00:16:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГАЗИ УЗБАКИСТОН БА ДУШАНБЕВУ СУҒД ҲАМ РАСИД

Узбакистон содироти гази табиии худ ба вилояти Суғди Тоҷикистонро шурӯъ кардааст. Як манбаи наздик ба ширкати «Тоҷиктрансгаз» гуфт, аз рӯзи панҷшанбеи 26-уми апрел интиқоли гази табиии Узбакистон ҳамчунин ба шаҳри Душанбе ва навоҳии марказии Тоҷикистон низ аз сар гирифта шудааст. Вале ин манбаъ нагуфт, ки ҳаҷми гази табиии воридшаванда аз Узбакистон чӣ миқдор аст.

/images/stories/2012/04/27_gaz-uz-27412.jpgВоридоти гази табиӣ шароити кор дар корхонаи сементи шаҳри Душанберо, ки аз аввали апрели соли ҷорӣ тавлидотро қатъ карда буд, фароҳам кардааст. Ва гуфта мешавад ин корхона ҳоло бо дарёфти 6000 метри мукааб дар як шабонарӯз 600 тонна семент истеҳсол мекунад. Аммо воридоти гази табиии Узбакистон ба қисмати шимоли Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки соири корхонаҷоти ин кишвар аз ангишт ба унвони маводди сӯхт истифода мекунанд.

Узбакистон аз аввали апрели соли ҷорӣ содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро комилан қатъ кард. Ин амали Узбакистон боис шуд, ки муҳимтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ширкати «Талко» тавлидоти худро то ҳадди бист дар сад коҳиш бидиҳад. Вале аз нимаи дуввуми моҳи ҷорӣ Узбакистон танҳо барои ин корхона розӣ шуд гази табиӣ содир кунад.

Ширкати "Узтрансгаз" аз рӯзи 16-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро оғоз намуд. Рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ миёни ин ширкат ва "Тоҷиктрансгаз" қарордод имзо ва интиқоли газ аз  Узбакистон ба Тоҷикистон рӯзи 16-ум аз сар гирифта шуд.

Намояндагони ширкати "Тоҷиктрансгаз" гуфта буданд, ки қарордоди мазкур интиқоли 155 миллион метри мукааб газ ба Тоҷикистонро то охири соли ҷорӣ дар назар дорад. Бар асоси ин қарордод, Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукааб газ 264 доллар пардохт хоҳад кард.

Қатъи интиқоли газ сар аз 1-уми апрел иқтисоди Тоҷикистонро ба хатар рӯбарӯ сохт ва бархе аз корхонаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла корхонаи сементбарорӣ аз фаъолият бозмонд ва ширкати алюминиюми Тоҷикистон ҳам дар вартаи хатар қарор гирифт.

Дар семоҳаи аввали соли 2011 Тоҷикистон моҳона аз Узбакистон15 миллион метри мукааб газ ворид мекард, ки баробар ба 10 дарсад истихроҷи  рӯзонаи газ дар ин кишвар мебошад. Раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" амалкарди ҷониби Узбакистонро ба иҷрои қарордоди интиқоли гази ин кишвар ба Чин марбут дониста буд, ки аз аввали моҳи апрел оғоз шудааст.

Дар аввали соли ҷорӣ низ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 5-уми январ мушкил рафъ гардид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi