03:50:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСЪУЛИНИ ХАТЛОН ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ БО КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОХИЛШУДАРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

Рӯзи гузашта ҳамоиши масъулини ҳукуматҳои вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ва навоҳии минтақаи Кӯлоб дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳадаф аз ҳамоиш баррасии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии донишҷӯёни бо квотаи президентӣ таҳсилкунанда буд.

/images/stories/2012/05/03_donishjuyon_3512.jpg

Дар ин ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Авзалов, раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ва шахсони расмии дигар ширкат доштанд. Давлат Амиров мудири маорифи шаҳри Кӯлоб дар ин бора гуфт: «Ҳар сол дар ҳамин вақт чунин ҷамъомад баргузор мегардад. Ҳадаф аз ин ошноӣ бо вазъи таҳсил ва иҷтимоиёти донишҷӯёни бо квота таҳсилкунанда аст».

Ҳамасола, мегӯяд Амиров ба донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ дар макотиби олии кишвар таҳсил мекунанд ҳукуматҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ба қадри тобу тавон кӯмаки молӣ ва пӯлӣ мерасонанд. Дар ин вохӯрӣ низ масъулини ҳукуматҳои маҳал бо дастовез омада буданд. Ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои донишҷӯён як яхдон ва як дастгоҳи замонавии пухту пази таббохӣ тӯҳфа кард.  Ҷаноби Амиров мегӯяд: «Алҳол аз минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ 92 нафар ҷавонон ва духтарон таҳсил мекунанд».

Бояд гуфт, ҳамасола дар фасли тобистон дар шаҳри Кӯлоб озмуни хатмкунандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии минтақаи Кӯлоб, барои бо квотаи президентӣ таҳсил кардан баргузор мегардад. Ҳар сол ҳам озмун пуршиддат баргузор мегардад.

Ғолибони озмун ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бе имтиҳон дар макотиби олии ҷумҳурӣ таҳсил кунанд ва аз имтиёзҳои дигари муқарраршуда бархурдор шаванд. Тибқи шартнома муҳассилини макотиби олиро хатмкарда аз ҳисоби квотаи президентӣ, бояд ба зодгоҳи худ манотиқи дурдасти кӯҳистон баргашта, фаолият кунанд, аммо дар асл на ҳамаи хатмкардагон ин шартномаро риоя мекунанд.

Аҳмади Иброҳим, аз Кӯлоб барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi