15:09:34 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

БОЗГИРИИ КОЛОҲОИ НИЗОМИИ АМРИКО АЗ АФҒОНИСТОН ТАВАССУТИ ТОҶИКИСТОН

Бозгирии нахустин колоҳои низомии Амрико аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон оғоз шуд. Дар ин бора ширкати ҳамлу нақли FMN Logistics дар сойти интернетии худ хабар додааст.

afghan_truckТибқи иттилоъи ин манбаъ, гурӯҳе иборат аз бист комюни 25-тунии ин ширкат рӯзи 29-уми феврал ҳомили таҷҳизоти низомии Амрико ҳаракти худ аз Афғонистон ба самти шимолро оғоз кардааст. Дар ин хабар омадааст, ки ин комюнҳо тавассути қаламрави Тоҷикистон ба самти Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҳаракат мекунанд.

Сипас, ин колоҳо бо вогунҳо аз тариқи қаламрави Қазоқистон ва Русия то ба бандарҳои Латвонӣ ва аз он ҷо бо киштиҳо ба Амрико мунтақил мешаванд. Ширкати FMN Logistics дар гузориши худ аз он изҳори хушҳолӣ карда, ки давлати Амрико барои мусоъидат ба раванди хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон ин ширкатро интихоб кардааст. Масъулони сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар дар ҳоли ҳозир худдорӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯъи истифода аз масири шимолӣ барои хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон, ки қарор аст то поёни соли 2014 анҷом шавад, дар чанд моҳи ахир дар меҳвари гуфтугӯҳои намояндагони мухталифи мақомоти Амрикоӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дошт.

Рӯзномаи Амрикоии "Вол Истрит Журнол" рӯзи душанбе гузашта гузориш карда буд, ки мақомоти низомии Амрико дар бораи "ба даст омадани тавофуқот бо чанд кишвари Осиёи Миёна" дар бораи тронзити дутарафа ба Афғонистон хабар додаанд.

Ин рӯзнома менависад, ки женероли нерӯҳои ҳавоии Амрико Вилём Фростер ба ҳуқуқдонҳо гуфтааст: "Амрико ризояти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро барои интиқоли таҷҳизот ба даст оварда ва акнун барои касби тавофуқ дар бораи интиқоли зиреҳпӯшҳо дар ҳоли музокира аст."

Дар гузашта гузориш шуда буд, ки Амрико қасд дорад бархе аз таҷҳизоти низомии худро барои тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи кившарҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон эъто кунад.  Мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмиллалии мубориза алайҳи терурисм аз Афғонистон ахиран дар дидори Ник Ҳорвӣ, вазири нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё бо Президент Раҳмон дар Душанбе низ матраҳ буд.

Баъд аз ин дидор, ки рӯзи ҷумъаи 2 март баргузор шуд, оқои Ҳорвӣ ба хабарнигорон гуфт, ки давлати Бритониё аз мақомоти тоҷик хостааст барои хурӯҷи нерӯҳояш аз Афғонистон бо истифода аз қаламрави Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам кунанд. Оқои Ҳорвӣ аз ҷумла гуфт: "Мо барои берун бурдани нерӯҳои худ аз Афғонистон ба кумаки се кишвари минтақа - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ниёз дорем."

Ба гуфтаи ин мақоми низомии Бритониё, ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар зудтарин фурсат ин мавзӯъро баррасӣ ва дар ин маврид тасмим хоҳад гирифт. Зимнан, масири шимолии ҳамлу нақли колоҳо ва лавозимот барои нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон аз соли 2009 мавриди истифода қарор гирифт. Ин масир аз қаламрави куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва бархе аз кишварҳои Қафқоз убур мекунад.

Ҳарчанд, ба иттилоъи манобеъи Амрикоӣ, махориҷи ин масир барои ҳамлу нақл гаронтар аст, вале баъди ноамн шудани роҳи интиқоли коло тавассути қаламрави Покистон, таваҷҷӯҳ ба ин масир бештар шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ду соли ахир то 90 дарсади колоҳои ғайринизомӣ ва то 60 дарсади маводди сӯхтӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои эътилофи байналмиллал дар Афғонистон аз ин масир мунтақил шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi