20:06:21 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

НАЗДИКОНИ ҒАФФОР МИРЗОЕВ БА ПРЕЗИДЕНТ: "ӮРО БУБАХШЕД"

Хешовандони Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой) аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори авфи наздики хеш шуданд.

/images/stories/2012/06/18_ghaffor-mirzoev180612.jpgОйиша Мирзоева, хоҳари бузурги собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ ба мо гуфт, ба муносибати авфе, ки эҳтимол ба хотири 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 20-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд сурат гирад, аз раҳбари кишвар илтимос мекунад, ки лоақал як сабукие дар ҳукми бародараш дода шавад.

Вай гуфт, бовар дорад, агар ҷиноятҳои Ғаффор Мирзоевро бо хизматҳояш рӯи тарозуи адолат гузоранд, маълум мешавад, ки бародари ӯ ба халқу миллат бештар аз ҷиноят хизмат кардааст.

Ғаффор Мирзоев 8 сол ба ин сӯ дар зиндон ба сар мебарад. Додгоҳ ӯро бо иттиҳоми кӯшиши табадуллоти давлатӣ, куштор ва ғайра ба ҳукми абад маҳкум кардааст. Ба қавли хонум Мирзоева, дар ҳоли ҳозир 3 нафари дигар аз оилаи онҳо дар зиндон ба сар мебаранд, ба шумули писари худи ӯ - Бобоҷон Шарифов, домодаш - Равшан Лақаев ва бародараш - Абдурасул Мирзоев.

Муроҷиати наздикони Ғаффор Мирзоев дар ҳолест, ки қаблан намояндагони пешини Фронти Халқӣ хостори авфи аъзои зиндонии худ шуда буданд. Фронти Халқии Тоҷикистон як созмони сиёсиву низомӣ дар замони ҷанги дохилӣ буд, ки алайҳи Ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ташкил шуда ва баъд аз Иҷлосияи 16-уми Хуҷанд, ки намояндаи худро сари кор овард, дар моҳи феврали соли 1993-юм аз тарафи роҳбари он Сангак Сафаров пароканда эълон гардид.

Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамин Фронти Халқӣ ташкил ёфтааст. Ахиран бархе намояндагони ин созмон эълон доштанд, ки дар талоши "эҳё"-и Фронти Халқиянд, аммо бидуни силоҳ.

Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳиш кард, то ба муносибати 15-солагии таҷлил аз Иди Ваҳдат размандагони собиқи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ)-ро афв кунад.

Масъулони ҲНИТ гуфтанд, ки ин нома бо замимаи ному насаби 161 нафар аз размандагон ва аъзои собиқи оппозитсиюн ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Баъд аз он бархе аз размандагони собиқи ИНОТ изҳори норизоӣ карданд, ки номи онҳо дар ин феҳристи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҷо нагирифтааст.

«Озодӣ»

 



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 18.06.2012 21:42
бале хамааш аз он сар шуд ки мухиддин кабири изхори авф кард. ва акнун хама ба по хест. агар хукумат хохад ки руихати кабириро озод намояд бояд гаффор седойро хам авф намояд вагарна боз сару садохои зиёд ба по мехезад. аслан ман ба ин хукумат хайрон харсол авф авф.бозича шуда мондааст. шарт нест ки ид гуфта авф кунем. дар авфи охирон ки махбусони зиёд озод гардиданд чи фоида дидем? нисф зиёдашон боз ба корхои ношоям панча заданд. бояд ибрат гирифт тачриба омухт
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi