17:19:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАШҚҲОИ НИЗОМИЁНИ РУСИЯ ДАР СЕ МАЙДОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар се минтақаи умдаи Тоҷикистон тамринҳои афсарон ва сарбозони пойгоҳи низомии 201 Русия дар ин кишвар оғоз ёфтааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии пойгоҳи низомии Русия, ин монёврҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон доир мешаванд.

/images/stories/2012/04/27_russia-militarie-27412.jpgТибқи баёнияе, ки ин дафтар, рӯзи панҷшанбеи 26 апрел пахш кардааст, гуфта мешавад, ки ҳадаф аз гузаронидани тамриноти низомӣ, андӯхтани таҷрибаи ҷадиди ифшо, муҳосира ва аз байн бурдани душманони эҳтимолӣ дар шароити кӯҳистонӣ будааст. Ҳамчунин низомиёни рус дар ин машқҳо тадобири ҷангӣ ба ҳангоми ҳимоят аз дастаҳои низомӣ боистифода аз фановарии ҷадиди низомиро дар вазъияти рух додани набардҳо ва даргириҳои мусаллаҳона меомӯзанд.

Тибқи хабари дафтари матбуъотии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар ин машқҳо аз ҳудуди 15 ҳазор адад гулӯлаи аслиҳа, беш аз 2 ҳазор норинҷак ва 500 адад мин ва гулӯлаҳои тупхона истифода хоҳанд шуд. Машқҳои низомии феълии пойгоҳи Русия дар се майдони машқи ин пойгоҳ, Лоҳур воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Самбула дар Қӯрғонтеппа ва Мумерак дар Кӯлоб доир мешаванд.

Коршинсонон ҳадс мезананд, ки яке дигар аз аҳдофи ин тамринот омодагии низомиёни рус барои ширкат дар машқҳои низомии муштараки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонхой будааст. Размоиши Созмони ҳамкориҳои Шонхой қарор аст дар тобистони соли ҷорӣ дар шимоли Тоҷикистон доир шаванд.

Машқҳои низомии афсарон ва сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле доир мешаванд, ки ҳанӯз миёни мақомоти ду кишвари ихтилофоти назарҳое бар рӯйи ҳузури пойгоҳи низомии 201 Русия дар ин кишвар вуҷуд доштааст. Ҳарчанд дар поизи соли 2011, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон эълом кард, ки ҷонибҳо барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.

Ҳамчунин он замон раисони ҷумҳурии ду кишвар эълом доштанд, ки онҳо дар авоили соли 2012 созишномаеро дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои панҷ даҳсола имзо хоҳанд кард. Аммо то ҳол ин созишнома ба имзо нарасида ва афзун бар он, Президент Раҳмон дар як нишасте дар авоили моҳи апрелбо ишора ба ҳамкориҳои низомӣ ва сиёсии ду кишвар гуфт, ки кишвараш дар сиёсатҳои хориҷа бо Русия, шарики аслии худ , "бозӣ" намекунад.

Аз сӯйи дигар оқои Раҳмон гуфт: “Мо аз касе чизеро талаб намекунем. Мо аз суди шарикони худ қадрдонӣ мекунем ва бигузор шарикони мо низ аз манофеъи мо дифоъ кунанд.”

Абдуғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд масъалаи ихтилофи назарҳои ду ҷониб бар сари пойгоҳи низомӣ пардохти маблағ аз сӯйи Русия барои ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон бошад.

Оқои Мамадазимов афзуд: "Тоҷикистон дар вазъияти феълӣ ба мушкилоти фаровони иқтисодӣ рӯбарӯ аст ва мусалламан ба сармоя барои пешрафти иқтисод ниёз дорад. Ва фикр мекунам, ки мушкили имзои созиншнома низ ҳамин аст. Ҳамчунин муҳлати ин созишнома низ хеле зиёд аст ва фикр мекунам, ки ҷонибҳо барои даҳ соли ҳузури пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон ба тавофуқ хоҳанд расид."

Ин соҳибназари тоҷик бар ин назар аст, ки шояд то фасли поизи соли равон Русия ва Тоҷикистон бо гузаштҳо аз бархе аз тақозоҳо бар сари ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба тавофуқ бирасанд. Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони маҳалҳои наздик ба машқгоҳҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз хатароти ношӣ аз ҷараёни тамриноти низомиёни рус ба сокинони ин навоҳӣ шикоят кардаанд.

Ахиран бахши намояндагии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯлоб, аз афсарони пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин ноҳия дархост кард, ки барои ҷилавгирӣ аз талафоти инсонӣ атрофи машқгоҳи мавсум ба Мумерак, воқеъ дар ноҳияи Мӯъминободро ҳисор бикашанд.

Тамриноти нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомоти Русия аз суботи шикананда дар Афғонистон, кишвар ҳамсояи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд дар сурати хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон таҳдид бар суботи кишварҳои Осиёи Миёна эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт.

Масъулини кишварҳои Осиёи Миёна аз кишварҳои узви НОТУ хостаанд барои тақвияти ҳифозати марзҳои онҳо бо Афғонистон барояшон кумак кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi