23:51:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗОРАТИ ДОХИЛА ТИРАНДОЗӢ ДАР ДУШАНБЕРО ТАСДИҚ КАРД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн тирандозӣ дар маҳаллаи Зарафшони Душанберо шарҳ дод. Ҷалолиддин Садриддинов , масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, 11-уми июни соли ҷорӣ ду шахси номаълум ба ду корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ки аз хонаашон дар кӯчаи Амиршоеви пойтахт берун мешуданд, бо силоҳи пневматикӣ ҳуҷум намуда, ҳудуди 100 ҳазор долларро тасарруф намудаанд.

/images/stories/2012/06/12_milisa-toj-12062012.jpgӮ афзуд, дар маҳаллаи Зарафшон онҳо аз яроқи пневматикӣ тир кушода, бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи "Нексия"-и як шаҳрвандро аз худ мекунанд ва ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Худи ҳамон рӯз баъд аз зӯҳр мошини мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт шудааст. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба ин қазия парванда боз шуда ва таҳқиқот идома дорад.

Ин вазорат гуфтааст, онҳое, ки барои пайдо кардани ин афрод кӯмак мекунанд, ҷоизаҳои пулӣ тақдим хоҳад кард. Ҳамла ба кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Тоҷикистон кори нав нест. Дар охири соли гузашта дар Хуҷанд ду сарроф ё кормандони нуқтаи мубодилаи асъор дар назди манзили худ кушта шуданд.

Ба ин монанд ҳодисаҳои куштор ва ҳамла ба кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар низ рух додааст. Моҳи октябри соли 2011-ум дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тайи ду соли ахир дар пайи чунин ҳодисаҳои нохуш кормандони нуқтаи мубодилаи асъор бо муштариёни худ эҳтиёткорона рафтор мекунанд. Агар солҳои пеш онҳо берун аз нуқтаи саррофии худ ҳам пули мардумро иваз мекарданд, ҳоло дигар дар дохили утоқи худ нишаста бо муштариён сӯҳбат мекунанд.

Бештари соҳибназарон мегӯянд, бояд саррофон барои ҳифзи худ ва ҳам маболиғе, ки дар ихтиёр доранд, бо худ муҳофиз бигиранд. Пешниҳоде, ки мақбули саррофон низ будааст, аммо ба далели камии даромад онҳо натавонистаанд, ки бо худ муҳофиз бигиранд.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi