18:39:30 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОРУҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ УЗБАКИСТОН ДАРМОНДАНД

Нӯҳ мошини боркаш ва як вагони ҳомили дорувории Тоҷикистон ду ҳафта ба ин сӯ дар марзи Қазоқистону Узбакистон банд мондаанд.

/images/stories/2012/04/18_rico_1812.jpgАзиз Саидов, масъули як ширкати воридкунандаи дорувории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, гумруки Узбакистон бар асоси фармони раисҷумҳури Узбакистон аз соли 2008 ва ҳам қарори ҳукумати ин кишвар аз соли 2002, ки воридоту содироти маводи хатарнокро танзим мекунад, мошинҳо ва вагони дорувории ширкатҳои тоҷикиро манъ кардаанд:

«Моли ширкати мо чизи хатарнок надоранд. Инҳо маҳсулоти табобатӣ барои инсон пешбинӣ шудаанд ва дар ҳуҷҷатҳои онҳо рамзҳои молии онҳо нишон дода шудааст. Аммо гумруки Узбакистон мегӯяд, ки гӯё инҳо молҳои кимиёвианд ва барои силоҳу прекурсорҳо истифода мешаванд, гуфта манъ кардаанд.»

Масъулин мегӯянд, дар марзи Қазоқистону Узбакистон беш аз 100 тон дорувории 9 ширкат, аз қабили «Ориёнфарм», «Эликсир», «Ёрии аввалӣ», «Аптекаи 36», «Дармонбахш» ва «Дӯстӣ» банд мондаанд, ки бояд ҳудудан 1000 номгӯи доруро аз Словения, Булғористон, Русия ва Украина ба Тоҷикистон ворид кунанд.

Ба қавли Азиз Саидов, ронандаҳои ду мошини боркаш хостанд бори худро аз тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон расонанд, аммо яке дар роҳ шикаста, аз ҳаракат мондааст.  Оқои Саидов гуфт, интиқоли мол тариқи Қирғизистон барои ширкатҳо қимати роҳкироро қариб 75% боло мебарад, зеро аз ронандагон ба болои 8 ҳазори еврои шартномавӣ, боз 6 ҳазор еврои дигар талаб  мекунанд. Ҳамчунин ба қавли ӯ, мошинҳо ҳатто ҳангоми ист бояд рӯшан бошанд, то ҳарорати барои доруҳо мусоид дигар нашавад.

Салим Абдулазизов, сарвари Хадамоти фарматсевтии вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, феҳристи маводи хатарнокро аз Узбакистон дастрас кардаанд, аммо то ба ҳол инчунин маълумот дар даст надоранд, ки феҳристи дорувории худи ширкатҳо аз чӣ иборат аст: «Мо аз онҳо хоҳиш кардем, ки номгӯи ҳамон доруҳояшонро ба мо пешниҳод кунанд. Он гоҳ мо бар асоси он бо гумрук сари маслиҳат менишинему хулоса мебарорем ва ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Ҳоло чизе дар даст надорем.»

Бино ба фармони раисҷумҳури Узбакистон аз соли 2008, ҳудуди 80 номгӯи маводи кимиёӣ ва доруворӣ, ки аз ҳудуди ин кишвар мегузаранд, бояд иҷозаи махсус дошта бошанд, аз ҷумла доруҳое, ки чаҳор рақами аввалашон бо 3003 ва 3004 оғоз мешавад. Аммо масъулини ширкатҳои дорурасон мегӯянд, дар гумруки Узбакистон танҳо ин чор рақамро мебинанду идомаашро ба назар намегиранд ва рамзи молии доруворӣ собит аст. Ба гуфтаи онҳо, навад дарсади маҳсулоти доруворӣ дар тибби дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо ин рамзҳои гумрукӣ оғоз мешаванд.

Як масъули сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, ки худро муаррифӣ накард, гуфт, дар посух ба муроҷиати онҳо мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки бояд ширкатҳо иҷозаи махсус гиранд. Вай мегӯяд, ҳоло раванди таъмини ширкатҳо бо иҷозатнома идома дорад.

Аммо Темур Тюмебаев, намояндаи ширкати «Софарма», масъули интиқоли моли ширкатҳо мегӯяд, мушкил ҳамоно боқӣ мондааст ва ҳеҷ пешравие дар ин кор мушоҳида намешавад.

Ширкатҳои дорурасон мегӯянд, то ин замон ҳамин номгӯи дорувориро бидуни иҷозаи махсус ворид мекарданд. Аммо як ҳамсӯҳбати мо аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин масъаларо набояд ба сиёсат ва равобити кунунии Узбакистону Тоҷикистон омехта кард, зеро ҳама кор тибқи қонун идома дорад ва рӯзҳои наздик мошинҳои ҳомили дору иҷозаи вуруд ба Узбакистонро дарёфт хоҳанд кард.

Аммо масъулини ширкатҳои дорурасон бо таъкиди  истифодаи маводи дорувории худ дар саросари кишвар мегӯянд, агар корвони мошинҳо дар рӯзҳои наздик вориди Тоҷикистон нашавад, ниёзмандон дар ростои боло рафтани қимат ва камбуди доруворӣ қарор хоҳанд гирифт.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi