15:06:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АГЕНТӢ ДИКТАТУРА НАМЕХОҲАД

 РАДДИЯ БА МАҚОЛАИ «КОРРУПСИЯ 
ВА АШКИ МИЛЛАТИ ТОҶИК»

Ҳар кас агар бори ба дӯш доштаи худро ба таври бояду шояд ба манзили умед расонад ва аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда аз рӯи қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо тамоми нозукӣ барояд, олам гулистон мешавад. 

Мақсади ҳар як шахси ватандӯст, новобаста аз намуд ва шакли фаъолияташ, таъмини оромӣ, пешрафт, зиндагии бофароғати мардум, ваҳдат ва суботи ҷомеа бояд бошад. Аз ҷумла вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма, аҳли қалам ва дигар намояндагони касбу кори гуногун низ аз ҳамин бояд иборат бошад ва ба хотири дастгирии сиёсати феълии роҳбарияти давлат дар роҳи амалӣ гардонидани ваҳдат, ягонагӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, таъмини зиндагонии хушу хуррами мардуми диёр ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардад.

Дар воқеъ, дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 чунин омадааст: «...сухан метавонад, ҳам созанда бошад, ҳам сӯзанда…»  

Мақолаи «Коррупсия ва ашки миллати тоҷик», ки ба қалами ҳуқуқшинос, узви ИЖТ Варқа Зайниддинов мансуб буда, дар рӯзномаи «Нури зиндагӣ» аз 30 июли соли 2009, инчунин рӯзномаи «Тоҷикистон» аз 6 ва 13 августи соли 2009 пешкаши хонандагон гардонида шудааст, дар Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шиносоӣ қарор дода шуд. 

«Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳранди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.»,- омадааст дар моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма».

Вале ин гуфтаҳо маънии онро надоранд, ки ҳар кас чи тавре, ки табъи дили ӯст, ҳар вақт ва дар кадом шакле, ки хоҳад дар рӯзномаю маҷалла ва ё дигар васоити ахбори омма, суханҳои таҳқиромез ё беобрӯкунандаи беасос нисбати шаҳрвандон, давлат, ташкилотҳои давлатӣ ё ғайридавлатӣ табъу нашр кунад ва сиёсати давлатиро беасос зери танқид ва шубҳа қарор диҳад. Зеро тибқи моддаи 6-и ҳамин Қонун «Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғин, маълумотҳои тӯҳмату иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст».  

Мутолиаи мақолаи муаллиф моро водор сохт, ки бинобар ба аксари фикрҳои шахсии ӯ розӣ набудан, радияи асоснок пешниҳод кунем. Муаллиф дар мақолааш аз таърих ва силсилаи давлатдории гузаштагони миллати тоҷик хотирнишон сохта, ягона сабаби рӯ ба завол омадан ва аз байн рафтани он давлатҳоро дар паҳншавии коррупсия маънидод намудааст. 

Вале набояд фаромуш кард, ки дар баробари коррупсия бисёр дигар сабабҳое ҷой доштанд, ки ба таназзули он давлатҳо асос шудаанд. Ин ҳодиса таърихи исботгардида аст ва дар ин бора асарҳои зиёде аз ҷониби классикон ва муосирин - фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва бисёр дигар муаррихони ҷаҳонӣ пешкаши хонандагон гардидаанд ва он исботи иловагӣ талаб намекунад. Муаллиф низ дар мисолҳои овардааш хушае аз ҳар гӯшае аз он сарчашмаҳо ҷамъ кардааст, вале таҳлили чуқур оиди ҳамаи сабабҳои барҳамхӯрии давлатҳоро нагузаронида, ягона сабаби онро дар коррупсия дидааст.  

Ба илми таъриху ҷамъиятшиносӣ набояд саҳлу осон назар кард. Заҳмати зиёде кашида, садҳо сарчашмаю адабиётро мутоила ва таҳлил намуда, бо машаққатҳо метавон таърихи пайдоиш ё заволи як давлатро рӯи қоғаз овард. Барои ин бошад мутахассиси соҳа будан лозим аст. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: «Гунҷишкро қассоб кушад». Сари ин масъала олимони соҳаи таърих ва ҷамъиятшиносӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд, зеро ки ин вазифаи муқаддаси онҳо мебошад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин ба ақида ҳамагон розӣ мебошанд.

Масъалаи дигаре, ки ба он наметавон розӣ шуд, ин таҳқири кормандони собиқ мақомоти полиси андоз мебошад, ки муаллиф нисбати онҳо ибораҳои: «фасодкор, фаъолияти сусти корӣ ва кадрҳои то андозае ғайрикасбӣ, чун мақомоти нафъаш ба ҷомеа кам»-ро ба кор бурдааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар ҳар як корхонаю ташкилот ва муасисаҳои давлатию ғайридавлатӣ на ҳама фасодкору ноӯҳдабароянд. Ин навиштаҳои муаллиф таҳқири обрӯю эътибори аксари кормандони босаводу поквиҷдон ва ватандӯсти дар он мақомот ифои вазифа карда мебошад. 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки аксари кадрҳои он мақомот шараф, виҷдон, дониш, касбият, обрӯй дошта, ба хотири пешрафти ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои иқтисодии кишвар, обрӯи Ватани азизамон ва дастгирии сиёсати феълӣ хизмат намудаанд ва ҳоло ҳам дар сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту корхонаҳо ба нафъи халқу Ватан хизматро идома дода истодаанд. Илова бар он, мақомоти полиси андоз таи давраи фаъолияташ вазифаи худро, ки иборат аз ташаккули маданият ва фарҳанги андозсупорӣ ва таъмини риояи қонунҳои давлат дар самти сиёсати андозу андозситонӣ буд, то дараҷаи муайян иҷро намудааст. 

Ҳамчунин дар мақола собиқ кормандони Қумитаи назорати давлатии молиявӣ зери танқиди беасос қарор дода шуда, дар он омадааст: «ҳол он ки кумитаи мазкур дар давраи фаъолияташ аз худ чизеро рӯи об набароварда…»

Ин ҷой низ муаллиф фаъолияти кумитаи мазкурро зери таҳлили амик қарор надода, суханҳои таҳқиромезро нисбати кормандони бошарафу бовиҷдони ин мақомот раво дидааст. Беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро муаллиф дар давраи фаъолияти он мақомотҳо чунин танқидро ба онҳо раво надонисту имрӯз…

Бояд гуфт, ки кормандони кумитаи мазкур тайи давраи фаъолияташон ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии кишвар, самаранокии истфодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ, истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ ва пурра гардонидани буҷаи давлат ва риояи қонуният дар ин самтҳо корҳои бузургеро ба сомон расонидаанд. Аз ҷумла онҳо дар вазорату идораҳо, бонкҳо ва ташкилоту корхонаҳо санҷишҳои зиёди молиявӣ гузаронида, дар рафти он садҳо миллион сомонӣ зарарҳои молиявиро ошкор намуда, ба буҷаи давлат даҳҳо миллион сомонӣ барқарор намудаанд. Ҳамчунин аз тарафи кумитаи мазкур садҳо маводи санҷишӣ оиди ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус ба мақомоти прокуратура ирсол карда шудааст. 

Муаллиф дар идомаи суханаш таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар шуда, қайд кардааст: «воҳидҳои кории мақомоти собиқи пулиси андоз ба ин мақомоти навтаъсис арзонӣ дода шуда…».

Бояд хотирнишон сохт, ки дар охири соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 9 аз 30 ноябри соли 2006 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ ва ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ якчанд вазорату идораҳо, аз ҷумла Саридораи полиси андоз ва Қумитаи назорати давлатии молиявӣ барҳам дода шуда, ба ҷои онҳо сохтори нав таъсис дода шудааст. 

Вобаста ба ин, бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди коррупсия 10 январи соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба он вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ вогузор карда шудааст.

Ба самъи муаллиф ва хонанда бояд расонид, ки Агентӣ ягона мақоми ҳифзи ҳуқуқ аст, ки қабули кормандон ба мансабҳои холӣ дар он бо роҳи демократӣ, яъне ба тариқи озмун, ки дар се марҳила (омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталаб, санҷиши хаттӣ ва санҷиши шифоҳӣ бо ҳар як довталаб) сурат гирифта буд ва ин қоида то ҳол идома дорад.

Тибқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар Агентӣ, ба он танҳо шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва ё иқтисодӣ роҳ дода мешаванд. Дар кори комиссияи озмун бошад ҳамчунин кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. 

Бинобар ин, қайд кардан зарур аст, ки ба мақомоти навтаъсиси Агентӣ на фақат кормандони собиқ «пулиси андоз арзонӣ дода шудаанд», балки мутахассисони беҳтарини дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - прокуратура, умури дохила, амният ва ғайра бо роҳи озмун ба кор қабул гардидаанд. Аз ҷумла 30 нафар кормандон аз мақомоти прокуратура, 74 нафар аз Вазорати корҳои дохила, 14 нафар аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, беш аз 100 нафар мутахассисони ҷавон ва боқӣ аз дигар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо ба кор омадаанд.

Магар як шахс ҳуқуқ дорад, ки бе гузаронидани таҳлилҳои асоснок ва доштани маълумоти дақиқ, бо мақсадҳои норавшан як гурӯҳи калони одамон ё ташкилотро таҳқир ва танқид намояд ? Баъдан, муаллиф дар мақолаи худ оиди таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, қайд намудааст, ки «...Агентӣ бе омодагӣ ва омӯзиши вазъи беҳад вазнини коррупсионии ҷомеаи тоҷик сурат гирифтааст». 

Ҳамчунин як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколатҳои Агентӣ ва тобеияти тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии ба коррупсия алоқаманди ба ин мақомот тобеъ, зери танқиди беасос гирифта шудааст. Аз ҷумла, тағйироту иловаҳоро ба моддаҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратури Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барҳам задани пояи назорати прокурорӣ ҳисоб карда, барои исботи фикри худ мисолеро аз нақши бозидаи актёре дар кинофилми итолиёвӣ, ки як нақши рамзии комиссари политсияи Ситсилияро бо номи Катани бозидааст, оварда, ӯро ба ҳайси прокурор нишон додааст. 

Ба андешаи мо чунин фикрронӣ ба ҳар ҳол ҷиддӣ нест. Магар овардани ин гуна мисол барои ҳуқуқшинос далелу исботи фикр ва ё аз рӯи этика ва одоби хизматчии давлатӣ аст? 

Муаллиф қонунҳои қабулнамудаи давлатро зери танқид қарор додааст. Ҳол он, ки дар онҳо омадааст, ки қонунҳои мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Дар ягон нуқтаи ин қонунҳо ва умуман ягон қонун гуфта нашудааст, ки баъди қабул ва интишори расмӣ қонун метавонад мавриди танқиду мулоҳизарониҳои беасос ва зери шубҳа қарор дода шавад, махсусан аз ҷониби намояндаи худи давлат ва шахсони мансабдоре, ки пеш аз ҳама барои таъмини иҷрои бевоситаи қонун ӯҳдадор ва вазифадоранд. Волоияти қонун низ дар эътироф ва иҷроиши бемайлони он ифода меёбад. Мутаасифона дар мақолаи муаллиф эътирофкунии қонун ва риояи волоияти он дида намешавад. Агар волоияти қонунро ҳомии қонун ҳамин тавр фаҳмаду риоя кунад, чӣ гила аз…?

Сухан бояд санҷида, дар тарозуи ақл баркашида ва баъдан гуфта шавад. Як нуқтае дар мақола диққати шахсро ба худ ҷалб менамояд ва онро таҳқир нисбати давлат, сиёсати пешгирифтаи роҳбари он, мақомоти салоҳиятдор ва мақоми олии қонунбарор метавон ҳисоб намуд. Зеро Агентиро ҳамчун «мақомоти сунъисохт» ном бурдани муаллиф ба ягон меъёри қонунӣ, ахлоқӣ, давлатдорӣ ва ҳатто этикаи журналистӣ рост намоеяд. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсиси ин мақомот иродаи ягон гурӯҳ, ҳизб ё табақаи алоҳида набуда, балки ифодаи иродаи олии сиёсии роҳбари давлат ва Парлумони кишвар, ки худ ифодагари манфиатҳои умум аст, мебошад. Бояд гуфт, ки дар арсаи байналмиллалӣ масъалаҳои марбут ба мубориза бар зидди коррупсияро «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» ба танзим медарорад, ки аксари давлатҳои кӯраи замин ба он имзо гузошта, онро тасдиқ намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конвенсияи мазкурро ҳамчун санади аҳамияти умумибашарӣ дошта 25 сентябри соли 2006 имзо намудааст ва Парлумони кишвар онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ (ратификатсия) кардааст.

Мувофиқи моддаҳои 6 ва 36 Конвенсияи номбурда «Ҳар як Давлати иштирокчӣ …мавҷуд будани мақомотеро, ки барои мубориза бар зидди коррупсия махсус гардонида шудааст, таъмин менамояд. Ба чунин мақомот мустақилияти зарурӣ фароҳам оварда мешавад, то он тавонад функсияхои худро самаранок ва бе ягон таъсири номатлуб иҷро намояд…».

Эътироф намудани Конвенсияи мазкур низ яке аз асосҳои таъсис додани Агентӣ гардидааст. Бояд қайд кард, ки дар ҳамаи давлатҳои эътирофнамудаи Конвенсияи номбурда чунин мақоми махсуси муборизабаранда бо коррупсия амал намуда, он бо ин ё он тарз номгузорӣ карда шудааст. На ин ки «дар тамоми ҷаҳон муборизи аслии зидди коррупсия ин мақомоти прокуратура ва «ҳокимияти назорати прокурорист», чӣ тавре ки муаллиф мехоҳад хонандаро бовар кунонад.

Чунончӣ, дар Фаронса - Хадамоти марказии пешгирии коррупсия, дар Македония - Комиссияи давлатии пешгирии коррупсия, дар Малта - Комиссияи доимии пешгирии коррупсия, дар Сербия ва Чернигория - Раёсатҳои зиддикоррупсионӣ, дар ИМА - Сарраёсати этикаи ҳукуматӣ, дар Ҳиндустон - Хадамоти марказии ҳушёрӣ, дар Булғория - Комиссия оид ба ҳамкории мубориза бо коррупсия, дар Гонконг - Комиссияи мустақили мубориза бо коррупсия, дар Сингапур - Бюро оид ба тафтиши фаъолияти коррупсионӣ, дар Литва - Хадамоти махсуси тафтишотӣ, дар Ҷумҳурии Қирғизистон - Агентии миллии оид ба пешгирии коррупсия, дар Латвия - Бюро оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, дар Австралия - Комиссияи мустақили мубориза бо коррупсия, дар Ботсвана - Директорат оид ба мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ғайра арзи вуҷуд ва фаъолият доранд. 

Махсусан бояд қайд намуд, ки дар он давлатҳо дар баробари ин мақомотҳо Прокуратура низ дар доираи ваколатҳои худ фаъолият мекунад. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки «Воқеан агар қонундонҳои мо мехостанд, ки хоҳишҳои худро дуруст қонунӣ намоянд, пас бояд моддаи 93 Конститутсияи ҶТ-ро бознигарӣ намуда ба он «мақомоти назоратии ваколаташ маҳдуд»-ро илова намуда, баъди гузаронидани раъйпурсӣ ва гирифтани розигии халқ ба чунин кор даст мезаданд». 

Ба ҳуқуқшинос Зайниддинов В. бояд хуб маълум бошад, ки қабули қонун хоҳиши қонундонҳо набуда, балки ифодаи иродаи умумии халқ аст, ки ба воситаи мақоми олии қонунбарор - Парлумони кишвар бо роҳи демократӣ қабул карда мешавад. Дар моддаи 93-и Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллиф ба он ишора кардааст, омадааст: «Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд».

Зиёда аз он тағйиру иловаҳои ба қонунҳои дар боло зикргардида воридшуда, ки муаллиф онро зери танқиди беасос гирифтааст, ваколатҳои прокуратураро ҷиҳати назорати прокурорӣ заррае кам накардаанд.

Ҳамчунин муаллиф, шояд бо мақсади гумроҳ намудани хонанда бошад, дар мақолааш овардааст, ки «…кормандони Агентӣ нисбати кормандони прокуратура – (мақомоти олии назоратӣ) кори ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиш мебарад, лекин дар ин ҳолат прокурор ҳуқуқи оғози кори ҷиноятиро нисбати ин мақомоти «сунъисохт» надорад…».

Пеш аз ҳама хотиррасон бояд кард, ки нисбати ягон «мақомот» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда наметавонад. Баъдан ба самъи хонанда (зеро ба муаллиф ин ҳолатҳо бояд хуб маълум бошанд) бояд расонид, ки тибқи тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридгардида, ки ба муаллиф хуш наомадаанд, нисбати кормандони прокуратура парвандаи ҷиноятиро оиди танҳо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд метавонад, ба ғайр аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Директори Агентӣ низ оғоз намояд. Ҷиноятҳои мазкур дар 49 моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои 405 модда мебошад, ифода ёфтаанд. Прокурор бошад ҳуқуқи оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро нисбати корманди Агентӣ бо тамоми моддаҳои боқимондаи Кодекси ҷиноятӣ дорад.

Тағйиру иловаҳои номбурда, ки дахлнопазирии кормандони прокуратураро қисман маҳдуд намудаанд, баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи моддаи 17-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, инчунин дар асоси банди 18-и Нақшаи тадбирҳои иҷрои Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардидаанд. Банди 18-Нақшаи зикршуда, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти № 34 тасдиқ карда шудааст, баҳри пешгирии коррупсия ва таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди қонун ворид намудани тағйиротро ба қонунҳои ҷумҳурӣ, ки вазъи ҳуқуқии гурӯҳи алоҳидаи кормандони мақомоти давлатиро муқаррар менамояд, пешбинӣ кардааст.  

Муаллиф мехоҳад, ки назорати пурзӯр ва олии Прокуратура барқарор карда шавад. Аз ин рӯ, дар мақолаи худ овардааст, ки «агар ҳукумати феълии кишвар мехоҳад, ки воқеан аз ботлоқи фасодии дар ҷомеаи кишвар ба вуҷуд омада берун равад…» роҳи онро дар диктатураи қонун ва онро бошад дар барқарор кардани назорати олии прокуратура, яъне диктатураи прокуратура мебинад. Мо тарафдори назорати прокурорӣ будем, ҳастем ва дар оянда низ хоҳем буд. Вале ягон мақомот набояд ҳуқуқу ваколатҳои бепоён ва бемаҳдуд дошта бошад. Ҳар як мақомот бояд зери назорати давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирад. 

Диктатураи мутлақ ва бе зери назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор додани ягон мақомот хоси ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ нест, зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба инкишоф дорад ва чархи таърих низ фақат ба пешравӣ ниёз дорад. Шаффофияти фаъолият барои ҷомеа ва давлат, ҳисобот дар назди давлат ва ҷомеаи шаҳрандӣ, риояи қонуният, зери назорат қарор доштан ва дигар принсипҳои демократӣ бояд дар ҳар як мақомот ҷой дошта бошад.  

Аз ҷумла, Агентӣ низ зери назорати давлат ва ҷомеа қарор дорад. Зеро он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, дар як вақт ҳар семоҳа оиди фаъолияти назорати давлатии молиявӣ ба Парлумони кишвар ҳисобот пешниҳод мекунад. Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он назорати иҷроиши қонунҳоро дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Агентӣ амалӣ менамоянд. Агентӣ аз фаъолияти худ ҳамарӯза дар васоити ахбори омма хабару гузоришҳоро пешкаши ҷомеа гардонида, хар семоҳа ба намояндагони ВАО оиди фаъолияти худ ахборот медиҳад.

Бояд гуфт, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ ҳеҷ вақт тарафдори доро будан ба ваколатҳои бепоёну номаҳдуд ва диктатураи Агентӣ набуданд ва нахоҳанд буд. Натиҷаи кории Агентӣ тайи давраи фаъолияти кӯтоҳи худ, ки онро давраи ташаккулёбӣ низ номидан мумкин аст, шаҳодати дурустии таъсиси ин мақомот мебошад. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 махсус гуфта гузаштаанд: «Бояд қайд кард, ки дар муддати фаъолияти начандон тӯлонӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст».

Бояд гуфт, ки кормандони Агентӣ дар давраи фаъолияти худ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ зарари молиявиро ба маблағи беш аз 260 миллион сомонӣ ошкор намуда, барқароркунии зиёда аз 110 миллион сомонии онро таъмин намудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Агентӣ ба судҳои ҷумҳурӣ аризаҳои даъвогӣ оиди рӯёнидани товони зарар ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ ва ба тавозуни давлат баргардонидани 53 иншоотҳои ғайриқонунӣ хусусигардонидашуда пешниҳод карда шудааст, ки қариб ҳамаи онҳо қонеъ гардонида шудаанд.

Дар самти пешгирии коррупсия бештар аз 1000 пешниҳоду дастурҳо оиди рафъи сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ирсол карда шуда, 487 маротиба дар васоити ахбори омма хабару гузориш ва мақолаҳо ба табъ расонида, зиёда аз 100 маротиба вохӯриҳо бо аҳолӣ гузаронида шудаанд. 

Дар ин давра мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва марбут ба андоз низ пурзӯр карда шуд. Дар натиҷа 1890 адад ҷиноятҳои зикршуда ошкор карда шудааст, ки 326-тоаш марбут ба порахӯрӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ (барои қиёс дар соли 2006, яъне то таъсис додани Агентӣ аз ҷониби тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 121 адад ҷиноятҳои порагирӣ ва ришваситонӣ ба қайд гирифта шуда буд), 528-тоаш азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳою воситаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, 218-тоаш сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳо, 94-тоаш ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ва 724-тоаш дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки корҳои то ба имрӯз ба анҷом расонидашуда баҳри рафъи пурраи корррупсия кофӣ набошанд ҳам, онҳо дар самти паст кардани сатҳи коррупсия аз манфиат холӣ нестанд. Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, андешидани чораҳои мунтазам ва комплексиро талаб мекунад. Мутаасифона, бо сабабҳои нофаҳмо дар ягон қисмати мақолаи худ В.Зайниддинов дар ин хусус ёдовар нашудааст. 

Зиёда аз он, дар «иншои» мазкур даъват оиди волоият ва риояи қонунҳои кишвар, муттаҳидӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар атрофи сиёсати пешгирифтаи ҳукумат дар роҳи созандагӣ, бунёдкорӣ, ватандӯстӣ ва шукронаи сулҳу субот ва сарҷамъиву ягонагӣ низ дида намешавад. 

Мақсад аз навиштани раддияи мазкур таърифу тавсифи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, балки равшанӣ андохтан ба замина ва асосҳои ҳуқуқии таъсиси Агентӣ ва ба самъи хонанда расонидани паҳлӯҳои воқеии фаъолияти он мебошад.

Дар мақолаи Зайниддинов В. ҳамчунин таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳолати муҳоҷирати меҳнатӣ ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ мавриди танқид қарор дода шудааст, ки ба андешаи мо вокуниш ба он ба салоҳияти роҳбарияти ин соҳаҳо таалуқ дорад.

Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии
молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi