13:45:50 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

МАРКАЗҲОИ НАВИ ИТТИЛООТИИ ЗИДДИ СПИД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ КУШОДА ШУДАНД

Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» маросими ифтитоҳи ду маркази иттилоотии оиди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)/бемории норасоии масунияти одамро (БНМО) дар шаҳри Душанбе, дар Марказхои саломатии №4 ва №10 доир намуд.

usaidДухтурон ва ҳамширахои тиббии марказҳои мазкур, аз ҷумла намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи пешгирӣ ва омӯзиши ВНМО/БНМО фаъолият мекунанд, маросими ифтитоҳи марказҳои нави инноватсиониро дар доираи мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон баргузор намуданд.

Барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ки ба беморони сироятшудаи ВНМО расонида мешавад, кормандони Марказҳои саломатӣ аз намояндагони Марказҳои иттилоотӣ хоҳиш намуданд, ки ба пайдо намудани маълумоти бештар дар бораи ВНМО ва таассубе, ки беморон бо он дучор мешаванд, кӯмак расонанд.

Духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ нақша доранд, ки Марказҳои иттилоотиро барои муҳокима кардани масоили ВНМО/БНМО дар мизҳои мудаввар бо кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки бо ВНМО сарукор доранд ва мизоҷони онҳо, ва ҳамчунин  барои гузаронидани машваратҳо ва омӯзишҳо оид ба ВНМО, истифода баранд.

Сатҳи бемории ВНМО дар Осиёи Марказӣ дар даҳсолаи охир таври назаррас афзуд, асосан дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз он ҷумла маҳбусон, нашъамандони тазриқӣ ва муҳоҷирон. Таассуб ва маҳдудкунии ҳуқуқ ин мушкилотро вазнинтар мегардонад, чунки бинобар он гурӯҳҳои осебпазир аз ҷустуҷӯи машварати тиббӣ оиди пешгирӣ ва табобати беморӣ худдорӣ менамоянд. Марказхои иттилоотӣ дар ҳалли мушкилоти мазкур муҳим мебошанд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба кормандони дармонгоҳ оиди усулҳои нави табобати беморони бо ВНМО сироятшуда омӯзиш мегузаронад, ки духтурон барои аз манбаъхои иттилоотии марказҳои нав таври самарабахш истифода баранд. USAID ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯмак мерасонад ва ба ҳар як маркази иттилооӣ се ададӣ компютер, 1 ноутбук,  1 принтер ва ҳамчунин ҷиҳози идора дастрас намуд.

Сардори Маркази саломатии №4 Хусейнов Назрулло иброз дошт: “Ман аз имконияти ҳамкорӣ  бо Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» хеле хушҳолам. Маркази иттилоотии ВНМО/БНМО дар оянда барои такмил додани ҳамкории мо бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ кӯмак мерасонад ва ба мутахассисони мо имконият медиҳад, ки дониши худро оиди ВНМО такмил намоянд, ки ин дар навбати худ хизматрасонии тиббиро ба гурӯҳҳои осебпазир беҳтар гардонад”.

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоихаҳои сершумор ба хисоб меравад, ки мардуми Амрико тавассути агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) татбиқ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе 984 миллион доллари ИМА-ро барои барномаҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ва ҳамчуниин барномаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистонро маблағгузорӣ кардааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi