10:22:00 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДГОҲ ДАЪВОИ САДОВНИЧИЙ ВА РУДЕНКОРО РАД КАРД

Додгоҳи вилояти Хатлон аз баррасии даъвои ду халабони ширкати Rolkan Investments LTD сарфи назар кард. Ду халабони ширкати русӣ аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро комилан сафед кунад.

/images/stories/2012/03/29_sudi-khatlon_29312.jpgДодгоҳи вилоятӣ дар посухи ин даъвои Садовничий ва Руденко навиштааст, ки даъвои мазкур асоси воқеӣ надорад ва ҳукми додгоҳи шарҳи Қӯрғонтеппа қонунӣ содир шудааст. Аммо Ғулом Бобоев, вакили дифои халабонҳо мегӯяд, ӯ ва зерҳимояҳои ӯ ба чунин посухе мувофиқ нестанд. Ба назари оқои Бобоев, халабонҳо ҷинояте содир накардаанд. Ӯ мегӯяд ба талоши худ барои сафед кардани ду халабон идома хоҳад дод.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабонро дар рӯзи 8-уми ноябри соли 2011 бо иттиҳоми қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 10,5 соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо дар 22-юми ноябр додгоҳи вилоятии Хатлон ду халабонро, ки яке шаҳрванди Русия ва дигаре шаҳрванди Эстония буданд, таҳти фишори мақомот ва расонаҳои русӣ ҳукми онҳоро ба 2, 6 моҳ ихтисор намуд ва бар асоси Қонуни афв онҳоро озод намуд.

Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки ҳар ду фармондеҳони ду ҳавопаймои АН-72 мебошанд, дар рӯзи 12--уми марти соли 2011 зимни фуруд омадан дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа мавриди иттиҳом қарор гирифтанд ва баъдтар ба ҷурми қочоқ ва убури ғайри қонунии марз боздошт шуданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду ҳавопаймо ҳаққи нишастан дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппаро надоштанд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi