00:49:23 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИҶОЗАИ БОЗДИД АЗ ЗИНДОНИ ҚӮРҒОНТЕППА БАЪД АЗ 73 СОЛ

Дар пайи эълони гуруснанишинӣ ва эътирози чанде аз маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа дар тирамоҳу зимистони гузашта, вазорати адлия ба хабарнигорон иҷоза дод, то аз ин зиндон боздид кунанд.

/images/stories/2012/04/18_turma-qurghonteppa_1812.jpgИлҳом Маҳмудов, муовини сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гуфт, агарчӣ бар асоси қонун боздид аз зиндон ва ҳамсӯҳбат шудан бо маҳбусон мамнӯъст, вале ба хотири рафъи сарусадоҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи маҳбусон, барои аввалин бор дар тӯли 73 соли мавҷудияти маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа, ин қоида барои хабарнигорон истисно шуд. Аммо барои намояндагони расонаҳои хабарӣ истифода аз дастгоҳҳои сабти овозу аккосиҳо иҷоза нашуд.

Тӯйчибек Усмонов, муовини сардори маҳбаси мазкур гуфт, "дар маҳбаси ЯТ9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо низоми шадиди нигаҳдории маҳбусон дар кишвар маъруф аст, асосан онҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҷиноятҳои махсусан хавфнок содир кардаанд. Дар миёни беш аз 300 маҳбуси ин зиндон, нафароне нигоҳдорӣ мешаванд, ки ба пайравӣ аз сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, созмону равияҳои иртиҷоии Ҳаракати исломии Узбакистон, Салафия, Ҷамоати таблиғ, Ҳизбуттаҳрир муттаҳам шудаанд."

Яке аз маҳбусони ба истилоҳ, саршиноси ин маҳбас Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев ва маҳбуси фирорӣ аз зиндони кумитаи амнияти Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2010, мебошад. Ҷаноби Мирзоев, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шудааст, дар камераи №1-и маҳбаси Қӯрғонтеппа ба сар мебарад. Вай гуфт, аз вазъи саломатиаш шикоят надорад ва хабардор аст, ки аҳволи бародараш Ғаффор Мирзоев ҳам мӯътадил аст.

Мирзоев, ки дар ҳузури афсарони маҳбас ва генерал Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, сӯҳбат мекард, гуфт, ҳуқуқаш нақз нашудааст ва муносибати масъулони маҳбас нисбати ӯ хайрхоҳона аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ба матбуоти даврии кишвар дастрасӣ дорад ва охирин хабаре, ки мутолиа кардааст, таслимшавии Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд, ба мақомоти амниятии кишвар аст.

Абдурасул Мирзоев аз ноширони матбуоти даврии кишвар хост, ки теъдоде аз рӯзномаҳои худро ба таври хайрия ба маҳбусони ин зиндон ирсол кунанд. Аммо масъулони маҳбас имкон надоданд, ки Абдурасул Мирзоев аз ҷузъиёти фирори худ ва 24 маҳбуси дигар аз маҳкамаи Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар ду сол қабл сӯҳбат кунад. Ҳоло бародари Ғаффор Мирзоев мегӯяд, дар камераи зиндон панҷ вақт намоз адо карда, масъулияти имоматиро ба ӯҳда дорад.

Дар маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчунин Саидаброр Аскаров, яке аз муттаҳамон дар қатли муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов дар соли 2001-ум нигоҳдорӣ мешавад. Вай, ки ба 25 соли маҳбас маҳкум шудааст, ҳоло дар сехи чӯбтарошии маҳбусон ба гаҳворасозӣ сарукор дорад.

Дар ягона сехи чӯбтарошии маҳбаси мазкур 18 зиндонӣ машғули сохтани гаҳвораю сандуқ ҳастанд ва 12 тани дигар дар бахши хоҷагидории зиндон андармони таҳияи ғизо, поккории майдони маҳбас ва сангрезӣ ҳастанд. Мақомот мегӯянд, маҳбусони коргар ҳар яке суратҳисоби махсуси худро дошта, маоши моҳонаашон ба он ворид карда мешавад ва аз он ҳисоб метавонанд барои худ маҳсулот, маводи ғизоӣ ё пироҳан бихаранд.

Дар бахши хоҷагидории маҳбас асосан нафароне кор мекунанд, ки ба гуфтаи мақомоти зиндон, ҷиноятҳои начандон вазнин содир кардаанд ва ё мӯҳлати ҷазояшон рӯ ба охир аст. Як мушоҳидаи ҷолиб ин буд, ки аксар аз 12 маҳбуси команди бахши хоҷагидорӣ бар асоси банди марбут ба "таҷовуз ба номус" ва "дузанагӣ ё серзанагӣ"-и Кодекси ҷиноятӣ равонаи маҳбас шудаанд. Раҳбарияти зиндони низомаш шадиди шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар дохили маҳбас дастикам 40 маҳбусро бо кори бомузд таъмин кардааст.

Назримад Ҳилолов, муовини сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд ки дар маҳбаси мазкур ҷинояткорони "ретсидивист" нигоҳдорӣ мешаванд, давлат аз ҳуқуқи онҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз шиканҷаю бадрафторӣ дифоъ мекунад: "Ҳоло дар матбуот дар бораи мавриди шиканҷа қарор рифтани маҳбусон зиёд менависанд. Метавон гуфт, мо шиканҷаро умуман ба нестӣ бурдем ва тамоми шароитро барои будубоши хуби маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ фароҳам сохтем."

Ин ҳам дар ҳолест, ки яке аз маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, дар як тамоси телефонӣ гуфт, кормандони зиндон ҳуқуқи ӯро мунтазам поймол мекунад: "Аз моҳи январ то имрӯз 7 дафъа ба мақомоти гуногуни кишвар ариза навиштаам, аммо ҳеҷ як аз ин номаҳоям ба мақомот нарасидаанд. Зеро мақомоти маҳбас намегузоранд, ки маҳбусон номаҳои шикоятӣ бо ба мазмуни дигар нависанд. Баъзан пул талаб мекунанд барои фиристодани номаҳои мо. Ба наздикӣ барои оварда додани нусхаи ҳукми суд аз як маҳбус 40 сомонӣ гирифтанд. Ҳамчунин то чанд рӯз пеш аз боздиди хабарнигорон ба мо, маҳбусон ғизои бегӯшту картошка дода мешуд ва ҷойгаҳи хобамон барои аввалин бор дар як соли охир иваз карда шуд."

Аммо вақте ки ба хабарнигорон ошхонаи маҳбасро нишон доданд, ду намуди ғизо -  шӯрбои бо карам ва шӯрбои бо нахуду гӯшти "тушонка" рӯйи алав мепухт. Масъулони раёсати зиндонҳо гуфтанд, ки ғизои маҳбусон шояд аз таоме, ки ба сарбозони артиш дода мешавад, бамаротиб беҳтар бошад.

Дар маҳбас ҳамчунин як пизишки маълумоти олидор ҳамроҳи ҳамшираҳои шафқат барои маҳбусоне, ки бемор мешаванд, хизмат мерасонанд. Ҳоло дар маҳбас 9 нафар ҳамчун бемор расман ба қайд гирифта шудааст. Дар даромадгоҳ ва баромадгоҳи биноҳои маҳбас ду мисраъ шеъри устод Рӯдакӣ ба чашм мерасид:

"Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор."

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi