19:04:32 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

ГЕНЕРАЛЗОДАИ ТОҶИК ВА ҲАМРОҲОНАШ МАҲКУМ ШУДАНД

Додгоҳ ду ҷавони ҳуқуқшинос ва "прапоршик"-и нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллиро ба зиндон фиристод. Хуршед Раҳимов, Маҳмадулло Маҷидов ва Зиёвуддин Шарифов 12-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби маъмурони амниятӣ барои қочоқи беш аз 100 кило маводи мухаддир дар ноҳияи Қубодиён боздошт шуда буданд.

/images/stories/2012/06/09_sud-2372747342.jpgТоҳир Искандаров, раиси додгоҳи низомии Хатлон, гуфт, Маҳмадулло Маҷидови 26-сола ва Хуршед Раҳимови 32-сола, ки яке фарзанди генерали Вазорати умури дохилӣ ва дигаре фарзанди собиқ корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав мебошанд, барои "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекусорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан" муттаҳам дониста шуда, барои 14 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Додгоҳ ҳамчунин молу мулки ин ду нафарро ба фоидаи давлат мусодира, онҳоро ба "колонияи дорои низомаш сахт" равона кард.

Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, ин ду нафар ҳамроҳи Нурулло Одинаев ном ҷавони дигаре, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дорад, беш аз 100 кило маводи мухаддирро тавассути мошини сабукрав бо рақамҳои тақаллубии "АХ 7777 01 РТ" ва шишасиёҳ аз ноҳияи марзии Қубодиён ба самти маркази кишвар интиқол доданӣ шуда, аз ҷониби мақомоти интизомӣ дастгир гардидаанд.

Гуфта мешавад, Нурулло Одинаев фарзанди генерали мустафъӣ - Ҳикматулло Одинаев, собиқ раиси Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон будааст, ки аз маҳалли содиршавии ҷиноят фирор кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки афроди муттаҳам дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, гуфтанд, ки онҳо зери фишор ва озори ҷисмонӣ аз ҷониби бозрасон баёнот додаанд.

Аммо додраси парванда гуфт, мавриди латукӯб ва шиканҷаи афроди маҳкумшуда дар ҷараёни тафтишоти парванда собит нашудааст. Тоҳир Искандаров, раиси додгоҳи низомии Хатлон, афзуд, "додгоҳ ҷавонии афроди муттаҳам, тавсияномаҳои мусбат ва кӯдакони ноболиғ доштану бори аввал ҷиноят содир кардани онҳоро ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба инобат гирифтааст."

Зафар Маҳмудов, вакили мудофеи ҳуқуқи Маҳмадулло Маҷидов, гуфт, бо ин ҳукми додгоҳи низомии гарнизони Хатлон розӣ набуда, ба зудтарин фурсат алайҳи ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд. Ӯ илова кард, гуноҳи нафари таҳти ҳимояташ дар додгоҳ исботи худро наёфт ва Маҷидов бояд "сафед" карда шавад".

"Додгоҳ аз додситонии кул талаб кард, ки нисбати муфаттишони парвандаи Маҷидов – нафари зерҳимояи ман чора андешад, зеро ӯро аз 12-ум то 19-уми январ дар дасташ завлона баста, дар утоқи кори муфаттиш нигоҳ дошта, танҳо баъд аз 7 рӯз ба СИЗО интиқол додаанд, ки нишонаи поймолкунии ҳуқуқи ӯ мебошад. Магар ин нишонаи фишори рӯҳию ҷинсӣ нест?!",-таъкид кард ӯ.

Зиёвудин Шарифов, ки яке аз қумандонҳои дидбонгоҳи сарҳадии воқеъ дар минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус будааст, тибқи 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "шарикӣ дар ҷиноят", "убури ғайриқонунии сарҳад" ва қочоқи маводи мухаддир айбдор дониста шуд. Додгоҳ ӯро барои 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Шарифов ҳамчунин аз рутбаи ҳарбӣ ва ҳуқуқи 2,5 соли баъд аз раҳоӣ аз зиндон ишғол намудани мақоме дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон маҳрум гардид.

Умед Ниёзов, вакили мудофеи Шарифовро низ ҳукми додгоҳи низомии гарнизони Хатлон норозӣ боқӣ гузошт. Вай гуфт, бо дастрас намудани нусхаи ҳукм, аз рӯи он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi