01:50:43 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЪДАИ ИСЛОҲИ ИШТИБОҲ ДАР МАТНИ ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДИИ ТОҶИКИСТОН

Бахши сабти шаҳрвандон ва ироаи шиносномаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар садад аст иштибоҳ дар матни шиносномаи шаҳрвандии (гражданский паспорт) ин кишварро ислоҳ кунад. Дар шиносномаи дохилии шаҳрванди Тоҷикистон, дар сафҳаи ахири 16-ум дар матни русӣ дар калимаи “жителство” ба ҷойи аломати ҷудоӣ (ь ), аломати сакта (ъ) навишта шудааст.

/images/stories/2012/04/23_tajik_passport_mis-23412.jpgЕкатерина Смолякова, муъовини раиси бахши ироаи шиноснома ва сабти шаҳрвандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23 апрел дар ин бора аз суоли хабарнигори Би-би-сӣ огоҳ шуда изҳори таъассуф кард. Вай гуфт: “Боъиси таассуф аст, ки чунин иштибоҳ дар шиносномаи шаҳрвандии (паспорт) Тоҷикистон иттифоқ уфтодааст. Мо ҳатман дар пайи ислоҳи ин иштибоҳ хоҳем шуд.”

Ба гуфтаи хонум Смолякова, нахустин шакли шиносномаи феълии шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1998 мунташир шуда буд. Дар соли 2001 шакли ислоҳшудаи ин паспорт тавзеъ шуд. Шакли феълии шиноснома аз шакли соли 1998 бо акси сиёҳу сафед ва мизони баландтари ҳифозат ва шумори куқоти сӯрохшуда дар худи паспорт тафовут дорад.

Хонум Смолякова гуфт, ки ҳоло миқдори зиёде аз ин паспортҳо тавзеъ шуда ва ҳамзамон захираи нусхаҳои мунташиршудаи ин шиноснома вуҷуд дорад. Бо ин вуҷуд вай аз ироаи омори дақиқ дар бораи шумори шиносномаҳо дар ин захира худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарон, вуҷуди иштибоҳ дар матни шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон як нишони беэҳтиромӣ нисбати ин рамзи миллӣ аст. Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки қабл аз чопи нусхаҳои ин шиноснома, матни он борҳо мавриди омӯзиши забоншиносон қарор гирифта ва бо ин вуҷуд иштибоҳ рӯйи паспорт рафтааст.

Соҳибназарон ҳамчунин мегӯянд, ки чунин иштибоҳ натиҷаи камбуди кодрҳои ҳирфаӣ дар ниҳодҳои давлатӣ аст. Ин мушкил дар замони баъд аз касби истиқлол маҳсус буда ва бархеҳо ин амрро ба вуҷуди маҳалгароӣ ва бесалоҳиятӣ дар сиёсати кодрии давлат марбут медонанд.

Ҷамшед Ӯлмасов, сардабири нашрияи русизабони “Бизнес и политика” мегӯяд, ки вуҷуди чунин иштибоҳ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин ниҳод мутахассиси забони русӣ кор намекунад.

Вай афзуд: “Барои бори нахуст нест, ки чунин иштибоҳот дар мадорики расмӣ ошкор мешаванд. Дар гузашта дар гузарномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон низ чунин мушкил вуҷуд дошт. Он замон барои роҳандозии чопи гузарномаҳо коршиносони қазоқро ҷалб карданд ва исму насаби тоҷикӣ ба шаклӣ қазоқӣ чоп мешуд.”

Гулҷаҳон Бобосодиқова, коршиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки иштибоҳ дар шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ба иллаи фаннӣ рух додааст. Вай гуфт: “Шояд ин иштибоҳ ба ҳангоми нашри нусхаҳои шиноснома иттифоқ уфтодааст. Зеро, маъмулан матни чунин мадорик борҳо хонда мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки теъдоде аз соҳибони гузарномаҳои хориҷӣ низ пайваста аз иштибоҳ дар навишти ному насаби худ шикоят карда ва ночор мешаванд дубора мадраки худро иваз кунанд.

Мавзуъи бархе аз аломатҳои алифбои забони русӣ ва ҳузури онҳо дар алифбои сириллики забони форсии Тоҷикистон аз масоили баҳсбарангез миёни соҳибназарон ва донишмандон тайи солҳои тулонӣ будааст, ки зоҳиран ин баҳсҳо ҳанӯз ҳам ба поён нарасидааст.

Он чи ба аломати ҷудоӣ ё ба истилоҳи русӣ мягкий знак иртибот мегирад ҳузур ва ё адами ҳузури он ба ҳангоми навишти калимоти иқтибосии русӣ дар алифбори сириллики Тоҷикистон аст. Пеш аз замони истиқлол навишти ин аломат дар вожаҳои ворида аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тибқи қавонини имлои он замон ҳатмӣ буд.

Аммо пас аз касби истиқлол ба сурати худангехта оҳиста оҳиста аз истифодаи ин аломат дар калимоти омада аз забони русӣ дар Тоҷикистон сарфи назар шуд ва баъдан қоъидаи имло низ онро аз ин калимот ҳазф кард. Ҳатто барои як муддат замоне ки Тоҷикистон ба унвони воҳиди пулии худ чизеро ба номи рубл истифода кард, калимаи рубли русӣ дар ин воҳиди пулӣ бидуни аломати ҷудоӣ (ь) навишта мешуд.

Аммо дар матни шиносномаи шаҳрвандии кунунии Тоҷикистон аломати ҷудоӣ на аз матни тоҷикӣ балки аз матни русӣ уфтодааст ва ба ҷои он аломати сакта (ъ) истифода шудааст, ки аз нигоҳи мутахассисони забон ва матннигорӣ иштибоҳ талаққӣ мешавад.

Президент Раҳмон низ пайваста аз пойин будани кайфияти тадриси забони русӣ дар мадориси кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳафтаи гузашта зимни як суханронии худ оқои Раҳмон гуфт, ки аз Русия дар гузашта дархост карда буд, ки ба Тоҷикистон чаҳор ҳазор нафар устоди забони русӣ эъзом кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi