12:07:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДОДГОҲ: "ОХУНОВ СИҲАТ АСТ ВА ДАР МУРОФИА ШИРКАТ КУНАД"

Додгоҳи олии Тоҷикистон аз оғози баррасии парвандаи Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини ширкати «Мовароуннаҳр» хабар додааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Охунов ба мо гуфт, судяи парванда Шавкат Абдулхайров зимни тамоси телефонӣ ба ӯ гуфтааст, ки соати 10-и рӯзи панҷшанбе, 26-уми апрел баррасии ин парванда бояд аз сар гирифта шавад.

/images/stories/2012/04/25_sudi-oli-25412.jpgБа гуфтаи оқои Қудратов додраси парванда гуфтааст, ки бино ба хабари манобеи додгоҳ, вазъи сиҳатии Охунов хуб будааст ва аз ин хотир метавонад дар баррасиҳо ширкат кунад. Аммо вакили дифоъ аз қавли хешовандони Охунов, ки ба дидори ӯ ба маркази бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ленин рафта буданд, мегӯянд, ки Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз шадидан мариз аст ва дар додгоҳ наметавонад ҳозир шавад.

​​Вазъи саломатии Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз дар охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ бад шуда, Шӯҳрат Қудратов хостори табобати зерҳимояи худ шуд. Баъдан бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ ҳайати равонпизишкҳои Маркази бемориҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ вазъи саломатии раиси собиқи ширкати "Моваруннаҳр"-ро муоина карданд. Аммо аз ҷузъиёти ин ташхиси ҳайати пизишкон ба расонаҳо иттилое дода нашудааст.

Мурофиаи додгоҳии Ҷӯрабек Охунов, ки дар моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, ҳанӯз ба поёни худ нарасидааст. Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" бо айбномаи қаллобӣ ва сирқати маблағҳо дар ҳоле идома дорад, ки беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд. Зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад, дар Тоҷикистон нест.

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳмдорон будааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як хабар таъкид кард, ки дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi