00:03:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

БАРҚ МЕОЯД, АММО НА ЧУН ДАР ГУЗАШТА АРЗОН

Сар аз шоми гузашта сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон бидуни ҳеҷ маҳдудият, ба нерӯи барқ дастрасӣ доштанд. Ин хабарро сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо таъйид карданд. Ин дар ҳолест, ки дар манотиқи кишвар то рӯзи гузашта лимити шадиди барқ ҷорӣ буд.

/images/stories/2012/04/02_barq-norak-2412.jpgСокинони манотиқи Тоҷикистон аз омадани барқ ба манзилҳояшон изҳори хушӣ мекарданд, ки боз як мавсими сарду бебарқии мушкил пушти сарашон шуд: “Шукри Худо ду рӯз шуд, ки шабу рӯз барқро дода истодаанд. Ҳозир соат ду шудааст, барқ дорем. Ҳамин хел гап ҳаст, ки дигар барқро хомуш намекунанд”.

-“Чанд вақт боз умуман барқ намедоданд, акнун ду рӯз шуд, ки паҳоҳиҳо дода истодаанд. Бегоҳиҳо даррав қатъ мекунад, барқро ҳамин шаб се дафъа хомӯш карданд. Ҳозир аз саҳар барқро додагианд ва хомӯш накарданд”.

-“Моҳи март умуман барқ надоштем. Хатҳои барқамон аз ҳаминҷо хароб шуда буд, тарма омада буд, ҳамаи шабакаҳои барқро хароб кард. Гуфта истодаанд, ки барқ доимӣ мешавад, ҳозир барқ дорем. Аз якуми парел ваъда карда буданд, ки барқро доимӣ мекунанд, лекин намедонем”.

Дар ҳамин ҳол мақомоти ширкати “Барқи тоҷик" ҳанӯз лағв шудани маҳудудияти барқрасонӣ дар манотиқро таъйид накарданд, аммо гуфтанд, ки бо фароҳам шудани имконоти тавлидӣ, ба таври озмоишӣ ба ҳамчунин иқдоме даст задаанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба мо гуфт, вобаста ба гармшавии ҳаво интизор меравад дар рӯзҳои наздиктарин лимити барқ дар манотиқи кишвар расман лағв карда шавад.

Реҷаи барқрасонӣ дар манотиқи кишвар сар аз оғози моҳи март боз ҳам шадидтар шуда буд. Барқе, ки ба манотиқи Тоҷикистон дода мешуд, 20 дарсад нисбат ба аввали моҳи март камтар буд. Таври маълум Тоҷикистон дар мавсими гармо бештар аз ниёзи дохилӣ нерӯи барқи обӣ тавлид мекунад, вале дар мавсими сармо ва тақрибан ним сол ба нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат гуфта буд, ки дар наздиктарин фурсат маҳдудияти барқ дар тамоми кишвар лағв карда мешавад. Ва дар зимн бояд корхонаҳо аз ин ба баъд бо истифода аз фурсат шабонарӯзи фаъол шаванд.

Ҳамзамон тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, сар аз имрӯз, якуми апрел нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ бист дарсад боло рафта, ба 11 дирам хоҳад расид. Минбаъд сокинони кишвар ба ҷойи 9 дирам барои як киловат соат 11 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши моҳонаи атбои ин кишвар пойинтар аз  сад доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бароти Юсуфӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi