15:16:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БЕГ ЗУҲУРОВ ГУФТ, "ДАР ИНТЕРНЕТ БАДГӮӢ НАКУНЕД!"

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон торнамо (сайт)-ҳои Maxala.org, Tjknews.ru ва Centrasia.ru-ро боз намудаанд. Дар ин бора ба мо Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 23-юми апрел хабар дод. Ӯ гуфт, ин се торнамо, ки як моҳи қабл ба иллати "мушкили фаннӣ" дар Тоҷикистон боз намешуданд, дубора фаъол гардидаанд. Аммо торнамои Звезда.ру ("Полярная Звезда") ҳамчунон баста аст.

/images/stories/2012/04/23_beg-zuhurov-23412.jpgРаиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан ҳеҷ гуна таҳримот ба кадом торнамо (сайт)-е вуҷуд надорад, вале вай танҳо аз масъулону назарнависони ин сомонаҳо тақозо мекунад, ба бадгӯӣ ва таҳқири афроди алоҳида напардозанд. Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи Facebook, торнамоҳои tjknews.ru, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд.

Аммо баъд аз 10 рӯз ва ба дунболи норозияту танқидҳои созмонҳои дохилӣ ва хориҷии ҳомии журналистон шабакаи Фейсбук дубора фаъол гардид. Вале сомонаҳои tjknews.ru, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru ҳамчунон масдуд буданд. Бархе аз сокинони кишвар маҳудудият ба ин сомонаҳоро бо барномаҳои махсус мешикастанду ворид мешуданд. Вале онҳое, ки ин гуна барномаҳо надоштанд, наметавонистанд саҳифаҳои ин сомонаҳоро мутолиа кунанд.

Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо "мушкили фаннӣ" буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба "бозори сиёҳ" табдил додаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бархе аз коршиносон қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои муайян ва шабакаи Фейсбукро ба нашри асноди як ҷаласаи махфӣ бастагӣ доданд, ки дар он гӯиё аз талошҳои ҳукумат ба таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан рафтааст.

Дар авоили моҳи март дар торнамои "Звезда.ру" мақолае зери унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" ба табъ расид, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии барномаи муфассали таъқиби мухолифин муттаҳам мешуд.

Дар ин мақола, ки бо имзои хабарнигор Сергей Строкан дар нашр шуда буд, мақомоти Тоҷикистон ба роҳандозии сиёсати фишору зӯроварӣ ба ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва бозгашт ба мухолифатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Муаллифони мақола дурустии таҳлили худро бо нашри чанд санад, ки гуфта мешавад аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон берун шудааст, тавҷеҳ кардаанд.

Аммо Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори “Коммерсант”, чопи Маскав ба дунболи нашри ин матлаб гуфт, ӯ ба мақолаи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб", ки ибтидои моҳи март дар торнамои русзабони "Полярная Звезда" ба табъ расидааст, ҳеҷ иртиботе надорад. Вай гуфт, намедонад, муаллифони воқеӣ бо кадом ҳадаф аз номи ӯ истифода кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi