02:35:07 07-уми Декабри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«ҶАМОАТИ АНСОРУЛЛОҲ» МАМНӮЪ ЭЪЛОН ШУД

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолияти созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» -ро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард. Расми эъломи мамнӯъияти созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» рӯзи панҷшанбеи 3-юми май тавассути масъулони Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бинои ин додгоҳ сурат гирифт.

/images/stories/2012/05/03_ansorullah_3512.jpgБо қарори додгоҳ ҳамчунон тамоми сайтҳои вобаста ба ин созмон дар қаламрави кишвар фаъолияташон мамнӯъ карда шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи олӣ, дар сурати даст ба ҳар гуна фаъолият задани ҷонибдорони ин созмон, додгоҳ онҳоро муҷозот хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан аз мавҷудияти гурӯҳе бо номи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" хабардор буданд ва Мулло Абдулло аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлатро, ки дар баҳори соли гузашта  дар шарқи ин кишвар аз сӯи нерӯҳои давлатӣ кушта шуд, аз фаъолони ин гурӯҳ меҳисобиданд.

Тобистони соли гузашта ин созмон навори видеоиеро пахш карда буд, ки дар он нафаре, ки сӯҳбат мекунад мардумро ба ҷиҳод даъват карда мегуфт, ҳадафи онҳо "гирифтани мансаб нест", балки мехоҳанд "ҳокимияти Қуръонро барпо созанд". Вай, ки гурӯҳ ва ҷонибдорони худро муҷоҳид унвон мекард, гуфт, баъд аз 1431 сол пайдо шудани онҳо дар ҷангалҳои Тоҷикистон ба ин маъност, ки дини Худоро ба ин мардум бирасонанд.

Дар идома ӯ аз уламо ва мардуми кишвар даъват карда буд, ки дар роҳи пешгирифтаи онҳо аз ҳама гуна ёрмандӣ, ҳам ба молу ҳам ба ҷон, дареғ надоранд. Ҳамзамон ба уламо ҳушдор додааст, ки ҷиҳод бар алайҳи онҳо низ фарз хоҳад шуд, агар ки онҳо бо ҷиҳоди эълоншуда мухолифат варзанд.

Мамнӯъ эълом кардани «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки аз соли 2000 то кунун фаъолияти беш аз даҳ созмони ифротӣ ва террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон тавассути Додгоҳии Олмии Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.

Ҳаракати Исломии Узбакистон, «Ал-Қоида», Гурӯҳи Толибон, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҷамоати Таблиғ ва чанде дигар аз созмонҳои ифротӣ ва терористие шумурда мешаванд, ки фаъолияти онҳо дар қалламрави Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi