12:13:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДСИТОНИИ КУЛ ҲНИТ-РО БИСТ ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолифи давлатро, 20 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Ба гуфтаи Маҳмадъалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ин тасмимро Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз анҷоми бозрасии фаъъолияти ин ҳизб, ки тӯли се моҳи ахир идома дошт, гирифтааст.

/images/stories/2012/05/22_tajik_islamic_22512.jpgБа гуфтаи вай, дар канори бозрасии додситонӣ маъмурони бахши молиёти шаҳри Душанбе низ фаъъолияти молии ҲНИТ-ро бозрасӣ кардаанд. Дар пайи ин бозрасӣ ошкор шудааст, ки ҲНИТ дар пардохти молиёт "камбудиҳое" дошта ва додситонӣ барои рафъи ин камбудиҳо замони мушаххасе таъйин кардааст. Ин мақоми ҲНИТ хабар дод, ки раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст маблағи ҷаримаро пардозад.

Ҳамзамон додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эълом кардааст, ки то чанд рӯзи дигар муҳокимаи шикояти ҳайъати раисаи ҲНИТ алайҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди бозрасии ғайриқонунии фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ оғоз хоҳад шуд. ҲНИТ дар шикояти додгоҳии худ хостааст, ки Додситонии кул дастури худ дар бораи бозрасии фаъъолияти аҳзоби сиёсиро лағв кунад.

Ба гуфтаи масъулони ҲНИТ, ин тасмими додситонӣ муғойир бо қавонини Тоҷикистон аст. Онҳо иддаъо доранд, ки бозрасии фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ бояд аз сӯйи ниҳодҳои дигар, аз ҷумла вазорати додгустарӣ, анҷом шавад. Зимнан, дар чанд моҳи ахир бозрасии фаъъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.

Масъулони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳизб низ мавриди бозрасии додситонӣ қарор гирифта ва ҳеҷ мушкили ҷиддие дар фаъъолияти онҳо ошкор нашудааст. Вале масъулони Ҳизби кумунисти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳизб низ барои "камбудиҳои на чандон ҷиддӣ" шаш ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи ҲНИТ дар қазияи шикояти ин ҳизб алайҳи Додситонии кул, мегӯяд, ки додситонӣ ба бозрасони худ дастур додааст, ки фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ тибқи як "пурсишномае иборат аз 27 суол" санҷида шавад. Вай афзуд: "Ин ҳама берун аз ваколати додситонӣ аст ва нақзи қавонини кишвар дониста мешавад."

Вуҷуди ин "пурсишномаро" Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар посухи худ ба раҳбарии ҲНИТ низ таъйид карда буд. Ин дар ҳолест, ки масъулони ҲНИТ муътақиданд, ки бозрасии фаъъолияти ин ҳизб дар пайи нашри матлабе зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" дар сойти русии "Звезда.ру" дар авоили моҳи апрел сурат гирифтааст. Дар ин матлаб "асноде" бо муҳри "махфӣ" мунташир шуда буд.

Тибқи ин аснод, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дар авохири моҳи ноябри гузашта ҷаласае бо мақомҳои амниятиву пулис барпо карда ва аз онҳо хостааст, ки фаъъолияти ҲНИТ, "хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ" қарор диҳанд.

Яке аз ин "асноди" мунташира дар сойти "Звезда. ру", наздик ба ниҳодҳои низомии Русия мегӯяд, ки мақомоти зидахл бояд "рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳоро" муъайян ва "тарзу услуби кори таблиғотии ҳизбро" ошкор кунанд ва барои берун кашидани онҳо аз суфуфи ҳизб, "аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандсозӣ", тадобире бияндешанд.

Зимнан, дар посух ба дархости ҲНИТ дар мавриди дурустии ин "аснод", Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин "аснод" тақаллубӣ аст, ҳарчанд таъкид кардааст, ки дар пойизи соли гузашта дар Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласае баргузор шуда, вале муҳтавои он бо "асноди" мунташира тафовут доштааст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi