04:01:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АТБОЪИ ТОҶИКИСТОН ҚУРБОНИЁНИ ОТАШСӮЗӢ ДАР МАСКАВ

Аҷсоди бештари қурбониёни оташсӯзии Маскав шадидан сӯхта ва шиносоии онҳоро душвор сохтааст. Дар ин бора Шарифа Ёқубова, як корманди кунсулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз маҳалли оташсӯзӣ дар бозори Кочоловский дидан карда, ба Би-би-сӣ хабар дод.

/images/stories/2012/04/03_firefighters_3412.jpgХабаргузории "Интерфакс"-и Русия дар истинод ба манобеъи ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав хабар додааст, ки ҳамаи қурбониёни оташсӯзӣ дар Маскав атбоъи Тоҷикистон будаанд. Аммо хонуми Ёқубова, ки зимни суҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ дар маҳалли оташсӯзӣ қарор дошт, гуфт, ки аҷсоди афроди кушташуда шадидан сӯхта ва шиносоии онон ғайримумкин шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло ин аҷсод барои озмоиш ба озмоишгоҳи пизишки қонунии шаҳри Маскав мунтақил шудаанд ва бар асоси натоиҷи он ҳувияти ин афрод мушаххас хоҳад шуд. Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки то ҳол ҳувияти афроди кушташуда дар ҳодисаи оташсӯзӣ мушаххас нашуда ва аз ин лиҳоз ҳанӯз зуд аст, ки ҳамаи қурбониёни оташсӯзиро тоҷикон қаламдод кунем.
Қаблан теъдоди талафот бар асари оташсӯзӣ 12 нафар гузориш шуда буд. Аммо бино ба иттилоъи манобеъи умури изтирории шаҳри Маскав дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯйӣ дар маҳалли оташсӯзӣ дар бозори Кочоловский ҷасади боз се нафари дигар кашф шудааст.
Ба ин тартиб, то нимарӯзи сешанбеи 3 апрел теъдоди афроди кушташуда бар асари ин оташсӯзӣ ба 15 нафар расидааст. Бино ба иттилоъи Вазорати умури изтирории Русия, ҳодисаи оташсӯзӣ дар як сохтмони дутабақаӣ дар бозори Кочоловский соъати 4:50-и субҳи имрӯз рух дода ва майдони оташ 50 метри мураббаъро ташкил додааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ки дар ин сохтмони кӯчак 15 муҳоҷири корӣ аз кишварҳои шӯравии собиқ зиндагӣ мекарданд ва ҳангоми оташсӯзӣ 12 нафар аз онҳо кушта шудаанд. Далоили ин оташсӯзӣ рӯшан нест, вале гуфта мешавад мумкин аст иллати ин ҳодиса бухории барқие буда бошад, ки муҳоҷирон барои гарм кардани манзил аз он истифода мекарданд.
Ба гуфтаи масъулони умури изтирории Русия дар шаҳри Маскав, 15 нафар аз муҳоҷирони корӣ дар бинои дуошёнаи филизӣ ва дар катҳои дутабақа ба сар мебурданд, ки ба берун роҳи баромади мустақиме надоштааст. Аз ин лиҳоз, вақте ки дар анбор (ангар) оташсӯзӣ рух дода, оташ роҳи баромадро масдуд карда ва сокинони бино аз дуди ғализ масмум шуда ва сипас, комилан сӯхтаанд.
Манобеъи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки субҳи рӯзи сешанбе масъулони Вазорати умури изтирории Русия ба сафорат занг зада ва аз имкони кушта шудани атбоъи тоҷик дар ин ҳодиса хабар додаанд. Ин манобеъ гуфтанд, ки ҳоло кормандони масъули сафорат ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва мумкин аст дар чанд соъати оянда дар бораи ҷузъиёти оташсӯзӣ иттилоъи расмӣ пахш шавад.
Каромат Шарифов, раиси ҷунбиши "Муҳоҷирони тоҷик дар Русия", гуфт, ки тибқи иттилоъи муқаддамотӣ ҳамаи кушташудагон дар оташсӯзӣ муҳоҷирони тоҷик ё ӯзбак будаанд.
Оташ дар осмонхарош
Дар таҳаввуле дигар, маъмурони оташнишонии шаҳри Маскав муваффақ шудаанд оташи як (бинои) осмонхароши дар ҳоли сохтро хомӯш кунанд. Ба гузориши расонаҳои Русия, ин оташсӯзӣ, ки аз он сӯйи шаҳри Маскав ҳам ба чашм мехӯрд, пас аз чаҳор соъат хомӯш шудааст.
Аммо далели ин оташсӯзӣ мушаххас нест. Ин сохтмон пас аз итмом баландтарин сохтмон дар Урупо хоҳад шуд. Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки васоили сохтмонӣ ва маводди сӯхтии сохтмон басуръат оташ гирифт.
Дар ҳоле ки коргарон сохтмонро тарк мекарданд, ба назар мерасид, ки шӯълаҳои оташ камтар шуда аммо пас аз муддате оташ васеътар ва шӯълавартар шудааст. Ба назар мерасад, ки ҳеч кас дар ин оташсӯзӣ осебе надидааст. Қарор аст сохти ин осмонхароши 90-табақаӣ то соли 2013-и милодӣ ба поён бирасад.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi