16:12:24 10-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШИНОСОӢ БО МАВЗЕЪҲОИ АЗ ЗАМИНЛАРЗА ЗАРАРДИДА

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи рӯзи 13-уми май зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар кард.

/images/stories/2012/05/16_zaminlarza_16512-1.jpgХотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи боришоти пайиҳам ва заминларзаи шадид, ки субҳи рӯзи 13 май дар Тоҷикистон рух дод, даҳҳо манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт пурра ва ё қисман хароб гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз хонаҳои истиқоматии осебдида дар деҳаи Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дидан кард ва бо мардуми зарардида аз наздик суҳбат намуд.

/images/stories/2012/05/16_zaminlarza_16512-2.jpgТавре иттилоъ дода шуд, дар ду деҳаи ноҳияи Рашт 8 хона пурра ва 16-тои дигар қисман хароб шудааст. Чанд-тои онҳо, ки дар деҳаи Лангарак қарор доштанд, аз зарби теппаи дар натиҷаи боришоти зиёд ва заминларза фурӯдомада хароб гаштааст. Ба ҳамаи осебдидагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ ва ҳамчунин хаймаҳо дастрас карда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки хонаҳои харобгаштаи ноҳияи Раштро то моҳи сентябри соли равон бо ашёи рӯзгорашон барқарор намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки хонаҳои дар мавзеъҳои осебпазир қарордошта ба маҳалҳои бехавф кӯчонда шаванд.

/images/stories/2012/05/16_zaminlarza_16512-3.jpgАз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Зимни боздид аз мавзеъҳои аз заминларза осебдидаи ин ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо асосан хонаҳои деҳоти хурд-хурди кӯҳистон, ки аз сангу лой бе истифода аз сементу дигар масолеҳи сохтмонии устуворкунанда ва қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, қисман ва ё пурра хароб гаштаанд.

Ин деҳоти кӯҳистон, аз ҷумла Руботнол ва Ғарибон дур аз ободӣ қарор дошта, аксари хонаҳои онҳо дар роҳи селгузар ва ё мавзеъҳои фурӯд омадани ярчу тарма ҷойгир шуда, барои зист басо пурхатаранд.

/images/stories/2012/05/16_zaminlarza_16512-4.jpgАз ин хотир худи сокинони ин деҳот хоҳиш доранд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонда шаванд. Дар деҳаи Ғарибони ноҳияи Тавилдара ба истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари даҳҳо нафар сокинони он модари куҳансол Сайрам Мирзоева баромад, ки ба синни мубораки 116 расида будааст.

Ин пири ботадбир ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуою фотиҳаи наку дода, ба ӯ ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон комгорию бурдбориҳо таманно кард.

/images/stories/2012/05/16_zaminlarza_16512-5.jpgБа андешаи Сайрам Мирзоеваи 116-сола, сирри асосии дарозумрии ӯ кору заҳмати фаъол дар миёни ҷамъият, нафърасонӣ ба мардум ва баҳрабардорӣ аз табиати биҳиштосои Тоҷикистони кӯҳистон аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар муҳлати 5 рӯзи оянда ҳаҷми зарари расида ва шумораи оилаҳои бесарпаноҳмондаро дақиқ намуда, рӯйхати оилаҳои ба ноҳияи Қумсангир хоҳиши кӯчидан доштаро тартиб диҳанд.

Таъкид гардид, ки ба ҳамаи оилаҳое, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд, барои сохтмони хонаҳои нав дар мавзеъҳои бехавфи зодгоҳашон ва ё дар ноҳияи Қумсангир замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда мешавад.

/images/stories/2012/05/16_zaminlarza_16512-6.jpgДастур дода шуд, ки маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои барқу об ва ғайра ба нақша гирифта шаванд. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар ҷойи мактаби харобгардидаи деҳаи Руботноли ноҳияи Тавилдара, ки ҳамчунин бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бунёд ёфта будааст, як мактаби нави замонавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида хоҳад шуд.

Сомонаи «Президент»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi