21:43:47 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"МУШКИЛОТИ ИҚТИСОДӢ САБАБИ БЕМОРИҲОИ РАВОНӢ МИЁНИ МАРДҲО"

Пизишкони Қурғонтеппа аз афзоиши бемориҳои равонӣ дар миёни мардҳои ин шаҳр ибрози нигаронӣ карданд. Дар ин бора Акрам Давлатов, сардухтури тимористон вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ иттилоъ дод.

/images/stories/2012/04/24_psycho_24412.jpgБа гуфтаи ӯ ҳоло дар вилояти Хатлон 13220 бемори равонӣ сабт шудааст, ки 8161 нафари онҳо, яъне бештарашон мардҳо ҳастанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов, дар се моҳи соли 2012 дар ин тимористон 320 нафар бо бемории равонӣ сабти ном шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар 12 моҳи соли 2011-ум дар ин бемористон 134 бемор сабт шуда буд.

Оқои Давлатов нигарон аст, ки то охири соли 2012 имкон дорад, теъдоди беморони равонӣ хеле бештар аз ин сабти ном шавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин муттахассис танҳо шумори ками беморони равонӣ ба тимористон ва муттахасисон муроҷеат мекунанд.

Аммо зани тақрибан панҷоҳсолаи ноҳияи Бохтар, ки аз бурдани номаш худорӣ кард, гуфт понздаҳсол мешавад, писараш дар тимористон ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд: “Писари ман бемор. Ман бисёр мехостам, ки ў дар тимористон набошад, аммо нигоҳдориаш дар хона душвор, вале ҳеҷ илоҷ надорам.”

Оқои Давлатов сабаби зиёд шудани мардҳои равонбеморро дар вилоят ба шароъити бади иқтисодӣ марбут медонад. Вай мегӯяд: “Дар ҷомеъаи мо аз мардҳо интизор меравад ноновари хона бошанд. Вақте мардҳо кор пайдо намекунанд ва аз уҳдаи таъмини хонавода баромада наметавонанд бо андешаронии зиёд асабҳои худро хароб мекунанд. Шояд теъдоди аслии беморони равонӣ бештар аз рақами расмӣ бошад, зеро наздиконашон бемории онҳоро паноҳ медоранд ва ба ҷое муроҷеъат намекунанд. Афроде ҳам ҳастанд, ки бештар ба руҳониён эътиқод доранд ва ба онҳо муроҷеъат мекунанд.”

Беназорат мондани беморони равонӣ ва мавориди ҳамлаи онҳо ба сокинон яке дигар аз нигаронии муттахассисон дар вилояти Хатлон аст. Масалан Маҳдии Умед, як сокини шаҳри Қўрғонтеппа мегўяд, ки ахиран дар хиёбонҳои шаҳр бештар ба беморони равонӣ дучор мешавад. Ӯ мегўяд: “Солҳои охир дар хиёбнҳо,бозор ва поркҳо беморони равонӣ зиёдтар дида мешаванд, ки бештарашон мардҳо мебошанд.”

Таҳмина номи мустаъори духтаре аз Қўрғонтеппа мебошад, ки мегўяд боре як зани бемор дар хиёбон ҳамла карда ва ва ӯро лату кӯб кардааст. Вай ин ҳодисаро чунин қисса мекунад: “Дар бозор ҳангоми харид кардан, як зан ба ман ҳамла кард ва фурўшандаҳо озодам карданд.”

Таҳмина мегўяд, он рўзро фаромӯш намекунад ва аз ин ки ахиран ҳузури беморони равониро дар хиёбонҳо зиёд мушоҳида мекунад дар ташвиш будааст. Ӯ мегӯяд, чун ин гуна одамон бемор ҳастанд, “шикоят алайҳи онҳо ҳам фоида надорад.”

Масъулини тимористони вилояти Хатлон гуфтанд, камбуди тимористонҳо ва равоншиносон мушкилоти бахши равонпизишкӣ дар вилоят аст, ки боиси бидуни назорат мондани беморони равонӣ дар шаҳру навоҳии вилоят шудааст. Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон танҳо як тимористон фаъъолият мекунад, ки онҷо дусаду бист бемор бистарӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, идораи ҳифзи иҷтимоъии вилоят гуфт, бар асоси як санади давлати Тоҷикистон, қарор буд дар соли 2009 як тимористон дар вилоят бунёд мешуд, вале камбуди молӣ имкон надодааст, ки ин тимористон сохта шавад.

Ҳарчанд масъулони бахши вазорати беҳдошти маҳаллӣ мегўянд, далели зиёд будани беморони равонӣ вазъи бади иқтисодӣ аст, аммо бархе аз сокинони шаҳри Қурғонтеппа осебҳои равонии ношӣ аз даргириҳои даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997-ро низ омили дигари ин амр унвон мекунанд.

Орзуи Карим, хабарнигори маҳаллӣ, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi