05:35:48 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДАР КӮЛОБ «ПОСИ ХОТИР» МЕБИНАНДУ…

Ҳафтаи дуввум аст, ки таронаи «Шукӯҳи Ватан» дар фазои Кӯлобшаҳр танинандоз аст. Тибқи иттилои Сарахон Абдулҳаев, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шурӯъ аз рӯзҳои таътили ҳафтаи гузашта бо ибтикори ҳукумати шаҳри Кӯлоб таҳти ҳамин унвон чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба бузургдошти 15 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20 солагии иҷлосияи таърихии 16-уми парлумони Тоҷикистон баргузор мегардад.

/images/stories/2012/05/07_posi-khotir-7.5.12.jpgФаъолияти Ҳукумати амалкунанда бо қарори парлумон дар ҳамин иҷлосия расо 20 сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1992 ба ҳукми қонун даромада буд. Ҳамин манбаъ инчунин иттилоъ дод, ки ҳар ҳафта дастаи ҳаваскорони санъати як муассиса дар боғи фароғатии марказии шаҳр базми бошукӯҳ барпо хоҳад кард.

Рӯзи шанбеи гузашта Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб базми рақсу суруд барпо карда буду ин ҳафта коллеҷи омузгорӣ. Базму тараб ҳар рӯзи шанбе аз саҳар то нисфи рӯз идома хоҳад ёфт. Ҳамин тавр, то рӯзи ваҳдат ва боз фарорасии рӯзи баргузории иҷлосияи 16-ӯм, мегӯяд масъули ҳукумат.

Бояд гуфт, рӯзи гузашта ҳафтаи «Поси Хотир» бахшида ба рӯзи ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Олмон оғоз шуд. То давраи истиқлолият як ҳафта қабл аз рӯзи ғалаба 9 май чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ дар сартосари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардиданд. Аммо тули чанд соли ахир ин суннат анқариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Ҳафтаи поси хотир ҳамакнун бо вохӯриҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо муҳассилини макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ маҳдуд шудааст. Дар ин вохӯриҳо размандагони бознишаста аз корнамоиҳои ҷангии худ ҳикоят мекунанд. Рӯзи ғалаба, яъне 9 май, ҳукумати ҷумҳурӣ ва шаҳр ба иштирокчиёни ҶБВ тӯҳфаҳои хотиравӣ месупоранд.

Бо гузашти 67 сол аз рӯзи ғалаба бар фашизм сафи ширкаткунандагон ва маъюбони ин ҷанг бамаротиб коста шудааст. Ҳамакнун каме бештар аз 1000 нафари онҳо боқӣ мондааст. Панҷ соли қабл теъдоди онҳо хело бештар аз 5000 нафарро ташкил медод. Аз ёдгориҳои таърихии он ҷанг дар минтақаи Кӯлоб ба ҷуз боғи ғалаба ва се муҷассама дар маркази он, чизе дигар боқӣ намондааст.

Аҳмади Иброҳим аз Кӯлоб барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi