14:23:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН АЗ БОРОНҲОИ ШАДИДУ ТӮФОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз боронҳои шадид ва селоб дар манотиқи ин кишвар ҳушдор медиҳад. Парвина Саидҷамолова, як масъули ин марказ, рӯзи ҷумъаи 27 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз 27 то 29 апрел дар бештари манотиқи кишвар боронҳои тӯфонӣ ва баланд шудани мизони оби рӯдхонаҳо пешбинӣ шудааст.

/images/stories/2012/04/28_mudflow-28412.jpgВай гуфт, ки ин амр ба далели "вуруди анвоъи абру ҳавои сарди ғарбӣ" ба фазои Тоҷикистон сурат гирифта ва боронҳои сахту тӯфониро ба дунбол хоҳад дошт. Хонуми Саидҷамолова афзуд: "Мо пешбинӣ мекунем, ки боришҳои бештар дар навоҳии марказӣ, вилояти Хатлон ва водии Зарафшон ба вуқӯъ хоҳад пайваст."

Дар манотиқи кӯҳистонии иртифоъаш беш аз се ҳазор метр, маъмулан дар Анзобу Шаҳристон ва соири манотиқи мушобеҳ резиши тарма низ пешбинӣ шудааст. Парвина Саидҷамолова афзуд, ки дар пайи ин боришҳо эҳтимоли сел ва афзоиши мизони оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад. Ба ин далел Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон куллияи ниҳодҳои давлатиро ҳушдор додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси табиъӣ тадобире анҷом диҳанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, дар ҳамаи муассисоти давлатии Тоҷикистон "навбатдории шабонарӯзии" масъулон роҳандозӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир ҳамарӯза аз манотиқи мухталифи кишвар дар бораи хисороти ворида аз ҳаводиси табиъӣ, бавижа сел, гузориш шудааст.

Аз ҷумла, шоми рӯзи панҷшанбе селобе, ки аз самти қаламрави Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷорӣ шуда, ду пули иртиботӣ дар ин минтақаро хароб кардааст. Масъулони умури изтирории Тоҷикистон ҳамчунин аз хисороти селобҳои рӯзи гузашта дар навоҳии Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор гузориш додаанд.

Гуфта мешавад, ки аз авоили соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар асари ҳаводиси табиъӣ 14 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва мизони хисорот беш аз ду милюн сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Парвина Саидҷамолова мегӯяд, ки тибқи пешбиниҳои коршиносони Маркази ҳавошиносӣ дар моҳи майи имсол дар Тоҷикистон дамои ҳаво дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ба сурати мутавассит 1-2 дараҷа гармтар хоҳад шуд. Вале ба гуфтаи ӯ, мизони бориш дар моҳи май ба гунаи солҳои қаблӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки маъмулан моҳҳои апрел ва май дар Тоҷикистон аз пурбориштарин моҳҳои сол дониста мешаванд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi