14:38:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СЕЛ "ТАНГЕМ"-РО БО ЯК МУСОФИР БА КОМИ ХУД БУРД

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, боронҳои се рӯзи охир дар манотиқи кишвар, як кушта бар ҷой гузоштааст.

/images/stories/2012/05/23_sel-23-5-12.jpgОрифҷон Нозимов , сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикисттон дар сӯҳбат ба мо гуфт, шоми 20-уми май бар асари боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, як мошини мусофирбари тамғаи «Тангем»  ҳадафи сел қарор гирифтааст, ки дар натиҷа як нафар мусофирзан дар ҷойи ҳодиса кушта ва се нафар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ҳамчунин резиши борони шадид ва ҷорӣ шудани сел, пули мошингузари деҳаи Ганҷинаи ҳамин ноҳияро комилан хароб кардааст. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 19 май бар асари боришоти шадид дар ҷамоати Пахтакори ноҳияи Шаҳритус 3 манзили сокинон комилан вайрон ва як манзил қисман хароб шудааст.

Ба иттиллои сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, шоми 19 май низ боришоти сахти сел дар ноҳияи Ҷилликӯл боисии зери хоку гил мондани ҳавлии 13 манзили сокинони деҳаи Нури Вахш шудааст. Ӯ мегӯяд, резиши борони шадиду жола дар ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав низ сабаби зери хоку гил мондани ҳавлии 8 манзили сокинон шудааст.

Мақомоти маҳаллии Кумитаи ҳолаҳои изтирории Тоҷикистон дар минтақаҳои офатзада хисороти воридаро таҳқиқ мекунанд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi