13:14:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИСТЕЪФОИ МУФАТТИШОНИ ПАРВАНДАИ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ

Додситони ноҳияи Фирдавсӣ ва ёвари додситони вилояти Суғд аз мақомашон истеъфо доданд. Генерал-майори адлия Имом Ғоибов, додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  ва полковники адлия Одил Очилов, ёвари додситони вилояти Суғд  аз мақомҳои худ ба таври ғайриинтизор истеъфо доданд.

/images/stories/2012/05/16_kreslo-16512.jpgЯк манбаи наздик ба Додситони кулли Тоҷикистон бо «хоҳиши худ» аз мақомҳо канор рафтани ин ду корманди додситониро таъйид, вале аз шарҳи далели чунин тасмими ғайримунтазира худдорӣ кард. Ин ду корманди додситонӣ солҳои 2007-2008 раҳбар ва муовини раҳбари гурӯҳи тафтишотии Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод буданд, ки тафтиши парвандаи пурсарусадои Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакил дар Маҷлиси вилояти Суғд ва сарвари корхонаи кимиёи Исфараро бар ӯҳда дошт.

Манбаҳои расмӣ иртиботи хабари истеъфои ин ду мақоми масъули додситониро бо қазияи Низомхон Ҷӯраев таъйд ва ё такзиб намекунанд. Аммо азбаски ин истеъфо баъди бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе ва шурӯъи таҳқиқи парвандааш аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон иттифоқ афтодааст, бархе аз манобеъ ба алоқамандии ин ду ҳодиса шак надоранд.

Ин танҳо иттифоқот дар қазияи Низомхон Ҷӯраев нест. Дар ҳоле, ки Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, ки Низомхон Ҷураев озод аст ва касе уро зиндонӣ накардааст, манобеъи дигар ин изҳоротро ба чолиш кашиданд ва гуфтанд, ки Ҷӯраев ҳоло ҳам дар зиндон аст. Аммо Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Низомхон Ҷӯраев дар сӯҳбат бо мо шароити будубоши зерҳимояи худро ин гуна шарҳ дод:

- Аммо гуфтан мумкин аст, ки ӯ дар нимозодӣ аст, яъне дар озодӣ аст, аммо ҳамроҳаш одам ҳаст. Воқеан ба ҳаёташ хатар таҳдид мекунад. Сабаби ошкор нашуданаш ҳам ҳамин аст. Бо хатти мамнӯъулхуруҷӣ мегардад, аммо ба хотири амнияташ ҷои будубошашро хабар намедиҳанд, - гуфт  Бахтиёр Насруллоев.

Қаблан низ расонаҳои хабарӣ  ба изҳороти “озод” шудани Низомхон Ҷӯраев шак карданд ва бо ишора ба ҷурҳмоҳи вазнине амсоли куштор, гуфтанд, гумон аст, ки як нафар бо чунин иттиҳомот дар озодӣ бошад.  Аммо оқои Насруллоев мегӯяд, озодии Ҷӯраев бар асоси эъломияи Минск, ки соли 1993 миёни кишварҳои ИДМ ба имзо расидааст, қонунӣ ҳисоб мешавад. Тибқи ин эъломия, нафаре, ки аз сӯи як кишвари иттиҳод боздошт ва баъдан озод шудааст, дар кишвари дигар то анҷоми таҳқиқи парвандааш бояд дар озодӣ бошад. Ба гуфтаи вакили дифоъ, тафтишоти парвандаи Ҷӯраев дар ҳоли ҳозир то ҷое такмил шуда, қисмате аз ҷурмҳояш собит ва бархе ҳам собит нашудаанд.

Рустам Олимов, ки дар гузашта дар қазияи ба истилоҳ “исфарагиҳо” айбдоркунандаи давлатӣ буд, ҳоло вакили мудофеъи  ин парванда шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки исбот нашудани бархе иттиҳомот алайҳи Ҷӯраев умевориеро ба миён овардааст, ки эҳтимолан сарнавишти 33 зиндонии “парвандаи исфарагиҳо”  бознигарӣ шавад.

- Азбаски тафтишот бурда шуда буд, нисбати ин парванда алоҳида истеҳсолот вуҷуд дорад. Аз рӯи қонун бояд мақомот дар бозбинии парванда  иқдом кунанд. Аммо то куҷо иқдом мешавад, мо мунтазирем. Мо бояд қазияро тариқи тафтишоту суд ба баррасӣ кашем. Ҳоло бархе назарҳои ҳуқуқиву қонунӣ ҳаст, ки моро нигоҳ медорад, - мегӯяд Олимов.

Таҳаввулоти  баъди бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев ба қавли баъзе манбеъ дар идораҳои давлатӣ,   розҳои  нуҳуфтаи ин парвандаро то ҷойе боз кардааст. Аммо ба гуфтаи ин манбаҳо,  “парвандаи исфарагиҳо” бо дуздии миллионҳо доллар то андозае печидаву бузург аст, ки эҳтимолан чандин сари дигарро ба бод хоҳад дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi