18:17:54 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶӮГИҲОРО «ОБЛАВА» МЕКУНАНД

Се лӯлие, ки ду соли қабл аз ноҳияи Восеъ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда буданд, имсол ба хона баргаштанд. Рафтани лӯлиён ба хизмати аскарӣ дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа аст, чунки ҷамъияти лӯлиёне, ки дар як рустои ноҳияи Восеъ иқомат доранд, на танҳо ба хизмати аскарӣ намераванд, балки то се соли қабл дар мактаби миёна низ таҳсил намекарданд ва ҳатто шиноснома надоранд.

/images/stories/2012/05/03_tajikistan-soldiers_3512.jpgОнҳо аз рӯйи қонунҳои худашон то кунун зиндагӣ мекунанд. Ҳамарӯза ба манотиқи атроф сафар карда, талбандагӣ мекунанд. Се соли қабл ҳукумати ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи лӯлиён мактаби  миёна сохта дод. Ҳамакнун баъзе аз фарзандони онҳо ба таҳсил машғуланд. Аммо дар маҷмӯъ таваҷҷӯҳи хосса ба омӯзишу парвариш надоранд. Масалан, яке аз ҷӯгибаччагон ки худро Бодпо муаррифӣ кард, ба саволи мо дар мавриди кай таваллуд шуданаш гуфт: «Вақти гули олӯча». Ӯ солшумории дигареро намедонад.

Ду соли қабл ҳукумати ноҳияи Восеъ барои аввалин бор тасмим гирифт ҷавонони лӯлиро ба хизмати аскарӣ сафарбар кунад. Ҳафт нафарашонро ба комисариати ҳарбӣ оварданд, аммо 4 нафари онҳо ба ҳамаи истодагарии масъулин нигоҳ накарда, барои хизмат кардан розӣ нашуданд. 3 нафарашон бошад рафтанд ва ҳамакнун аз хизмати аскарӣ бо сари баланд баргаштанд. Ҳамакнун комиссариати ҳарбии ноҳия онҳоро ҳамроҳи худ гирифта, барои вохӯрӣ бо лӯлиёни дигар ва тоҷикон мебаранд, то ба ҳайси намунаи ибрат онҳоро муаррифӣ кунанд.

Бо ин ҳама моҳи апрел, ки давраи даъват ба хизмати аскарӣ аст аз нисф гузашта буду нақшаи даъват ҳамагӣ 50 фисад иҷро шуда. Дар шаҳри Кӯлоб ҳам дар ҳамин давра нақшаи хизмат дар аскарӣ ҳамагӣ 60 фисад иҷро шуда буд. Ин дар ҳоле, ки дар шаҳр ва навоҳии Кӯлоб ҳудуди 200 000 нуфус асту нақшаи даъват ҳамагӣ 200 нафар. Дар кӯчаю бозор боздошти ҷавонон ва иҷборан ба хизмат бурдани онҳо идома дорад. Ин амали масъулини комиссариати ҳарбӣ «облава» унвон гирифтааст.

Шароити бади хизмат дар сафи артиш сабаби саркашии ҷавонон аз хизмат шудааст. Аммо ҳатто сафарбар кардани ҷавонон ба аскарӣ низ сади роҳи «облава» буда натавонист. Масъулин, дар фикри онанд, ки 300 нафар ҷӯгии ба синни аскариро чӣ гуна аз қабила ҷудо карда «облава» кунанд.

Аҳмади Иброҳим аз Кӯлоб барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi