15:16:18 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪЛОМИ ҲУКМИ 34 УЗВИ ҶУНБИШИ ИСЛОМИИ ӮЗБАКИСТОН ДАР СУҒД

Додгоҳе дар вилояти Суғди Тоҷикистон 34 нафар аз сокинони шаҳри Исфараро, ки муттаҳам ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон будаанд аз 8 то ба 28 сол маҳкум ба зиндон кард.

/images/stories/2012/04/19_courtsymbol_192012.jpgМуҳокимаи додгоҳии ин афрод дар боздоштгоҳи шумораи дуи шаҳри Хуҷанд мегузашт ва он яке аз тӯлонитарин муҳокимаҳои додгоҳӣ дар соли ҷорӣ маҳсуб мешудаст. Ҷӯрабек Шеров, қозии парванда, 34 муттаҳами онро ба ҳафт моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон муқассир донист ва бештари ин афродро аз 20 сол бештар равонаи зиндон кард.

Аксари муттаҳамони ин парванда бо моддаҳои 104 - куштор, 185 - таъсиси гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, 186 - роҳзанӣ, 187 -роҳзанӣ ва таъсиси анҷуманҳои мусаллаҳи ҷинояткор, 189 - барангехтани низоъҳои миллӣ ва мазҳабӣ, 306 - ғасби ҳокимият ва 307 - даъват барои тағйири иҷбории сохти давлатдорӣ дар қонуни кайфарии ин кишвар гунаҳкор дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳои ширкаткунанда дар ин муҳокима, ҷараёни муҳокима ҳокӣ аз он будааст, ки узвияти аксари ин афрод дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон комилан собит нашудааст. Ҳамчунин бархе аз волидони ин 34 нафар дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор доштанд, ки фарзандонашон дар ҷараёни бозрасӣ шиканҷа шудаанд.

Гуфта мешавад, ки Суҳроб Қозиев, яке аз муттаҳамони ин парванда бо беш аз панҷ моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда ва барои 28 сол равонаи зиндон шудааст. Самад Ҷалилов, яке дигар аз муттаҳамоне, ки қозии парванда ӯро бо моддаи 187 муқассир дониста ва бо таваҷҷуҳ ба афв ба 8 сол зиндон маҳкум кард.

Аммо вакили мудофеъи оқои Ҷалилов гуфт, ки додгоҳ нисбат ба муввакилаш ҳукми сангинеро раво дидааст. Таҳмина Раҳимова, мегӯяд, ки муввакили вай танҳо барои он боздошт шудааст, ки ҳудуди як соъат бархе аз афроди муттаҳам дар ин парвандаро ба манзилаш роҳ додааст. Вай афзуд: “Мо аз қозӣ дархост кардем, ки дар қиболи Ҷалилов моддаи 347, яъне худдорӣ аз ироаи иттилоъ дар мавриди ҷинояти сангинро истифода кунанд.”

Гуфта мешавад, ки бештари вакилони мудофеъи 34 нафар аз маҳкумшудагон дар садади бурдани шикоят аз ҳукми додгоҳ дар қиболи муввакилонашон ҳастанд. Баррасии парвандаи 34 нафар аз сокинони шаҳри Исфара, муттаҳам ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон, дар вилояти Суғд дар авохири моҳи январ оғоз шуд.

Ин афрод, ки аксаран сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҳастанд аз сӯйи маъмурони пулис ва додситонии вилояти Суғд дар соли 2011 боздошт шуда буданд. Он замон кормандони додситонӣ эълом кардаанд, ки натоиҷи бозрасӣ собит кардааст, ки ин афрод дар миёнаҳои солҳои 1990-и қарни гузашта ба Ҷунбиши Исломии Узбакистон пайваста ва сокинонро барои шомил шудан ба ин созмон тарғиб мекардаанд.

Ҳамчунин бар асоси таҳқиқоти бозрасон бархе аз маҳкумшудагон дар ҳамла ба боздоштгоҳи шаҳри Қайроққум ва посгоҳи марзбонон дар шаҳри Исфара дар соли 2006, қатли чанд маъмури пулис, ҳамдастӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 муттаҳам шудаанд.

Аз сӯйи дигар бар асоси иттилоъи ғайрирасмӣ, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳҳои шаҳри Хуҷанд шуморе аз сокинони вилояти Суғд, ки низ барои узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон муттаҳам ҳастанд, ба сар мебаранд. Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки идеи таъсиси хилофати исломӣ ҷузъе аз барномаҳои он аст, аз сӯйи кишварҳои минтақа ва Омрико шомили феҳристи созмонҳои теруристӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аъзои он дар манотиқи марзии Покистон ва Афғонистон ва дар шимоли Афғонистон фаъъол ҳастанд ва бо гурӯҳи Толибон ва Алқоъида муртабитанд. Ин созмони мамнӯъ ба анҷоми фаъъолиятҳои туруристӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна муттаҳам шудааст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi