16:59:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХОҶА ОБИГАРМ БА МОЛИКИЯТИ ДАФТАРИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ДАРОМАД

Хоҷа Обигарм, маъруфтарин осоишгоҳи Тоҷикистон, ки дар гузашта моли Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ (профсоюз) буд, ҳамакнун ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ вобаста шудааст. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кул ҳамаи осоишгоҳҳои мутаъаллиқ ба Федеросиюни иттиҳодияҳои синфиро дар ихтиёри давлат қарор додааст.

/images/stories/2012/04/13_hojaobigarm-1312.jpgИсмоил Файзиев, муъовини раиси Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 13 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар авоили моҳи ҷорӣ Додгоҳи олии иқтисодӣ иддаъои Додситонии кул дар бораи зарурати таҷдиди сохтори фаъъолияти осоишгоҳҳои кишварро пазируфтааст.

Тибқи ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, куллияи осоишгоҳҳои воабста ба идораи умури осоишгоҳҳои Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳои "Хоҷа Обигарм", "Зумрат" ва "Турбазаи Варзоб" дар ихтиёри Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон қарор дода шудаfнд.

Оқои Файзиев мегӯяд, ки эҳтимолан ин тасмим то ҷойе дуруст ҳам буд, зеро ин осоишгоҳҳо ба тармиму бозсозӣ ва сармоягузорӣ ниёз доранд. Вай гуфт, ки тибқи иттилоъи вай, давлат дар садад аст як ширкати саҳомӣ таъсис дода ва фаъъолияти осоишгоҳҳои кишварро дар чорчӯби ин ширкат роҳандозӣ кунад.

Вале дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон наворҳои таблиғотӣ дар бораи осоишгоҳи Хоҷа Обигарм пахш мешаванд, ки дар онҳо аз ин осоишгоҳ ҳамчун моликияти дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Зимнан, давлати Тоҷикистон ҳайъати раисаи ин осоишгоҳро низ тағйир додааст. Аз ҷумла Сулаймон Давлатов раиси тозаи осоишгоҳи Хоҷа Обигарм таъйин шудааст. Тайи ҳудуди даҳ соли ахир Чеҳрагул Қосимова, хоҳари Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи саршиноси Ҷабҳаи миллии Тоҷикистон, раҳбарии ин осоишгоҳро бар ӯҳда дошт.

Муқим Ҳикматов, мудири Идораи умури осоишгоҳҳои Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон, мегӯяд, ки тибқи иттилоъи вай, "Турбазаи Варзоб" низ ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъаллуқ гирифтааст.

Оқои Ҳикматов гуфт: "Шояд чунин тасмим дуруст аст. Вале мушкил он аст, ки мо аз соли гузашта барои истироҳат ва табобати сокинон дар ин осоишгоҳҳо аз корхонаҳои кишвар маблағ ҷамъоварӣ карда ва бахше аз онҳоро сарф кардаем. Ҳоло осоишгоҳи Хоҷа Обигарм роҳхатҳои моро қабул намекунад. Ин дар истироҳат ва табобати мардум мушкил пеш овардааст."

Ба гуфтаи вай, ҳоло роҳхатҳоро барои истироҳат ва табобат дар Хоҷа Обигарм метавон дар худи осоишгоҳ харидорӣ кард. Зимнан, қимати истироҳат дар ин осоишгоҳ барои як рӯз 90 сомонӣ ва барои 12 рӯз як ҳазору 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки мизони маъоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон баробари 80 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар мавриди моликияти ин федеросиюн мунсифона набудааст. Вай ҳадс зад, ки дар ин амр таъсири манфиъатҳои гурӯҳӣ мушоҳида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ин осоишгоҳҳо дар замони Шӯравӣ бо истифода аз маболиғи Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ, яъне аз ҳаққи узвияте, ки сокинони кишвар мепардохтанд, сохта шудаанд. Фаъолияти ин осоишгоҳҳо умдатан бо истифода аз маболиғи бимаи иҷтимоъӣ, ки ҳар корманде дар Тоҷикистон бояд пардохт кунад, роҳандозӣ мешуд.

Зимнан, Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ дар Тоҷикистон як созмони иҷтимоъӣ буда ва аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст. Раҳбарии онро то ба ҳол Муродалӣ Солеҳов бар ӯҳда дорад. Теъдоди аъзои ин федеросиюн як милюну 200 ҳазор нафар унвон мешавад.

Тибқи ин омор, Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ дар Тоҷикистон бузургтарин созмони иҷтимоъӣ маҳсуб мешавад, вале мавқеъи ин ниҳод дар ҳалли масоили кишвар қобили мулоҳиза набудааст.

Тибқи қонун, Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ дар канори Созмони ҷавонон дувумин созмони иҷтимоъист, ки аз ҳаққи пешниҳоди номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi