ТАШДИДИ ТАДОБИРИ АМНИЯТӢ ДАР ОСТОНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дидори раҳбарони кишварҳои минтақа тадобири амниятии шадиде ба роҳ андохтаанд. Аз рӯзи панҷшанбеи 22 март фаъъолияти ин ниҳодҳо ба сатҳи амниятии "пурзӯр" даромадааст.
Гуфта мешавад, ки ин муқаррарот ба манзури таъмини амният дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ба мавриди иҷро гузошта шудааст. Қудратулло Ғуломов, раиси ситоди пулиси Душанбе, ба Би-би-сӣ гуфт, ки сатҳи "пурзӯри амниятӣ" дар фаъъолияти пулис ба гунаи "казарма" ё омодабош аст, ки тибқи он маъмурон ба сурати шабонарӯзӣ дар маҳалли хидмат қарро доранд.
Вале ба гуфтаи вай, тадобир барои таъмини амният дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ аз муддатҳо қабл оғоз шуда буд. Дар гузашта аз амалиёти пулис зери унвони "режими гузарнома" (паспортний режим)" ва ошкор сохтани афроди бидуни сабти иқомат дар Душанбе гузориш шуда буд.
Қудратулло Ғуломов мегӯяд, ки тӯли чанд моҳи ахир маъмурони пулис дар миёни сокинони Душанбе умури иктишофӣ ва "фаҳмондадеҳӣ" (огоҳсозӣ)-ро анҷом додаанд ва ба ин далел, интизор меравад, ки дар ин рӯзҳо ҳеч гуна мушкили амниятӣ пеш нахоҳад омад.
Оқои Ғуломов афзуд, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ дар маҳаллоти баргузории мусобиқоти варзишӣ ва барномаҳои тафреҳӣ теъдоди маъмурони пулис афзоиш меёбад. Гузашта аз ин, ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар бархе аз хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад.
Ба унвони мисол, дар рӯзҳои баргузории мусобиқоти куштӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар "Наврӯзгоҳ" ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Ҳофизи Шерозӣ комилан масдуд мешавад.
Ба ҳангоми ҳаракати мошинҳои эскурт ё горди муҳофизи ҳайъатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, ки барои таҷлил аз Наврӯз ва ба манзури ширкат дар кунфронси байналмилалӣ дар робита бо масоили Афғонистон вориди Душанбе мешаванд, ҷоддаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон низ барои рафтуомади худравҳо ва васоили мусофирбарӣ маҳдуд мешаванд.
Интизор меравад, ки барои ширкат дар Наврӯзи имсол руасои ҷумҳури Афғонистон, Покистон ва Эрон ба Душанбе сафар кунанд. Ҳамчунин, вуруди ҳайъатҳои расмӣ аз ҳудуди чиҳил кишвари ҷаҳон барои ширкат дар кунфронси байналмилалӣ дар бораи Афғонистон низ дар назар аст.
Бо ин вуҷуд, тибқи иттилоъи масъулони Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо марзҳои кишвар боз ҳастанд ва ҳеҷ маҳдудияте дар омаду рафти атбоъи хориҷӣ роҳандозӣ нашудааст. Ҳарчанд, марзбонон низ фаъъолияти худро тақвият кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аз шаби гузашта ҳузури маъмурони пулис дар хиёбонҳои Душанбе афзоиш ёфта ва ҳузури нерӯҳои вижа бо силоҳ, ки бештар худравҳоро бозрасӣ мекунанд, мушоҳида мешавад.
Би-Би-Си