20:24:43 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ: "МАН ДАР ОЗОДӢ ҲАСТАМ"

Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, ки ахиран аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст, дар сӯҳбате ихтисосӣ бо мо гуфт, ки вай дар озодӣ ба сар мебарад.

/images/stories/2012/04/26_nizomkhon-juraev-26412.jpgВай дар сӯҳбате телефунӣ, ки бо мусоъидати Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, сурат гирифт, изҳор дошт, ки муносибати бозрасони ин ожонс бо вай хуб аст ва таҳқиқи парвандааш идома дорад. Оқои Ҷӯраев гуфт: "Ман озодона зиндагӣ дорам. Ҳеҷ маҳдудияте нест. Кори бозрасони ин ожонс нисбат ба гузашта 200 фоиз тағйир ёфтааст ва таҳқиқи парвандаи ман хеле хуб идома дорад. Ҳатто вакилони мудофеъи ман ин амрро таъйид мекунанд"

Ба гуфтаи оқои Ҷӯраев, вай бо мулоҳизоти амниятӣ намехоҳад маҳалли иқомати худро ифшо кунад. Аммо ӯ гуфт, ки дар боздоштгоҳ нест ва дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад ва "ҳамарӯза бо бозрасон дидор дорам ва ба суолоти онҳо посух мегӯям."

Низомхон Ҷӯраев таъкид кард, ки қабл аз бозгашт ба ватан бо мақомоти тоҷик иртибот доштааст ва онҳо амнияти ӯро тазмин кардаанд: “Ду-се бор ба онҳо мактуб навиштам, онҳо ҷавоб доданд, ки парвандаи ман аз рӯи қонун ва ба сурати воқеъӣ таҳқиқ хоҳад шуд.”

Оқои Ҷӯраев мегӯяд, ки изҳороташ дар бораи бозгашти довталабона ва таслими худ ба ниҳодҳои интизомӣ воқеъӣ аст.

Вай гуфт: "Ман худ ба ватан баргаштам. Касе маро маҷбур насохтааст ва ё ба зӯрӣ наовардааст. Ин ҳақиқат аст. То кай дар мулки бегона мегардам. То замоне, ки шароит буд, тоқат кардам. Буданд нафароне, ки аз қазияи ман барои манфиъати худ истифода мекарданд. Ба худо қасам, ки таҳқиқи парвандаи ман мунсифона сурат мегирад ва чунин воқеъбиниро ман дар ҳеҷ кишваре мушоҳида накардаам."

Оқои Ҷӯраев гуфт, ки ба қатли Толиб Бобоев, муъовини вақти додситони кулли Тоҷикистон дар авосити даҳаи 1990 даст надорад ва мутмаин аст, ки бегуноҳии худро метавонад дар додгоҳ собит созад: “Ман ба ин ҷиноят ҳеҷ иртиботе надорам. Далелҳои худро пешниҳод кардам.”

Вай дар робита ба бозтоби мавзӯъи бозгашт, ё ба гуфтаи вакилаш Анна Ставитская дар Русия, "истирдоди ғайриқонунияш" ба Тоҷикистон дар расонаҳои гуруҳӣ гуфт, ки хабарнигорон дар мавриди ӯ, ки танҳо "як тоҷири сатҳи ноҳиявӣ ҳастам" ба унвони як шахсияти бонуфуз муболиға кардаанд.

Оқои Ҷӯраев гуфт, ки вай ҳоло ду вакили мудофеъ дорад, ки аз бурдани номашон худдорӣ мекунад.

"Агар номи онҳоро бигӯям, хабарнигорон базудӣ ба онҳо муроҷиъа мекунанд. Омодаам, ки худам бо хабарнигорон иртибот дошта бошам. Ва аз хабарнигорон хоҳиш дорам, ки хоҳарони маро, ки занҳои қишлоқӣ (рустоӣ) ҳастанд, ором гузоранд. Зеро онҳо дар ин масоил огоҳӣ надоранд."

Вай гуфт: “Илтимос, монед ҳамин парванда таҳқиқ шавад, ман баъд худам ҳамаашро ба хабарнигорон нақл мекунам. Беҳуда ҳар чӣ нанависед. ”

Дар ҳамин ҳол, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, ки феълан Низомхон Ҷӯраев танҳо тибқи моддаи 289 қонуни ҷиноӣ, яъне қочоқ коло ва маводд мазнун дониста мешавад.

Зимнан, Низомхон Ҷӯраев 18 августи соли 2010 дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Давлати Тоҷикистон оқои Ҷӯраевро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла қатл, сирқати маболиғ ва таъсиси гӯрӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ мазнун дониста ва хостори истирдоди вай аз Русия шудааст.

Ду моҳ қабл Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳ озод шуд, вале гузориш шуд ки тибқи як шикояти тоҷиктаборони Русия, ки ӯро дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам карда буд, дубора вориди боздоштгоҳ шудааст.

Ба гуфтаи Анна Ставитская, вакили Низомхон Ҷӯраев дар Русия, вай 29-уми марти соли ҷорӣ баъд аз озодӣ аз боздоштгоҳи шаҳри Зеленугрод рабуда шуд. Дар авоили моҳи апрел Низомхон Ҷӯраев тавассути шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон аз таслими довталабонаи худ ба мақомот хабар дод,

Вале хонум Ставитская дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ таслими довталабонаи Низомхон Ҷӯраевро бепоя хонд ва гуфт, ки ӯро 1,5 сол мешиносам ва медонам, ки таслим шудан аз вижагиҳои Низомхон нест.”

Оқои Ҷӯраев, ки аз тоҷирони муваффақ дар шимоли Тоҷикистон буда, гуфта мешавад ба далели рақобатҳои иқтисодӣ миёни гурӯҳҳои қудратманди моливу тиҷорӣ муттаҳам шудааст ва чанде аз афроди муртабит бо ӯ ҳоло дар зиндон ба сар мебаранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi