22:22:40 04-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

АГЕНТИИ ЗИДДИ ФАСОД: БА МО ПИНҲОНӢ ХАБАР ДИҲЕД

Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон роҳи нави ҷилавгирӣ аз фасодро ба роҳ монданист. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мехоҳад барои густариши кори худ ва ҷалби шаҳрвандон ба муборизаи зидди фасод сомонаи иттилоотӣ ва таҳлилиеро боз кунад.

korrupsiya_15.3.12.jpgИнтизор меравад, ки дар он ҳамроҳ бо нашри хабару матолиби таҳлилӣ аз фаъолияти ҳаррӯзаи ин ниҳод аз шаҳрвандон дархост хоҳад шуд, дар бораи рӯйдодҳое, ки гумон мекунанд, ба фасоду ришват рабт доранд, ба агентӣ хабар диҳанд. Барои ин шумораи «телефони боварӣ» нашр хоҳад шуд.

Шаҳрвандон, имкон хоҳанд ёфт, ки аз тариқи почтаи электронӣ ё худ минбари алоҳида тавассути хизматрасонии виртуалӣ аз амалҳои коррупсионии сохторҳо ва нафарони алоҳида ба агентӣ хабар диҳанд. Раиси Агентии мубориза бо фасод, Фаттоҳ Саидов борҳо гуфта буд, ки «мардум ҳар рӯз бо фасод рӯ ба рӯ мешавад, аммо ҷуръати муроҷиат карданро надорад. Мубориза бо фасод танҳо кори агентии мо нест, мардум ва ҷомеа ҳам бояд, ки кӯмак кунанд.»

Соли 2011 Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҷиноятҳои зиёдеро ифшо кард ва беш аз 2 миллион сомонӣ маблағи дуздидашудаи буҷаро бозгардонд. Аммо дар байни мардум ин ақида роиҷ аст, ки ин ниҳод асосан машғули боздошти мансабдорони сатҳи миёна ва поён буда, то ҳол ба фасод даст доштани вазир ё раҳбари аввали идораҳои давлатиро фош накардааст.

Ба ҳайси раддия ҷаноби Фаттоҳ Саидов дар нишасти ахири хабарии хеш дар ҳузури хабарнигорон гуфт: "Доим аз мо суол мекунанд, ки чаро вазиру кабирро боздошт намекунед, аммо бинед вазири маориф дар пайи санҷишҳои мо ва ифшои камбудиҳои молии соҳа аз вазифа браканор шуд.»

Манзури ӯ аз ифшои сирқати беш аз 150 000 сомонӣ ва таҳияи шаҳодатномаҳои қалбакӣ дар Вазорати маорифи Тоҷикистон буд, ки агентӣ дар ҷараёни як тафтиш ошкор кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi