зич бо дигар маҳаллаҳои шарики заҳматкаш аст.
Лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони мардуми Амрико мебошад, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар ҷудо намудааст.
«Рӯзгор»