22:46:56 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

ВАЗОРАТИ БЕҲДОШТ ИТТИЛОИ UNICEF-РО ИШТИБОҲ ХОНД

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши ЮНИСЕФ дар мавриди маргумири кӯдакон дар Тоҷикистонро ислоҳ карда дубора нашр мекунад. Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши худ оид ба риояи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, хусусан, дар мавриди риояи ҳуқуқи кӯдакон менависад, ҳар сол дар Тоҷикистон бар асари камғизоӣ 7,5 ҳазор кӯдак мефавтад.

/images/stories/2012/04/29_modaru-kudak-29412.jpgЯк намояндаи ин созмон гуфт, ин далели онҳо бар асоси гузориши созмонҳои байнулмилалии масоили кӯдакон, аз ҷумла UNIСEF гирифта шудааст, ки  ахиран дар матбуот ҳам ба нашр расид. Ба қавли намояндаи ин созмон, модоме ки ҳар сол аз камғизоӣ шумори зиёди кӯдакон мефавтанд, ин маънои онро дорад, ки ҳам модар ва хонаводаи ин кӯдакон аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати модар ва кӯдаки вазорати тандурустии Тоҷикистон  мегӯяд, дар ҳақиқат, ахиран Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ таҳқиқотеро анҷом доданд, ки дар нусхаи аслии он омадааст, ҳар сол масъалаи камғизоӣ ба саломатии 7,5 ҳазор кӯдак таҳдид мекунад, на ин ки дар Тоҷикистон бар асари норасоии ғизо беш аз 7 ҳазор кӯдак мефавтад.

Ба қавли ҷаноби Раҳматуллоев, ҳоло дар Тоҷикистон мизони маргумири кӯдакони зери панҷсола ҳудуди чаҳор ҳазор нафар дар сол аст: "Ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳазор кӯдаки солим ба дунё меомада 18 мавриди фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳар сол аз 3 ҳазор то 3 ҳазору 800 хурдсол мефавтад. Мутаассифона, дигарон аз нусхаи аслии гузориши ЮНИСЕФ нодуруст бардошт кардаанд."

Ин масъули вазорати тандурустӣ меафзояд, вақте ин иштибоҳ рафтааст, пас, ҳар созмони дигаре ки ба ин масъала назар андозад, ҳатман аз гузориши ЮНИСЕФ онро нусхабардорӣ мекунад. "Дар он ҷо гуфта мешавад, дар Тоҷикистон дар як сония панҷ кӯдак мефавтад ва агар ин рақам воқеият дошта бошад, баъд аз даҳ рӯз дар ин кишвар кӯдак намемонад",-мегӯяд Шералӣ Раҳматуллоев.

Ӯ гуфт, пас аз муроҷиати вазорати тандурустӣ дар мавриди ислоҳи ин иштибоҳ, Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, рӯзи душанбе, 30-юми апрел, нусхаи ислоҳшудаи ин гузоришро ирсол хоҳад дошт, ки дар саҳифаҳои матбуот ба нашр хоҳад расид. Бо ин вуҷуд, ҳам вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ҳам созмонҳои ҷаҳонии беҳдоштӣ вазъи саломатии модар ва кӯдак дар Тоҷикистонро бисёр нигаронкунанда шарҳ медиҳанд.

Дар ин зимн, ЮНИСЕФ - Бунёди кӯдакони СММ бо нашри як гузориш гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳар як тифли сеюм дар Тоҷикистон аз камғизоӣ ва камбуди витамини “А" ранҷ мебарад. Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз камғизоии кӯдакони тоҷик ба ҳаёти солим ва рушди онҳо хатар эҷод карда, мизони фавти чунин кӯдакон дар муқоиса бо дигар ҳамсолонашон, ки ба хӯрокҳои серғизо дастрасӣ доранд, 6 маротиба бештар аст.

Сурайё Назарова, раиси яке Иттиҳодияи зоишгоҳҳои пойтахт мегӯяд, аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон занони ба маркази онҳо меоянд ва бештар аз камқувватӣ шикоят мекунанд, ки ин марбут ба камғизоӣ ва дастарсии бисёр кам ба хӯрданиҳои муқаввиро дорад.

Ин ҳама натиҷаи норасид ва камвазну бемор ба дунё омадани навзодон мешудааст, ки тибқи иттлои вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҳазор 18 навзод ё мурда ба дунё меояд ва ё пас аз таваллуд зуд мефавтад. Ин рақамро созмонҳои байнулмилалии масоили беҳдоштӣ бештар нишон медиҳанд ва мегӯянд, дар Тоҷикистон аз ҳазор 28 кудак ҳангоми зодани модар мефавтад.
Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi